Григорий Колтунов – муаллифи се сенария аз рӯи достонҳои “Шоҳнома”

Григорий КолтуновКолтунов Григорий Яковлевич 6 сентябри соли 1907 Одесса ба дунё омадааст. Коргардон-таҳиягар, филмноманавис, драматурги кинои шуравӣ. Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1980), Ходими шоистаи санъати Украина (1995). Хатмкардаи Консерваторияи Одесса (1930). Роҳбари бадеӣ, дирижёри барномаҳои мусиқии радио, директори мактаби кўдаконаи мусиқӣ дар шаҳри Енакиево (1930-34), мудири шуъбаи таблиғи кино, муҳаррир, сардори шуъбаи сенарияи кинофабрикаи Одесса (1934-41).

Соли 1941 иҷрокунандаи вазифаи директори киностудияи Одесса буд ва онро ба шаҳри Тошканд кўчонд. Солҳои ҶБВ (1941-45) дар киностудияи Тбилиси (ҳоло Тифлис) кор карда, барои ба навор гирифтани филмҳои ҳуҷҷатӣ – қисме аз онҳо дар филми худаш – («Вақте ки Геббелс дурўғ намегўяд») истифода шудааст, мунтазам ба ҷабҳаи ҷанг мерафт.

Пас аз ҷанг ба ҳайси роҳбари бадеии Театри минётураи Одесса (1945-47) ва аз лаҳзаи барқарор гардидани Киностудияи филмҳои бадеии Одесса то охири умр узви шўрои бадеии он буд.

Коргардон таҳиягари филмҳои «Оҳ, мересам, мересам…» (1935, ҳуҷҷатӣ), «Нақшу нигор» (1935, ҳуҷҷатӣ), «Моҳихўраки сиёҳ» (1962), «Иғвои Дон – Жуан» (1985, ҳамроҳи В. Левин); муаллифи сенарияи қариб 40 филм: «Субҳ ба хайр» (1941), «Пайраҳаи тилоӣ» (1945), «Чароғҳои Боку» (1950), «Максимка» (1953), «Юляи эрка» (1955, филми тасвирӣ), «Чиҳилу якум» (1956), «Ҳодисаи фавқулода» (1959), «Интиқом» (1960), «Кӣ аз ҳама зўр(1961, филми тасвирӣ), «Сенздаҳ супориш» (1969) ва ғайра.

Аз соли 1970 бо киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ карда, дар асоси достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ се сенарияи филм навиштааст: «Достони Рустам» (1970, 2 қисм), «Рустам ва Суҳроб» (1971), «Достони Сиёвуш» (1976, 2 қисм), ки онҳоро коргардон Б. Кимёгаров рўи навор овардааст. Ин филмҳо дастоварди бузурги кинои тоҷик дар солҳои 70 асри 20 эътироф шудаанд.

Ӯ 24 июни соли 1999 дар Одесса даргузашт.

Энсиклопидияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 336.

Муаллиф: Ё Назармамадов

Таҳияи Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ