Ғолибони озмуни байналмилалии «Тоҷикистону Русия дар оинаи Китобхонаҳо» аз Москав баргаштанд

Ғолибони озмуни  байналмилалии Тоҷикистону Русия

Рӯзҳои 11 – 14 –уми ноябри соли ҷорӣ шаш нафар ғолибони озмуни “Тоҷикистон- Русия дар оинаи китобхонаҳо” тибқи як даъвати расмӣ барои эътои ҷоизаҳо дар шаҳри Москав буданд. Ҳайат аз ҷониби муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода роҳбарӣ мешуд. Дар ҳайат ҳамчунин  нависандаи бачагон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз, адиби шинохта Маҷид Салим, сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон Назира Толибова  шомил шуда буданд.

Ин озмун дар доираи ҳамкориҳои судманд ва маърифатпарварона бо иқдоми Агентии федералӣ оид ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳамватанони муқими хориҷ ва Анҷумани шахсиятҳои ҳунарӣ, фарҳангӣ ва маърифатии масъули ҷалби кӯдакон ба хониш “Хонанда мепарварам”, китобхонаи давлатии кӯдаконаи Русия баргузор шуда буд.

Дар байни зиёда аз 100 нафар ширкаткунанда шаш нафар хонандагон аз мактабҳои гуногуни ҷумҳурӣ ғолб дониста шуда буданд.  Озмун дар ду наминатсия эълон гардида буд: наминатсия асарҳои реалистӣ ва тахайюлӣ.

Рӯзи авали сафар намояндаи Китобхонаи давлатии бачагонаи Русия Анжела Лебедева ҳайатро ба Намоиши Комёбиҳои хоҷагии халқ раҳнамоӣ кард ва ҳайат бахши Тоҷикистонии ин Намоишгоҳо тамошо намуд.

Рӯзи дуюми ин сафар ҳайат Осорхонаи таърихии сардафтари адабиёти классикии рус А.С.Пушкинро тамошо кард ва дар давоми рӯз аз роҳи сурхи Москва ва Кремел дидан намуд ва дар  бегоҳӣ ба тамошои баҳр баромаданд.

Рӯзи сеюми сафар рӯзи бо тантана супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон буд ва ин маросим дар Китобхонаи давлатии бачагонаи шаҳри Москва баргузор шуд. Ғолибони се ҷойи аввал: Нурияи Толибҷон, Фараҳноз Ғанизода ва Сафарбии Рустам буданд. Нозанини Шуҳрат, Зулҳия Каримова ва Муслима Шарифова низ аз ҷумлаи се навари дигаре буданд, ки чун ғолиби озмун эътироф гардида буданд.

Дар охири рӯз барои иштирокчиён дарси шогирду устод гузаронида шуд, ки ҳар яке онҳо қаҳрамони асарашонро тасвир карданд.

Дар поёни ҳамоиш барномаи сайёҳат ба Китобхонаи адабиёти хориҷӣ ба номи М.И Рудамино амалӣ шуд ва дар он ҷо аз намоишгоҳи китобҳои хориҷӣ дидан намуданд. Дар ин намоиши китоб гӯшаеро барои китобҳои Тоҷикистон низ ихтисос дода буданд.

Адибони тоҷик ба гӯшаи китобҳои Тоҷикистон як силсила китобҳои бачагонаи чопи Душанберо тақдим намуданд.

Назира Толибова