“Ганҷинаи Китобхона: масъалаҳои фароҳамоварӣ, ҳифз ва истифода”

Ганҷинаи-КитобхонаЧунин ном дорад китобе, ки ахиран Китобхонаи марказии илмии ба номи Идира Гандии АМИТ интишор додааст.

Китоб аз ҷониби донишманд шинохта Ш.Сӯфизода ва унвонҷӯ Ё. Бердизода мураттаб шуда  ва ба он С.Шосаидзода тақриз навиштаву Б.Алимов ва И.Умаров бори муҳаррирӣ кашидаанд.

Дар маҷмуа мақолаҳои доктори илмҳои филологӣ, профессор, Директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ Шодимуҳаммад Суфизода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мутахассиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сафар Шосаидзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Б.Сайфуллозода, номзади илмҳои педагогӣ, Раиси Иттифоқи касабаи АМИТ  Ф.Ёрзода, унвонҷӯ, Мудири шуъбаи  библиографии Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ Ё.Бердизода, мутахассиси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ Н.Умарова, унвонҷӯ, омӯзгори факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода Н.Равшанова чоп шудааст.

Маҷмуа натиҷаи таҳқиқотҳои олимону мутахассисони соҳаи китобшиносӣ ва китобхонашиносиро роҷеъ ба масъалаҳои назариявӣ, методӣ ва амалию соҳавӣ дар бар мегирад.

Дар он раванди омӯзишу баррасии масъалаҳои таърих ва таҳқиқи фонди китобхона, библиография, таснифот ва равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Китоби “Ганҷинаи Китобхона: масъалаҳои фароҳамоварӣ, ҳифз ва истифода” барои мутолиаи хонандагон дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.