«Гиёҳнома Ҷонварнома»-и Ибни Сино ба Китобхонаи миллӣ расид!

sinoИн китобро доктори илми филологӣ, профессор Сулаймони Саидраҳмон аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тафсиру таҳқиқ намудааст, ки соли 2023 ба Китобхонаи миллӣ аз ҷониби нависандаи он тақдим гардид.

Он ба  ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, барои мутахассисони соҳаи рустанипарварӣ, тиб, бойторӣ, табиатшиносӣ ва ховаршиносон пешбинӣ шудааст.

Китоб дар соли 2021 дар нашриёти «Душанбе»  ба табъ расида, 702 саҳифаро дар бар мегирад.

Сулаймони Саидраҳмон ҳамчунни китобҳои дигари Абўалӣ ибни Синоро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст.   «Китоб-ун-набот», «Гиёҳнома», «Китоб-ул-ҳайвон»  «Ҷонварнома » «Китоб-уш-шифо» аз ҳамин ҷумлаанд.

Ду асари охир аз сарчашмаҳо ва ташаккули истилоҳоти рустанишиносӣ, тиб ва бойторӣ дар забонҳои арабӣ ва форсӣ барои омўзиши таърихи илм дар асрҳои миёна ба шумор меравад.

 «Китоб-ун-набот» олами рустаниҳоро ба як равиши илмӣ-ботаникӣ тавсиф намудааст, дар «Китоб-ул-ҳайвон» мутафаккир олами инсон ва ҳайвонотро дар масири ҳаёт бо дидгоҳи олимона тасвир намудааст.

Китоби «Гиёҳнома Ҷонварнома»-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.