Ғаюр Соҳибназарзода: Назарияи иқтисодӣ макроиқтисод
Имрӯзҳо дарки ҷараёнҳои иқтисодӣ на танҳо барои соҳибкорону бонкдорон, балки барои ходимони давлатӣ, омӯзгорону кормандони соҳаҳои илм, бинокорон, донишҷӯён ва ҳатто хонашинону нафақагирон муҳим мебошад. Зеро иқтисоди кишвар дар асоси низоми бозорӣ пеш меравад ва дар ин низом ташкили дурусти фаъолияти хоҷагиву сохтани шароити арзанда аз ҳар як нафар донишҳои муайянро дар мавриди истифодаи самарноки захираҳои молиявӣ, меҳнатию иттилоотӣ ва моддию табий талаб менамояд.
Китоби дарсии мазкур масъалаҳои мубрами назарияи иқтисодии муосирро дар бар гирифтааст. Дар ин китоб нишондиҳандахои макроиқтисодӣ, пасандоз, маблағгузорӣ, рушди иқтисодӣ, бекорӣ, таваррум, ҳубобҳои молиявӣ, низоми пулию қарзӣ, даромадҳои аҳолӣ ва ғайра бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ шарҳ дода шудааст.
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, кормандони илм ва мутахассисони самтҳои гуногуни иқтисодӣ тавсия шудааст.
Хонандагон имкон доранд китоби Ғаюр Соҳибназарзода “Назарияи иқтисод ва макроиқтисод”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихоннад.
Суманоро Алабердиева,
сармутахассиси шуъбаи адабиёти
табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.