Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Кони ангишти Назарайлоқ

Кони ангишти НазарайлоқКони ангишти Назарайлоқ кони ангишти антраситдор дар ҳудуди ноҳияи Рашт аст. Қабатҳои ангишт дар хамии байни деҳаҳои Назарайлоқ ва Кафтархона воқеанд. Кафтархона ва Назарайлоқро дар Шикорхона ба ду минтақаи баробар – минтақаи ғарбӣ («Кафтархона») ва шарқӣ («Шикорхона») ҷудо мекунад.

Бори нахуст соли 1926 геологи шўравӣ А.П. Марковский таҳнишастаҳои ангиштдори давраи юраро дар ин мавзеъ мушоҳида карда буд. Минбаъд буриши мезозойро омўхта, қабатҳои ангиштдорро аз якдигар ҷудо намуданд.

Соли 1932 таҳқиқгарон  сатҳи майдони ангишти зоҳиршударо дар миқёси 5 м2 муайян карданд. Солҳои  1935 – 1939 дар ин мавзеъ олимони рус И. Е. Губина ва А. П. Недзвеский таҳқиқоти геологӣ карда, сохти қабатҳои ангиштро комилан тасвир ва ҷойгиршавии конро дар байни деҳаҳои Назарайлоқ ва Шикорхона муайян намуданд. Гурўҳи коршиносони Саридораи «Тоҷикгеология» корҳои иктишофии геологиро дар майдони Кафтархона ва Назарайлоқ давом дода (1939), сатҳи онро аз нав ба миқёси 1:10000 ба нақша гирифтанд. Пас аз омўзиши сифати ангишт геологҳо онро ба категорияҳои А+В+С1+С2 ҷудо карда, захираи конро 67 млн тонна муқаррар намуданд.

Солҳои 1973-1974 бо роҳбарии А. Л. Вагонов корҳои кофтуковии Кафтархона ва Назарайлоқ дар ҳудуди 12,5-15км давом ёфта, ташхиси намунаҳои ангишт васеътар сурат гирифт. Натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ нишон дод, ки ангишти кони мазкур баландсифат буда, ба категорияи нимантрасит мансуб аст. Дар ин ҳисобот захираи кон 296,3 млн тонна муайн карда шуд.

96%-и ангишти Кафтархона ва Назарайлоқ аз карбон иборат аст. Рангаш сиёҳи дурахшон, баъзан сиёҳи хокистарӣ ё зардтоб. Барои омода намудани электродҳо дар саноати маъдан ва кимиё, истеҳсоли карбиди калсий, хиштҳои ба оташ тобовар, дар коркарди филиззот ҳамчун маводди сўхти аълосифат хеле мувофиқ аст.

Кафтархона ва Назарайлоқ ба ду сохт антиклинали Кафтархона ва синклинали Шикорхона ҷудо шудааст. Аз ҷиҳати хусусиятҳои таркибӣ ва сохт қабати Кафтархона дар навбати худ ба се қисм поин, миёна ва боло ҷудо мешавад. Қабати Кафтархонаи поин аз ғўласангҳо, гилҳои аргиллитшуда ва регсангҳо (ангиштсангҳо дар намуди қабатҳои майда вомехўранд), қабати миёна аз регсангҳо, алевролитҳо, гилҳои аргиллитшуда ва ангиштсанги дорои аҳаммияти саноатӣ ва қабати боло аз ҷинсҳои таҳшинӣ иборат буда, ангиштсанг надорад.

Дар атрофи кон ҷинсҳои интрузивии давраи карбон, ки дар таркибашон гранит, гранодиорит ва рагҳои дайкамонанд доранд, ҷой гирифтаанд. Хокистарнокии ангишти Кафтархона ва Назарайлоқ 0,9 – 44,20/0, намнокӣ аз 1,60/0 то 7,60/0 гармидиҳии он 8045 ккал мебошад. Тавассути агрегат (дастгоҳи махсус)-и ба навъҳо ҷудо кардани ангишт хокистарнокӣ, ҷинсҳои кўҳии таркиби он, намнокӣ ва дараҷаи сўхтани ангишт ташхис карда шуда, ба ҳар навъи он иҷозатномаи (ҳуҷҷат) дода мешавад.

Дар таркиби ангишти Кафтархона ва Назарайлоқ аз 88,2 то 96,2% карбон, аз 0,84 то 3,72% ҳидроген, аз 0,56 то 1,95% нитроген, аз 0,95 то 7,42% оксиген мавҷуд аст.

Ин ангишт аз ҷиҳати талаботи технологӣ ашёи баландсифат буда, дар соҳаи маъдангудозӣ истифода мешавад. Ҳарорати сўзиши он баланд буда, аз 1 то 95% месўзад 5% хокистар мешавад. Дар оянда васеъ гардидани иқтидори кон ба навсозӣ ва амалӣ намудани корҳои геологӣ-иктишофӣ вобаста аст.

Ангишти Кафтархона ва Назарайлоқ асосан чун маводди сўхт барои эҳтиёҷи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ (аз ҷумла, КВД «Талко»), марказҳои гармидиҳии аловӣ истифода мешавад. Ҳоло ангишти он аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ (аз ҷумла, Корхонаи фаръии «Кони ангишти Назарайлоқ» ва ҶДММ «Камароб») бо усули рўизаминӣ истихроҷ мешавад.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 485.

Муаллиф: Ш.Бобоев

Таҳияи Аниса Набиева,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.