Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Кварс ва булӯри кӯҳӣ

КварсЯк гурӯҳ сангҳои қиматбаҳо ва резакорӣ, ки таркиби химиявиашон дуоксиди силисий (SiO2)–кварс мебошанд, ба навъҳои кристаллӣ–булӯри  кӯҳӣ, аметист, кварсҳои рангоранг ва пинҳонкристаллӣ – халседон, ақиқ (сердолик), агат ва чақмақсанг ҷудо мешаванд. Ғайр аз он дар маснуоти ҷавоҳирӣ ҷинсҳои кӯҳӣ-яшм ва кварситҳо, ки асосан аз кварс иборатанд, корбаст карда  мешаванд.

Кварс аз қабили минералҳоест, ки дар қишри Замин бештар мавҷуд буда, ба таркиби қариб ҳамаи ҷинсҳои кӯҳӣ дохил мешавад. Кварс дар ҷинсҳои магмавӣ дар шакли булӯрҳои гуногунҳаҷм вомехӯрад. Агар магма дар рӯи замин хунук шуда бошад, оксиди силитсий чун шиша сахт мешавад. Маҳлулҳои силисийдори аз магма ҷудошуда дар тарқиши замин сахт шуда, рагҳои кварсро ҳосил мекунанд. Дар натиҷаи форсоиши ҷинсҳои кӯҳии кварсдор регҳои кварсӣ пайдо мешаванд. Бо мурури замон ин регҳо сахт шуда, ниҳоят ба кварситҳо табдил меёбанд. Дуоксиди силисий дар кӯлу баҳрҳо ҳам такшон мешавад.

Устухони баъзе ҳайвоноти баҳрӣ (радиолярий, обсабзҳои диатомӣ) аз оксидҳои силисий иборатанд.

Кварс минерали сахт (сахтиаш 7) аст. Онро ҳатто бо корди пӯлодии ҳам харошидан мумкин нест. Аз сабаби сахт буданаш дар вақти вайрон шудани  ҷинсҳои кӯҳии булӯр, ки вай қисми таркибии онҳо мебошад, ба шакли ғурӯша мемонад. Вазни хосаш 2,6. Кварс минерали мӯрт аст. Дар шакли булӯрӣ, ё аморфӣ вомехӯрад. Ҷилояш шишагин. Ранги кварс гуногун: сафед, дудранг, зардча, гулобӣ, бунафш ва сиёҳ, вале аксар вақт беранг мешавад.

Кварс минерали хеле аҷоиб аст. Мо дар кӯҳҳо ғурӯшаи шишамонанди онро зери пой карда, қадр намекунем, вале булӯрҳои алоҳидаи шаффофу рангоранги онро дар осорхонаҳо дида, дар ҳайрат мемонем. Инсон аз анвои санг барои нахуст бо кварс сарукор дошт ва маҳз ба туфайли он бори нахуст оташ афрӯхт. Албатта, пай бурда бошед даркор, ки чақмоқсанг низ як навъи кварс мебошад.

Кварс мояи шиша аст. Дар таркиби шиша аз 60 то 80 фоиз дуоксиди силисий, яъне кварс мавҷуд аст. Ҳоло аз кварс шишаҳои аълосифат тайёр  мекунанд, ки  он ҳам  ба гармӣ  ва ҳам ба хунукӣ як хел тобовар аст. Чинӣ ҳам дар таркибаш кварс дорад. Аз чинӣ на танҳо зарф, балки маснуоти  гуногуни радиотехника ҳам месозанд. Дар металлургия бе хиштҳои  оташбардори кварсӣ маъданро наметавон гудохт. Аз кварс барои асбобҳои оптикӣ линзаҳо месозанд. Лампаҳои кварсӣ дар электротехника аҳамияти калон доранд.

Реги кварс яке аз масолеҳи асосии бинокорӣ аст. Регсангҳои кварсиро барои сохтани сангҳои осиёб, сангҳои абразивӣ ва сутунҳои сангин истифода  мебаранд.

Булӯри кӯҳи–кристаллҳои шаффоф ва беранги кварс мебошад. Вай аксар дар намуди друза (қӯшабулӯрҳо) ёфт мешавад. Вазни баъзе булӯрҳо аз 100 кг ҳам  зиёд  мешавад. Яке аз кристаллҳои калони булӯр, ки дар Бразилия ёфт шудааст, 5,5 тонна вазн дорад.

Дар замонҳои қадим булӯри кӯҳиро ба юнонӣ афруселинус-“кафки моҳ” ва ба арабӣ бусоҳ ал-қамар–“ҷилои моҳ” меномиданд. Мубадони зардуштӣ бо зарфҳои булӯрӣ нуқраву тиллоро мегудохтанд. Бо булӯрҳо “оташи илоҳӣ”–гулханҳои муқаддасро фурӯзон мекарданд. Имрӯз ин анъана дар ёфтани оташаки олимпӣ боқӣ мондааст. Бо нури булӯршиша табибони  тибетӣ захмро шифо мебахшиданд. Имрӯз маълум аст, ки он нурҳои ултрабунафш буда, бактерияҳои касалиоварро мекушад.

Дар ҷазираи Мадагаскар асрҳо боз булӯри кӯҳиро бе душворӣ аз ҷои камоб ва маҷрои дарё ҷамъ мекарданд ва ба мамлакатҳои араб. Ҳиндустон ва Чин мефурӯхтанд. Аз булӯр асбоби ороиши рӯзгору осори нафисаи санъат, амсоли мӯҳр, дастпона, тӯмор, тугма, донаҳои шоҳмот, лавозимоти ороишӣ, шадда ва ғайра месохтанду метарошиданд.

Булӯрро мардум аз рӯи эътиқод рамзи фурӯтанӣ, хирадмандӣ ва покӣ медонанд. Гӯё булӯр касро аз хобҳои пурдаҳшат, амрози дил, меъда, чашм ва ҳатто аз сармозанӣ эмин медорад. Ҳанӯз дар замони Арасту чунин мешумориданд, ки аз ҷоми булӯрӣ нӯшидан дарди дандон ва истисқоро рафъ мекунад.

Абурайҳони Берунӣ (972-1048) дар асари маълуми худ “Китоб-ул-ҷавоҳир” оид ба булӯри кӯҳӣ менависад, ки он “аз ҷумлаи сангҳои қиматбаҳо  буда, аз он зарфҳо месозанд. Арзиши булӯр дар шаффофии он аст ва бо ду унсури умдаи ҳаёт-об ва ҳаво монанд бувад”. Абурайҳони Берунӣ якчанд макони булӯри кӯҳиро ном мегирад: Кашмир, Вахон, “дар гирди атрофи Варзфанаҷ”  (Помир), Бадахшон, Арманистон, Бидлис (Туркия) ва ғайра.

Макони булӯри кӯҳиро дар Помир аввалин бор соли 1932 геологи Экспедисияи Помири Академияи илмҳои Иттиҳоди ШӯравӯА.А. Сауков муайян карда буд. Аз соли 1935 сар карда дар ин ҷо ҷустуҷӯи конҳои булӯр оғоз ёфт. Аз соли 1939 то ҳоло экспедисияи Помири трести №13 (ҳоло Экспедисияи “Помиркварссамосвет) машғули кофтукоб ва истихроҷи булӯрҳои кӯҳӣ ва дигар сангҳои қиматбаҳо ва резакории ҷумҳурӣ мебошад.

Дар омӯзиши конҳои булӯри кӯҳии Помир геологҳо Н. К. Морозенко, Н. К. Кузмин,А. Н. Захарченко,Г.М.Сафронов, М.Х.Ҳамидов, Т.Н.Тагиров ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Конҳои бобаракати булӯри кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ванҷу Язғуломи Бадахшон асосан дар байни регсангҳои ба кварсит монанди эраҳои архею протерозой, ки 2,5-3 миллиард сол муқаддам пайдо шудаанд, ҷойгир шудаанд. Пайдоиши конҳои булӯр бошад бо гранитҳои алпӣ ва маҳлулҳои гидротермалии онҳо, ки дар давраи палеоген (27-32 миллион сол муқаддам) ба вуҷуд омадаанд, алоқадоранд. Булӯрҳои кӯҳӣ одатан дар мағокҳои дохили рагҳои кварц, ки бараш то 100м аст, вомехӯранд. Ҳаҷми мағокҳо то 50 метри мукааб  мешавад. Бари булӯрҳои дандоншакл аз якчанд миллиметр то 1 м, ва аз ин ҳам зиёд мешавад. Дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин ва Қаромазор булӯрҳои кӯҳӣ асосан дар пегматитҳои ҷинсҳои магмавии бештар калондона ки аз кварс, шпатҳои саҳроӣ ва абрақ иборатанд ва рагҳои кварс, ки бо гранитҳои эраи палеозои боло (250 миллион сол муқаддам) алоқа доранд, ёфт мешаванд. Сифати ин булӯрҳо назар ба булӯрҳои кӯҳии Помир паст мебошад ва тарқишҳои зиёде доранд.

Пайдоиши булӯрҳои кӯҳ (кварси шаффоф) бо фаъолияти маҳлулҳои гарму ҷӯшони гидротермалӣ, ки дар тарқишҳои ҷинсҳои кӯҳии силитсийдор (хусусан раги кварс, кварситҳо) давр мезананд, алоқадор аст. Ин маҳлулҳои ишқор ҷинсҳои кӯҳии силисийдорро маҳлул карда, дар мағокҳои он баъд аз хунук шудан, булӯрҳои (кристаллҳои) кварси шаффофро ҳосил мекунанд. Гарчанде имрӯз қисми асосии (беш аз 90%) ашёи булӯри пезооптикӣ дар радиоэлектроника ва оптика аз ҷумлаи булӯршиша  (кварс) ба  таври сунъӣ  истеҳсол  гардад  ҳам, чун пештар булӯри кӯҳӣ ашёи пурқимат ва камёбест. Дар саноати имрӯза булӯрро барои сохтани асбобҳои электронӣ, истеҳсоли шишаи аълосифат, зарфи  кимиёӣ, ҷароғи  ултрабунафш ва ғайра истифода мебаранд.

Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.

Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.