Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Ақиқ
Ақиқ (сердолик)-санги гаронбаҳо, як намуди минерали халседон – навъи микрокристаллй ва нимшаффофи квартс (SiO2) аст. Вай зард, сурх, норинҷй, маҳтобй, бӯр, сабз, кабудча, қаҳваранг мешавад. Рангҳои он асосан бо дохилаҳои оксидҳои оҳан вобаста аст.
Ақиқ аз замонҳои қадим санги дӯстдоштаи на он қадар гаронбаҳои мардуми шарқ мебошад. Шоирони мо лаби сурхи маъшуқаро ба ақиқ ташбеҳ додаанд.
Ба ханда ақиқи яман мим кард,
Чу тунги шакар мим дуним кард.
Фирдавсй.
Ақиқ аз тораки луълӯ барангехт,
Гуҳар месуфту марворид мерехт.
Низомй
Аз лаб ба сухан шакар мерехт,
Луълӯ зи ақиқи тар ҳамерехт.
Ҷомй
Олими Руми Бостон Плинийи Калонй (асри I милод) гуфтааст: “Ҳеҷ санге, мисли ақиқ, дар замонҳои қадим зиёд истеъмолшаванда набуд”. Дар бораи зебой ва сеҳрнокии ақиқ ривоятҳои зиёде ҳаст. Ақиқ кайфияти шахсро беҳтар, зеҳнашро тез мекунад, касро ҷасур ва суханвар мегардонад, ӯро аз касалиҳо эмин нигоҳ медорад. Ақиқи сурхи рухсорамонанд ба занон оромй бахшида, ғамро дур мекунад ва ба фарзандонаш бахту саодат мебахшад. Мувофиқи баъзе ривоятҳо ақиқ касро аз офати зилзила муҳофизат мекунад. Ҳеҷ шахсеро, ки ақиқ дошта бошад, дар зери харобаҳои зилзила наёфтаанд.
Яке аз сабаҳои меҳру муҳаббати мардум ба ақиқ он аст, ки вай бо рангҳои зарду сурху норинҷи худ ба офтоб монандй дорад.
Ҳанӯз мисриёни қадим ақиқро санге ҳисоб мекарданд, ки дар он ғуруби офтоб нақш ёфтааст.
Аз ин санги офтобмонанд муҷассамаи гамбускҳои муқаддас, тӯмор, тасбеҳ, шаддаи шаба, ангуштарин тайёр мекарданд. Бостоншиносон дар мақбараҳои Миср, Арабистон, Эрон, Қафқоз, Осиёи Маёна ва аз ҷумла Тоҷикистон, лавозимоти ороиши бисёре, ки аз ақиқ сохтаанд, дарёфт кардаанд.
Аз замонҳои қадим ақиқҳои мардона ва занонаро фарқ мекарданд. Ақиқҳои бештар сурхи ба хун монандро мардона ҳисоб мекунанд ва бо яроқ (милтиқ, шоф, найза),қадаҳ, сандуқча ва афзоли аспро хотамкорй мекунанд. Аз ақиқи гулобиранги ба шафтолуи пухта монанди занона лавозимоти ороиш-ҳалқа, дастпона, шадда ва ғайра месозанд. Ақиқ ва навъҳои он карнеол (ақиқи сурх, ба лотинй карниус-гӯшт) ва сардер (ақиқи бӯру зард)-ро ҷавоҳиршиносон барои касоне, ки дар бурҷи дугонаҳо (21 май – 21 июн) таваллуд шудаанд, тавсия мекунанд.
Ақиқҳои беҳтарини тобиши сурхдошта дар нимҷазираи Арабистон ва Ҳиндустон маълум аст. Бо ақидаи Абурайҳони Берунй дар ҳеҷ ҷой мисли ақиқҳои яманй ва ҳиндустонй нест. Аз сабаби он ки ин ақиқро Румиҳо (Византиягиҳо) дӯст медоранд, онро ақиқи румй ҳам меноманд.
Ҷавоҳиршиносони Араб ва Ҳинд барои боло бардоштани ранги ақиқ ва додани тобиши сурх онро дар зери офтоб болои реги гарму ҷӯшон бардавом медоранд.
Ба фикри баъзе мутахассисони муосир ақиқ бешубҳа хислатҳои табобатй дорад. Бо таҳлили химиявй дар таркиби ақиқ элементҳои радиоактивй –радий, торий ва ғайра муайян карда шуд. Маълум аст, ки ин элементҳо дар таркиби обҳои маъданй ва лойқаҳои шифобахш ҳам мавҷуданд. Дар зери таъсири шуоъзании ақиқ дар организми одам ҷараёнҳои биохимиявй ривоҷ ёфта, мубодилаи моддаҳо тезонида меша. Дар натиҷа организми одам қувваҳои дохилии худро барои муолиҷаи касалиҳо сафарбармекунад. Дар Фаронса салонҳое ҳастанд, ки бо ақиқ касалиҳои гуногун, хусусан асабро, муолиҷа мекунанд.
Намунаҳои алоҳидаи ақиқ дар дохили ҷинсҳои вулқонии Қаромазор, кӯҳистони Зарафшону Ҳисор ва Помир ёфт шудаанд.
Одатан ақиқ дар масом ва ковокиҳои базалтҳо – ҷинсҳои вулқонии камсилитсийдор, ки дар зери оби баҳру кӯлҳо хунук ва шах мешаванд, ба вуҷуд меояд. Дар масом ва ковокиҳои базалт аз маҳлулҳои атоламонанди зерибаҳрй тадриҷан зарраҳои силитсий таҳшин шуда, сангҳои бодомшаклро (халтседонро) ҳосил мекунад. Вақте, ки базалтҳо дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникй боло бардошта шуда, ба рӯи замин мебароянд, дар зери таъсири офтоб, об, ҳаво вайрон шуда сангпораҳоро ба вуҷуд меоваранд. Сангҳои бодомшакли силитсии (халтседони) дохилаҳои закиси оҳан дошта ба оксиди он табдил шуда, ақиқҳои зарду сурхи хушрангро ба вуҷуд меоранд.
Солҳои наздик ақиқи Тоҷикистон дар қатори сангҳои қиматбаҳои ҷумҳурй мавқеи алоҳидаро ишғол хоҳад кард.
Манбаъ: Р. Баротов: “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе “Маориф”, 1996.
Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд ва дар бораи даҳҳо минералҳо дар конҳои кишвар маълумот ҳосил кунанд.
Иғболова Нилуфар
Мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ