Гадобек Маҳмудов: Ҳадаф муколама дар бораи вазъи имрӯзаи адабиёти бачагона дар ду кишвар буд
Чанде пеш дар толори Китобхонаи адабиёти хориҷии Русия бо дастгирии Вазорати маорифи ин кишвар ҳамоише зери унвони “Меҳмонхонаи адабӣ: адабиёти муосир барои бачаҳо ва наврасон” баргузор гардид. Ин мулоқот дар шакли пули телевизионӣ ё ба истилоҳ телемост бо Китобхонаи миллии Тоҷикисон доир шуд ва дар он масъулони Китобхонаи миллӣ, адибони бачагона, донишҷӯён толиб илмон ва дигар масъулон иштирок намуданд. Барои суҳбат атрофи ҷузъиёти ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ бо муовини директори Китобхонаи милллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.
– Нахуст мегуфтед, ки мақсади баргузории ҳамоиш дар чӣ буд?
– Ташаккур. Бояд бигуям, ки Китобхонаи давлатии умумиросиягии адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино лоиҳаеро роҳандозӣ кард, ки вазъи адабиёти кӯдакону наврасон дар Русияи муосирро барраси мекард ва тибқи лоиҳа китобхонаҳои давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатаҳои Мустақил дар он иштирок меварзанд. Китобхонаи миллии Тоҷиукистон нахустин шуда дар он тавассути пули телевизионӣ иштирок намуд. Ҳадафи чорабинии мазкур маълумот дар бораи вазъи имрӯзаи адабиёти бачагона буд. Дар чорабинӣ вазъу ҳолати таҳия ва нашри китобҳои бачагона дар кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд ва таъкид гардид, ки он адабиётҳое, ки бо забони миллии кишварҳои узв нашр мешаванд, ҳатман ба забони русӣ баргардон шаванд, то хонандагони хурдсоли кишварҳои дигар аз он баҳра бардоранд. Дар ҳамоиш на таҳо ба вазъи нашри китоби кӯдакону наврасон таваҷҷуҳ карда шуд, балки роҳҳои таблиғу ташфиқ ва омавигардонии адабиёти бачагона дар сартосари ҷаҳон низ таъкид гардид.
– Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо иштирок намуданд ва кадом масъалаҳорро ба барраси гузоштанд?
Г. Маҳмудов: Дар ҳамоиш аз дар баробари иштироки адибони муосири Федератсия Русия аз ҷониби Тоҷикистон нависандагони бачагона Азизи Азиз, Латофат Кенҷаева, Маҷиди Салим, Зарифи Ғулом, устодону шогирдони факултети русии Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар кишвари мо, хонандагони литсейи Раҳнамо, мактаб – интернати Президентӣ ширкат варзиданд. Чорабинӣ дар сатҳи хуб баргузор гардид, аз тарафи адибони тоҷик вазъу мушкили нашри адабиёти бачагона ва дигар масъалаҳои мубрами ҳалталаби ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва оид ба роҳҳои беҳтар намудани нашри адабиёти бачагона, сифату шумора ва теъдоди нашр таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт.
Умуман баргузории ҳамоиши мазкур, ки дар он маъсулони кишвари мо иштирок доштанд, ба мо чи дода метавонад?
– Баргузории чунин чорабиниҳо барои аз таҷрибаи бойи якдигар дар самти таҳия ва нашри адабиёти бачагона ва ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба китобу китобхона аз аҳамият холӣ нест. Нафароне, ки дар он ширкат варзианд, аз вазъи нашри китоби бачагона, аз нақшаву мақсади адибони Федератсия Русия дар таҳияи китоб огоҳ гардиданд. Дар маҳфили мазкур роҷеъ ба тарзу усули истифодаи адабиёти бадеӣ дар дарсҳои омӯзгорон аз фанҳои забони русӣ ва адабиёти рус пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.
– Чун мавзӯи меҳварии ҳамоиш “адабиёти муосир барои бачаҳо ва наврасон” буд, Шумо ба вазъи нашри китоби кӯдакону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед?
– Ҳукумати мамлакат ҷиҳати соҳибмаърифатии наврасону ҷавонон махсусан ба нашри адабиёти бачагона таваҷҷуҳ хоса зоҳир мекунад. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ кушодани нашриётҳои хусусигардонидашуда, ки ба адабиёти бачагона сару кор доранд, фаъолияти соҳаро ба маротиб беҳтар намудаанд. Дар ду – се соли охир нашри адабиёти бачагона аз лиҳози ороиши полиграфӣ, сифат ва мӯҳтаво ба маротиб беҳтар гардидааст. Дар ин росто мушукилиҳо низ ҷой доранд. Хуб мешуд Иттифоқи нависандагон ҷиҳати ҳавасмандии адабиони ҷавон дар ин роҳ озмуну ҳавасмандиҳоеро роҳандозӣ кунад. Хеле хуб мешуд, ки адабиёти илми оммавӣ ва тарҷумавӣ барои кӯдакону наврасон фаъолона ба роҳ монда шавад, то наврасони мо низ аз адабиёти дигар кишварҳо огоҳӣ пайдо мекарданд.
– Китобхонаи миллӣ, ки аз дастовардҳои замони соҳибистиқлоли маҳсуб меёбад, кадом шароитҳо барои хонандагони хурдсол фароҳам шудааст?
– Дар Китобхонаи миллӣ барои хонандагони хурдсол як шуъбаи махсусе бо номи шуъбаи кӯдакон ва нарасон фаъолият мекунад, ки ҳадафи он ҷалби хонандагони хурдсол ба китобу китобхонӣ мебошад. Ҷиҳати бедор кардани завқи мутолиа дар шуъбаи мазкур маҳфилу чорабиниҳои ҷолиби омӯзишию фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки ширкаткунандагони онҳо худи ханандагони толори хонаи ҳамин шуъба мебошанд.
Гузашта аз ин шуъба дар омода кардани хонандагони хурдсоле, ки барои иштирок дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ширкат меварзанд, саҳм мегиранд ва бо онҳо дар ин росто ҷиддан ҳамкорӣ мекунанд.
Мусоҳиб Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ.