«Гена ва дӯстони ӯ» дар меҳмонии барномаи “Китоби нав”

Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе ду маротиба барномаи “Китоби нав” баргузор мегардад, ки дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия мешавад.

Холид Шарифов – ровии барнома бачаҳоро бо қиссаи бисёр шавқовару дӯстдоштании Эдуард Успенский “Гена ва дӯстони ӯ” шинос кард. Тарҷумаи ин қисса ба қалами нависандаи кӯдакону наврасон Азизи Азиз тааллуқ дошта, соли 2024 ба чоп расидааст.

Аз кишваре, ки афлесунҳо мерӯянд, рӯзе даруни қуттие як  ҷонвараки аҷиб ба кишвари иқлимаш сард меояд. Ҷонварак номаш низ ғалатӣ буд – Чебурашка. Чебурашка аз ин ки ба кишвари бегонае афтодааст, руҳафтода нашуда, дарҳол ба мағозаи кӯҳнафурӯшӣ ба кор медарояд. Рӯзе ӯ  эълонеро дучор омад, ки Гена ном тимсоҳ тавассути он мехост ба худ дӯстон пайдо намояд:

“Тимсоҳи ҷавони панҷоҳсола дар суроғи дӯстон аст.”

Оё шумо мехоҳед давоми қиссаро донед? Пас, ин китобчаи шавқоварро дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.

Лозим ба ёдоварист, ки барномаи “Китоби нав”  китобҳои тозанашрро ташфиқу тарғиб намуда, завқи китобхониро дар  кӯдакону наврасон боло мебардорад.

Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа