Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. ГАВҲАР

Гавҳар сангиГавҳар санги қиматбаҳо мебошад. Он моддаи оҳакии лӯндашакл-минерали арагонит (Ca Co3) аст, ки дар ҷавфи садаф (баъзе намуди нармбаданҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғайра ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонида гавҳар ба вуҷуд меояд. Ранги гавҳар ҷилодори сафед, гулобӣ, зардча, баъзан сиёҳ  мешавад. Сахтии он 3,5-4. Гавҳарро корд бо осонӣ метарошад.

Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то тухми кабӯтар шуда метавонад. Гавҳари калони лӯнда ва дурустқолаб  хеле қиматбаҳоест. Одатан андозаи гавҳар аз нахӯд калонтар мешавад. Гавҳарҳои  андозааш хурдро марворид, сурхчатоби нисбатан калонашро дурр меноманд.

Дар адабиёти бадеӣ гавҳар сифатҳои гуногун дорад. Гавҳари  ноб (гавҳари тозаю мусаффо), гавҳари шабфурӯз ё шабчароғ (гавҳаре, ки дар шаб метобад) ва ғайра.

Мувофиқи баъзе ақидаҳо  гавҳар бо мурури замон  ҷилояшро гум карда хира мешавад ва аз сабаби хушк шудани моддаи органикии конхиолин (шилим) торс мекафад. Аммо бостоншиносон гавҳарҳоеро дарёфт кардаанд, ки дар муддати 300-400 сол зебоии  худро гум накардаанд.

Барои он ки гавҳар хароб нашавад, онро бо худ гирифта гаштан лозим аст. Гавҳарро на бояд дар ҷои рутубатнок, хушк ва дар зери шуоъи офтоб нигоҳ дошт. Агар гавҳар хира шавад, онро бо оби собун шуста бо сабӯси ҷавҳари намак таршуда суфта кардан лозим аст.

Гавҳарро аз баҳри Сурх ва холиҷи Форс, соҳилҳои баҳрҳои Шри-Ланка, Австралия, Ҷопон ва Венесуэла ба даст меоранд. Дар замонҳои қадим аз дарёҳои  Русия, Шотландия, Олмон, Чин ва мамлакатҳои Амрикои  Шимолӣ низ гавҳар мегирифтанд.

Гавҳар дар Осиёи Миёна, Ҳиндустон ва мамлакатҳои дигари  Шарқ аз қадимулайём (якчанд аср пеш  аз милод) маълум буд. Гавҳарро дар маснуоти заргарӣ (шадда,ҳалқа,ангуштарин, қуббаи сари сина ва ғайра) васеъ истифода мекунанд. Дар тибби қадим гавҳарро барои муолиҷаи баъзе касалиҳо дар таркиби доруҳои гуногун, аз ҷумла доруи чашм (сурмаи сулаймонӣ ),низ ба кор  мебурданд.

Гавҳар рамзи дарозумрӣ ва равнақ аст. Гавҳари сиёҳро ҷавоҳиршиносон барои касоне, ки дар моҳи феврал таваллуд шудаанд, тавсия  мекунанд. Агар  ашхосе дар  хоб  гавҳар  ё  марворид  дид, ба талаби худ мерасад.

Ба ақидаи  мунаҷҷимҳо (астрологҳо) гавҳар намояндаи моҳ мебошад. Миҷози он хунук аст. Гавҳар рӯшноии наринҷӣ медиҳад,ки онро барои муолиҷаи касалиҳои аз зиёдии гармӣ ва камии намӣ пойдошуда, истифода бурдан мумкин аст. Гавҳар фаъолияти дил ва системои хуни одамро идора мекунад. Он ба кори мағзи сар низ таъсири мусбат мебахшад. Мувофиҷи нархи соли 1984 гавҳарои диаметрашон 3 мм  аз 45 то то 70 доллар, диаметрашон 8 мм то 4 ҳазор долар ба фурӯш мерафт.

Бинобар афзудани талабот ба гавҳар дар асри XX-ба таври сунъӣ ҳосил  кардани он (махсусан дар Ҷопон) авҷ гирифт. Ба ин мақсад ба ҷавфи нармбаданҳои баҳрӣ саққочаҳои садаф  мегузоранд, ки аз онҳо дар муддати муайян гавҳар ҳасил мешавад.

Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.

Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нилуфар Иғболова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.