Гаҳвораи тамаддун: Иқдоми нави Китобхонаи миллӣ дар пайравӣ аз Паёми Президент
Дар марҳалаи нави давлатдории миллӣ, ки ҳифзи мероси таърихӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати Ҳукумати мамлакат табдил ёфтааст, Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи дастури библиографии наверо бо номи «Тамаддуни ориёӣ: феҳристи адабиёт» оғоз намуд. Тарҳи мазкур заминагузори бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» дар кишвар хоҳад буд.
Ин иқдоми наҷиб дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ (аз ҷумла солҳои 2003, 2006 ва 2025) инъикос ёфтаанд, роҳандозӣ гардид. Аз муҳтавои дастурҳои Сарвари давлат бармеояд, ки шинохти амиқи решаҳои тамаддуни ориёӣ ва тарғиби арзишҳои меҳварии он, бахусус консепсияи ахлоқии «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек», яке аз заминаҳои устувори худшиносии миллӣ ва кафили ваҳдати сартосарӣ маҳсуб мешавад.
Дастури «Тамаддуни ориёӣ: фeҳристи адабиёт» на танҳо маҷмуи номи китобҳо, балки як «лабораторияи зеҳнӣ» ва харитаи мукаммали илмӣ мебошад. Ҳадафи асосии он низомбахшии ҳазорҳо сарчашмаҳои хаттию чопӣ ба забонҳои тоҷикию форсӣ, русӣ ва ғайра мебошад, ки дар тули садсолаҳо дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон иншо шудаанд.
Муаррихон ва мутахассисони Маркази «Тоҷикшиносӣ» қайд менамоянд, ки ин дастур се вазифаи муҳимро иҷро хоҳад кард:
- Осон намудани таҳқиқот: Олимон ва ҷавонони пажӯҳишгар метавонанд дар кутоҳтарин фурсати мумкин ба манобеи дилхоҳ дастрасӣ пайдо кунанд.
- Мубориза бо таҳриф: Таҳияи феҳристи асил имкон медиҳад, ки навиштаҳои ғайриилмӣ ва сохтакориҳои таърихӣ ошкор ва бартараф гарданд.
- Рақамикунонӣ: Дар оянда ин феҳрист ба як махзани электронии бузург табдил ёфта, дастрасии ҷомеаи ҷаҳониро ба мероси тоҷикон таъмин месозад.
«Бе мавҷудияти феҳристи мукаммали адабиёт, бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ғайриимкон аст. Ин дастур ҳамчун таҳкурсии иттилоотӣ хидмат карда, Тоҷикистонро чун вориси аслии тамаддуни бостонӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд», – иброз дошт муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ», номзади илмҳои педагогӣ Муҳаммад Сафаров.
Интизор меравад, ки нашри ин дастур дар ҷомеаи илмии кишвар ва берун аз он ҳамовозии густурда пайдо карда, саҳифаи наверо дар омӯзиши таърихи куҳанбунёди тоҷикон боз хоҳад намуд.
Маҳмадвалӣ Зиёев, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»