Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Зумуррад.
Тоҷикистон сарзамин ганҷхезест, ки конҳои кушодаву нокушодаи он асрҳост таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Бозёфтҳои ахири бостонҳиносон ҳикоят аз он дорад, ки пешгузаштагони мо ҳанӯз аз асри биринҷ дар кӯҳистони Зарафшону Ҳисор, Қаромазор ва Помир ба истихроҷи маъдан (мис, тилло, нуқра, симоб, оҳан, сурб) ва сангҳои қиматбаҳо (фирӯза, лаъл, лоҷвард, ақиқ ва ғайра) машғул буданд. Номи маҳалҳои Тоҷикистон ба монанди Кони нуқра, Кӯҳи лаъл, Лоҷварддара, Кондара, Кони Мансур ва монанди инҳо акси садоест аз корномаҳои ковишгарони замони куҳан.
Барои мо ҳам бад нест агар ганҷинаҳои кишвари маҳбубро бишносем ва донем, ки онҳо чӣ қимати азим доранд ва дар оянда ин конҳо ва ин ганҷҳо то куҷо кишвари моро маъруф ва ободу зебову сокинонашро таъмин мекунанд.
Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ ин гуна китобҳо хеле зиёданд ва яке аз онҳо китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон” аст, кисоли 1996 нашриёти “Маориф” чоп кардааст. Чанд матлаб аз китобро ҷиҳати шиносоӣ пешкаш мекунем.
ЗУМУРРАД
Як навъи минерали берилли шаффоф, ки аз омехтаҳои оксиди хром ранги сабзи баланд гирифтааст. Зумуррад санги гаронбаҳои дараҷаи якум мебошад. Он тоҷ ва сўтаи шоҳон, салиби насрониёнро зеб медиҳад, барои тайёр кардани ҳар гуна маснуоти заргарӣ (нигини ангуштарин, дастпона, гўшвора ва ғайра) ба кор меравад. Кристаллҳои калон (бештар аз 5 қирот) ва нуқсони он аз алмос (бриллиант) қиматтар меистанд.
Зумурруд-силикати бериллий ва алюминний (АI2 Ве2(Si6 O18) дар сингонияи гексагоналӣ кристалл баста, аксари булўрҳои сутунчашакл ҳосил мекунад. Сахтии зумуррад 7,5-8, ки он баъди алмос ва корунд (ёқут) меистад. Номи русии изумруд аз калимаи форсӣ-тоҷикии зумурруд баромадааст.
Зумуррадро ҳанўз дар Мисри қадим ва Бобил медонистанд. Дар асри 2 то милод дар Африқои Шимолӣ соҳили баҳри Сурх аз конҳо зумуррад мегирифтаанд. Ҳоло аксарияти зумурради ҷавоҳириро аз конҳои Колумбия (Амрикои Марказӣ) ва Бразилия истихроҷ мекунанд. Дар Русия аввалин зумуррадро соли 1830 Максим Кожевников ном деҳқон дар ҷангал дар решаи дарахти афтида пайдо карда буд.
Бузургтарин кристалли зумурради 28,2 кг-ро соли 1974 дар Бразилия дарёфт карданд. “Зумурради Коковин” (2,126кг) дар осорхонаи минералогии Академияи илмҳои Русия маҳфуз аст. Дар Хазинаи Алмоси Москва зумурради “Славный Уральский”(978кг) намоиш дода мешавад, ки 672 граммаш ҷавоҳирӣ мебошад.
Дар шарқ навъҳои хушсифати зумурради ҷавоҳириро осӣ, куррасӣ, силқӣ, райҳонӣ, зангорӣ, зубобӣ, сайқалӣ мегўянд, ки онҳо дорои ранги сабзи баланд, ё кабуд буда ҷилодор ва мисли об шаффоф мебошанд.
Аз замонҳои қадим зумуррадро санги сеҳрнок-тилисми боқудрат ҳисоб мекунанд. Касоне, ки ангуштарини зумуррадӣ доранд, хоби бад намебинанд. Зумуррад соҳибашро аз ғаму ғусса, касалиҳои дилбеҳушшавӣ ва саръ эмин ниго медорад. Мўҳри зумурради чамбаракаш тилло ашхосро аз касалиҳои бехобӣ ва вабо эҳтиёт мекунад.
Бояд гуфт, ки Абурайҳони Берунӣ ривоятеро, ки гўё мор ба зумуррад нигарад, чашмҳояш мерезад, пас аз таҷрибаҳо қатъӣ рад карда буд.
Мувофиқи тавсияи ҷавоҳиршиносон зумурад санги қиматбаҳои касонест, ки дар 22-уми июн – 22-уми июл таваллуд шудаанд. Онҳо аксаран одамони хирадманд, ботамкин ва бо эътимод мебошанд.
Конҳои зуммурад дар натиҷаи тағирёбии контактии амфиболитҳо (анг. Amphibolite), варақсангҳои магнезитӣ (минерал аз гурӯҳи карбонҳо) ва серпентинитҳо (лот. serpens – мор) аз таъсири пегматитҳои гранитӣ ҳосил мешаванд. Зумуррад инчунин дар рангҳои квартс ва шпати даштидор вомехўрад. Конҳои пошхўрдаи зумуррад дар натиҷаи хароб шудани конҳои аслӣ пайдо мешаванд.Порчаҳои ин тавр зумуррад аксаран дар водии дарёҳо ва соҳили баҳру кўлҳо дар дохили регу шағал вомехуранд. Ҳоло аксарияти зумуррадҳои ҷавоҳириро аз конҳои Колумбия ва Бразилия ба даст меоваранд. Конҳо зумуррад дар ИМА,ҶАҶ, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Русия ҳам дида мешавад.
Дар Тоҷикистон ҷинсҳои магмавӣ, пегматит ва рагҳои квартсии минерали берилл-зумурради ношаффоф дошта дучор мешаванд. Овозаи мавҷудияти зумуррад дар Тоҷикистон то Инқилоби Октиябр маълум буд. Соли 1906 топографи ҳарбӣ Л.Б.Борщевский аз ноҳияи Қалъаи Хум се кристали санги қиматбаҳо-эҳтимолан алмосро дарёфт карда ба номи генерал-губернатори Туркистон ба шаҳри Тошкант фиристод. Мутахассисон дутои онро булўри кўҳӣ (квартси шаффоф) ва якеи онро эҳтимолан зумуррад муайян карданд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакатҳои ҳамсояи мо Афғонистон, Покистон ва Чин конҳои берилл ва зумуррад мавҷуданд.Ҷинсҳои кўҳии мармавӣ ва метаморфии Помири Ҷанубӣ (Бадахшон) ба ҷинсҳои кўҳии сангҳои қиматбаҳодори Афғонистон ва Покистон хеле монанданд.
Соли 1986 мудири лабаратории канданиҳои фоиданоки Институти геологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Л.Н.Россовский ва муаллифи ин рисола дар маҷаллаи “Маърўзаҳои Академияи илмҳои ИҶШС” дар мақолаи худ қайд карда буданд, ки минтақаи азими паҳншавии печматитҳои сангҳои қиматбаҳодор (сапфир, рубия, скаполит, берилли асил-зумуррад, булўри кўҳӣ) аз тарафи ғарб ба шимоли ғарб ва қаторкўҳҳои Ҳиндукуш (Афғонистон ва Покистон) сар карда, ба Помири Ҷанубӣ мегузарад, баъд ба Қароқурум ва Ҳимолой (Хитой, Ҳиндустон, Непал, Бутан) ба масофаи зиёда аз 3000 км тўл мекашад. Бари ин минтақаи азими сангҳои қиматбаҳо 200-400 км мебошад. Бояд гуфт, ки мо то ҳоло дар ҷумҳуриятамон ба ҷустуҷуи сангҳои қиматбаҳои олидараҷа-зумуррад, алмос, сапфир, ёқут, ки иқтидори давлатро муайян мекунанд, диққати ҷиддӣ намедиҳем.
Манбаъ: Р. Баротов: “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе “Маориф”, 1996.
Магнезит – тальковый (горький) шпат.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.