Гуфтаҳо аз маъмурикунонии андоз дар рушди соҳибкории хурду миёна

Дар монография Эмомалӣ Нурализода “Маъмурикунонии андоз дар рушди соҳибкории хурду миёна” масъалаҳои мубрами низоми андоз ва маъмурикунонии он бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкории хурду миёна дар шароити муосир, принсипҳо ва хусусиятҳои хоси низоми андозбандӣ дар субъектҳои соҳибкории мазкур, таҳлили вазъи низоми андоз ва маъмурикунонии он дар минтақаҳои кишвар, нишондиҳандаҳои баҳои самаранокии маъмурикунонии андоз дар рушди соҳибкории хурду миёна, самтҳои асосии дастгирии давлатии рушди бизнеси хурду миёна, такмили механизми ҳавасмандиҳои андозӣ-молиявии субъектҳои соҳибкорӣ ва роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокии маъмурикунонии андоз дар рушди соҳибкории хурду миёна  дар Чумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор додо шудааст.

Тавсияҳои илмӣ-амалии дар монографияи мазкур пешниҳолгардида дар сохторҳои дахлдори давлатӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла, мақомоти андоз ва сохторҳои он дар минтақаҳои мамлакат зимни таҳия ва баррасию татбиқи амалии Кодекси андози Чумҳурии Тоҷикистон дар рушди субъектҳои соҳибкорӣ метавон истифода намуд. Монография ба унвонҷўёну муҳаққиқон ва доираи васеи алоқамандони адабиёти молиявӣ-иқтисодӣ тавсия карда мешавад.

Дар сарсухан мехонем, ки рушди соҳибкории хурду миёна дар шароити рақамкунонии иқтисодиёт нақши калидӣ  дошта, дар ҳалли вазифаҳои иҷтимои-иқтисодии кишвар хидмат менамояд. Маҳз дар ҳамин бахши соҳибкорӣ ҳама бартариҳои иқтисоди бозорӣ таъмин гардида, вай дорои хусусиятҳои хоси рушди худ буда, доираи васеи андозсупорандагон ва қисмати зиёди аҳолиро бо ҷойҳои корӣ таъмин менамояд. Аз ҷониби дигар, барои сабук кардани бори андоз ба бахшҳои бизнеси хурду миёна, сода кардани тартибот ва қонунгузории аз ҳад печида дар соҳаи андозбандӣ, маъмурикунонии андоз татбиқ карда мешавад. Он ҳангоми истифодаи муносиб муҳитеро фароҳам меорад, ки ба баланд бардоштани сатҳи даромаднокии буҷет ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз, таъсири маъмурикунони андоз, пеш аз ҳама, назорату санҷишҳои андозӣ ба таъмини рақобатпазирии молу маҳсулоти ватанӣ, шуғли пурмаҳсули меҳнат ва ҳавасмандиҳои молиявии рушди соҳибкории хурду миёна равона мегардад.

Дар робита ба ин,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси олии кишвар аз 23 декабри соли 2023 чунин таъкид намуданд, ки: «…дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шудаст. То имрўз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзҳо ва сабукиҳои андозию гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад. Дар натиҷаи соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018  пеш аз 76 ҳазор зиёд мебошад…».

Иноятова Азиза – мутахассиси  шуъбаи абонементи байни китобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.