Гиёҳшинос Сергей Коржинский – дорандаи «Нишони доруссалтанаи Бухорои Шариф»

Сергей КоржинскийКоржинский муаллифи назарияи бешазоркунии даштҳо, яке аз асосгузорони фитосенология мебошад. Нахустин бор набототи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳқиқ ва тақсимоти геоботаникии минтақаҳои Руссияро пешниҳод кард.

****    *****   ****

Коржинский Сергей Иванович 7 сентябри соли 1861 дар шаҳри Астрахан ба дунё омадааст.

Коржинский Сергей Иванович ботаники рус, академик АИ Петербург (1896). Хатмкардаи Донишгоҳи Қазон (1885). Профессори Донишгоҳи Томск (1888-92), сарботаники Боғи наботот (аз 1892) ва директори Осорхонаи набототи АИ Петербург (аз 1893).

Коржинский муаллифи назарияи бешазоркунии даштҳо, яке аз асосгузорони фитосенология мебошад.

Нахустин бор набототи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳқиқ ва тақсимоти геоботаникии минтақаҳои Руссияро пешниҳод кард.

Коржинский дар таснифоти рустаниҳо усули ҷуғрофиёӣ-морфологиро мавриди истифода қарор дод, тарзи-таҳлили таърихии флораро ба роҳ монд, мафҳуми «нажод»-ро ҳамчун категорияи асосии таксономии рустаниҳо пешниҳод кард.

Новобаста ба ботаники ҳолландӣ Ҳ. Де Фриз назарияи мутатсия (1889; «назарияи ҳетерогенез»)-ро дар ҷараёни таҳаввулот кашф кард. 45 намуди рустанӣ (масалан, Pimpinella kjrshinckyi Glycyrrniza korshinckei) ба шарафи Коржинский номгузорӣ шудаанд. Бо Ордени Станислави Муқаддас (дараҷаҳои I ва II) ордени тилои Аморати Бухоро «Нишони доруссалтанаи Бухорои Шариф» (Дараҷаи I) сарфароз гардидааст. Коржинский Сергей Иванович 1 декабри соли 1900 дар шаҳри Санкт Петербург вафот кардааст.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2022. – Ҷ.10. – С. 612.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.