Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Серпентинит
Серпентинит (змеевик)–ҷинси кӯҳии сабз ва хокистарранг, ки асосан аз минерали серпентин иборат аст. Номи он аз калимаи лотинии серпенс–мор баромадааст. Ранги санг ба ранги пӯсти мор монандӣ дорад.
Серпентинит ҷинси кӯҳии ноаёнкристаллӣ ва нах-нахи зичу қайиш аст ва нақшу нигори риштамонанд дорад. Он санги на он қадар сахт (сахтиаш 2,5-3,5) мебошад. Онро бо осонӣ арра мебурад.
Серпентинит дар натиҷаи тағйирёбии гидротермалии ҷинсҳои кӯҳии ултраасос (оливинит, дунит, пироксенит), ки дар таркибашон магнию оҳан бисёр аст, ба вуҷуд меояд.
Серпентинит ба гурӯҳи сангҳои ороишу рӯйкашӣ дохил мешавад. Аз он маснуоти ҷавоҳирӣ (шадда, нигин), сандуқча, ҷом шамъдон, тахтасангҳои рӯи миз ва барои ороиши иморатҳо тайёр мекунанд.
Конҳои серпентинит дар Тоҷикистони Марказӣ, Қаромазор ва Помир мавҷуд аст. Аз серпентинитҳои хушранги Дарвоз ва Ванҷ маснуотҳои ҷавоҳирӣ ва тахтасангҳо тайёр кардан мумкин аст.
Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.
Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.