Ганҷи бепоён
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанг, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад, Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тассавур намуд. Ба таъбири халк: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст».
Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.
Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, маҳзани умеду орзуҳо, раҳнамо ба олами донишҳост. Китоб хубтарин ва нодиртарин мӯъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст».
Оре, китоб шамъи дили инсон аст. Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, хеч вақт дар торикиву ҷаҳолати танги зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ мегардонад.
Бо гӯшу забон чӣ хуш бувад фаҳми китоб,
З-ин хомӯшӣ, гӯё, ки китоб асту китоб.
Ҳамасола, Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон сухан ронда, таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст.
Оре, Пешвои миллатамон сухани ҳақро гуфтаанд. Агар имрӯз ҷавонон ба китобхонӣ рӯ наоранд, барои ҳунаромӯзӣ накӯшанд, наметавонанд дар оянда миллати тоҷикро давом диҳанд, чунки ҷавонон ояндаи миллатанд. Бояд гуфт, ки Пешвои Миллат барои наврасону ҷавонон муассисаҳои зиёде бунёд намуданд. Яке аз онҳо Китобхонаи миллӣ мебошад, ки соли 2012 ба фаъолият оғоз кардааст. Ҳамарӯза ҷавонону наврасон ба ин муассиса рафта ба хондани китоб машғуд мешаванд.
Бо пешрафти технологияи иттилоотӣ ва таъмини ниёзи ҷомеа бо иттилоот дар шакли суръати баланд дар Китобхонаи милли Тоҷикистон китобхонаи электрони ташкил карда шуд. Бунёди Китобхонаи электронӣ дараҷаи нави истеҳсол, ҳифз, ташкил ва вусъатёбии иттилооти гуногунро таъмин месозад. Имрўз технологияи Китобхонаи электронӣ барои идораи маълумоти ҳаҷман калон ва коркарди он имкони васеъ фароҳам меорад. Он ба яке аз соҳаҳои муқтадир ва муҳимми индустрияи иттилоотӣ бадал гардидааст, ки бо технологияи нави компютерӣ, омили иттилои ғайрианъанавӣ, технологияи босамари автоматӣ таҷҳизонида шудааст.
Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон тавассути домени www.nlt.tj, elib.nlt.tj мавриди дастрасӣ ва истифодаи хонандагони беруна қарор дорад. Бояд шукрона кард, ки мо ҷавонон дар айёми сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ дорем. Аз тамоми шароитҳои муносиб, ки бароямон мухайё намудаанд, хаматарафа истифода бурда, барои илму маърифати замони хеш саҳмгузор бошем.
Ҳурмати илму устоду китоб,
Лозими ин раҳ аст, аз хама боб
Пас, китоб сармояи ақлу хирад сарвати бебахо кони ганҷи бепоёни маърифат ва маҷмӯи ахлоқи накӯст, ки инсонро ба роҳи ростиву росткорӣ хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад.
Таҳияи Зайнура Неъматова, мутахассиси пешбари Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ.