Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Кони ангишти Миёнаду
Кони ангишти Миёнаду дар 40 км дуртар аз маркази ноҳияи Сангвор (деҳаи Тавилдара) ва 4,5 км дуртар аз деҳаи Миёнаду ҷойгир шудааст. Дар нишебии шимолу ғарбии силсилакӯҳи Дарвоз, дар ҳавзаи дарёи Оби Хингоб, дар баландии 2400-2500 м аз сатҳи баҳр.
Тибқи маълумоти олими шӯравӣ В. С. Лучников, кон аз ду қитъа: таҳнишастҳои давраи триас ва юра иборат мебошад. Қабатҳои асосии саноатии ангишти кони мазкур ба давраи триаси поинӣ мансубанд. Аз рӯи сохти қабатҳо ангиштсангҳои давраи триас бо гуногуншаклии худ (ҷилодор, рахдор) аз ангиштсанги давраи юра комилан фарқ мекунанд. Аз 12 қабати ангишт танҳо қабати мураккаби дуввум таҳқиқ карда шудааст.
Ангишти мавзеи Ёхнакдара ба қабатҳои юраи поинӣ тааллуқ дошта, ғафсии қабатҳои ангишт дар он аз 0,55 то 1,20 метр мебошад.
Ангишти кон ба навъи “”Ж” ва гурӯҳи “ГЖ” мансуб аст. Хокистарнокиаш 21,9-29,2%, намнокӣ 22,9%, қобилияти нисбии гармидиқӣ 4975-6173 ккал мебошад. Аз рӯи нишондодҳои Р1 ва Р2, ҳаҷми он 213 млн тонна муайян шудааст. Захираҳои дурнамои ангишт дар мавзеъҳои Миёнаду ва Ёхнакдара 645 млн тонро ташкил медиҳанд. Кони ангишти Миёнаду дар ҳавзаи ангиштсанги Помиру Дарвоз бузургтарин кон ба ҳисоб меравад.
Солҳои 1991-1992 дар ихтиёри корхонаи истихроҷи ангишти ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ буда, корҳои истихроҷии таҷрибӣ амалӣ мешуданд.
Соли 1955 тибқи иҷозатномаи “Тоҷикглавгеология” корхонаи “Алянс” ба истихроҷи ангишт оғоз кард. Аз соли 2001 ангишти ин кон аз ҷониби ширкати хусусии ҶСП “Вуромун” бо усули рӯизаминӣ истихроҷ мешавад.
Кони ангишти Миёнаду яке аз конҳои бузурги минтақа буда, ангишти он асосан барои эҳтиёҷи аҳолӣ, корхонаҳои буҷетии ноҳия, марказҳои гармидиҳии аловии ВМКБ истифода мешавад.
Бознашр аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик” . Душанбе. – 2022. – Ҷ. 10. – С. 485.
Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.