Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Скаполит ва Санги моҳтобӣ

Скаполит (анг. Scapolite) – минерал, алюмсиликати натрию калсий мебошад. Кристаллҳои шаффофи хушранги он ба гурӯҳи сангҳои резакории ҷавоҳирӣ дохил мешаванд. Он дар сингонияи тетрагоналӣ кристалл баста, булӯрҳои сутунчамонанд ва агрегатҳои зич ҳосил мекунад. Номи минерал аз калимаҳои юнонии скапос-поя, меҳвар ва лит-санг  баромадааст.

Скаполитҳои беранг, сафед, зард, бунафш, гулобӣ ва сабз дучор мешаванд. Рангҳои он ба омехтаҳои сулфур, хром ва карбон вобаста аст. Сахтии минерал 5,5-6,5. Дар сатҳи он корд рах карда наметавонад. Минерал ҷилои шишагӣ доранд.

Скаполит фақат дар аввали асри XX ҳамчун санги ҷавоҳирй шинохта шуд, Аз он лавозимоти гуногуни ҷавоҳирй (нигин, ҳалқа)  месозанд. Нархи як қирот скаполитҳои суфтаи ҷавоҳирии 2-5 қиротӣ дар соли  1980  30 -50 доллар буд.

Конҳои скаполити ҷавоҳирй дар Танзания, Мозамбик, Бразилия, Канада, Афғонистон ва дар Сибир маълум аст. Минерал дар ҷинсҳои метаморфӣ ва пегматитҳо вомехӯрад.

Солҳои ҳафтодум ходими илмии Институти геологияи ҷумурӣ Э.А. Дмитриев дар Помири Шарқй дар мавзеъҳои  Кукурт ва Сасиқ якчанд макони скаполитҳои ҷавоҳирии сурх, зард ва бунафшро муайян кард. Скаполит дар гнейс (аз олмонӣ: Gneis — ҷинси кӯҳии нарми бодхӯрда), гилсангҳои кристаллй ва мармарҳои эраҳои токембрий (қадимтарин), скарн (анг.  Skarn) ва рагҳои кварси эраҳои мезозою кайнозой вомехӯрад. Дар осорхонаи сангҳои қиматбаҳои экспедисияи “Помирквартсамосвет” кристалли зардранги скаполити вазнаш 305 г  маҳфуз аст.

 САНГИ  МОҲТОБЙ

SONY DSC

Санги маҳтобӣ якчанд навъи минерали шпати даштии шаффофу  нимшафоф (адуляр, албит, олигоклаз, ортоклаз, санидин), ки аксаран нимшаффофу кабудтоб, баъзеашон мисли рангинкамон тобиш доранд. Онҳоро шпати садафй низ меномад. Баъзе навъҳои ин санг мисли чашмҳои гурба ялт-ялт метобад. Кристаллҳояш призмашакл, сахтиаш 6 мебошад.

Санги моҳтобй ҳамчун санги ороишй дар тайёр кардани маснуоти заргарй (нигин, ангуштарин) истифода мешавад.

Санги маҳтобй санги хеле камёб аст. Кони навъи аълои он дар  Шри –Ланка дар гнейсҳои  квартсу шпати даштй ҷойгир шудаанд. Дар  ИМА ин санг дар байни ҷинсҳои вулқонй-риолитҳо ва рагй-гранит-порфирҳо вомехӯрад. Санги моҳтобии Карелияро, ки минерали олигоклаз мебошад, беломорит меноманд. Он дар пегматитҳо (pegmatite– як навъ санги озарини дарунӣ аст, ки кристализатсия шуда ва андозаи булӯрҳои он бузургтар аз 2,5 см мебошад) вомехӯрад.

Дар ҷумҳурии мо санги моҳтобй дар Помири Шарқй дар мавзеи Рангкӯл ёфт шуд. Он минерали адуляр (минерал, як намуди ортоглази шаффофу беранг, санги қамарӣ) мебошад. Лонаҳои 10-12 см –и он дар пегматитҳо дучор мешаванд. Баъзе кристаллҳои дорои тобиши рангинкамон 4x2x1, 2 см андоза  доранд.

Геологҳои  ҷумҳурй бояд ин санги ҷавоҳирии тобонро на  фақат дар Помир, балки дар кӯҳистони Зарафшону Ҳисор ва Қаромазор  низ  ҷустуҷӯ  кунанд.

Манбаъ: Р. Баротов: “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе “Маориф”, 1996.

Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд ва дар бораи даҳҳо минералҳо дар конҳои кишвар маълумот ҳосил кунанд.

Иғболова Нилуфар
Мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ