Гуфтанду мегӯянд ва боз хоҳанд гуфт…

Эмомалӣ РаҳмонБеш аз 30  сол аст, ки дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менависанд. То кунун даҳҳо китоб аз ҷониби шоирону нависандагон, олимону шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ навиштаву чоп шуд. Аммо сифатҳои инсонии ин марди шариф ба мисли кони нокушодаанд, ки ҳар касе меҷӯяд, чизе меёбад. Ҳар қадар гуфтанду навиштанд, вале ҳарфи ногуфтаву нонавишта боз ҳам боқӣ мондааст.

Шукурҷон Зуҳуров, ки солҳои сол дар паҳлуи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буду дар вазифаҳои мухталиф ифои масъулият кардааст, дар китоби “Ходими намоёни давлатӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ” нукоти зиёдеро аз ин ҳамнишиниҳову ҳамкориҳо қисса кардааст, ки пораеро, ки хеле аз назарамон ҷоиб аст, меорем. Зимнан ёдовар мешавем, ки ин китоб ба 70-солагии ходими намоёни давлатӣ ва сиёсиву ҷамъитӣ Шукурҷон Зуҳуров, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар бахши аввали китоб маҷмуи эссеҳои худи Шукурҷон Зуҳуров дар шинохти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ шудааст.

Дар бахшҳои дуввуму севуму чаҳорум мақолаҳои публитсиситиву хотираҳо аз хидматҳои арзишманди Шукурҷон Зуҳуров дар назди давлату миллат, аксҳо ва табрикоти ҳамкорону дӯстон ба ифтихори 70 солагии рӯзи мавлуди соҳибҷашн ҷо гирифтааст.

Инак, он параи интихобӣ:

Миёни дигар вохӯриву суҳбатҳои расмӣ ҳеҷ гоҳ гуфтушиниди Хосдеҳи ноҳияи Фархори Давлати Исломии Афғонистонро фаромӯш намекунам. Ин гуфтушунид 10-11 декабри соли 1996 бо кафолати Президенти Давлати Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва қумандони машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гашт.

Ва:

он рӯзҳо худи Афғонистон дар ҳолати ҷанг қарор дошт;

дар Тоҷикистон низ садои тиру туфанг гӯшҳоро мехарошид ва дилҳоро тазйиқ медод. Тоҷикони ба ҳам даргир пеши ҷомеаи чаҳонӣ сарафкандаву шарманда буданд; замини сахтсари тоҷик аз зарби тиру туфанг меларзиду ҷароҳат мебардошт;

ҷавонмардон ғурамарг мешуданд;

якбора дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон даргириҳо шуруъ ёфта буданд…

Касе маслиҳат намедод, ки дар чунин ҳолати номусоид Президент ба гуфтушуниди Афғонистон раҳӣ шавад. Кормандони амнияти Тоҷикистон муқобили сафар баромаданд, Вале ҳарфи Президент як буд:

Ҷони худро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам!…

Банда низ дар ҳайат ворид буд. Соате, ки чархбол дар фурудгоҳ мунтазир меистод, гуселкунандагон маҳзун ва ҷиддӣ бо Эмомалӣ Шарифович худоҳофизӣ мекарданд. Аз дил ва чашмони абрии онҳо “Роҳи сафед, Эмомалӣ Шарифович, сарбаланд бираведу сарбаланд баргардед!” – хонда мешуд, вале ҷуръати ба забон овардани ин ҳарфҳоро надоштанд. Президент шуҷоатманд дастони онҳоро фишурда, бо табассуми азалӣ ва ширинаш ба дилҳо қувват бахшид. Дар чеҳраи бануру тоҷиконаи Ӯ заррае аз биму тарс мушоҳида намегашт, ҳарчанд ки ба истиқболи тақдири номаълум мерафт, аммо ҷавонмардона ва бо руҳи ношикаст қадам мениҳод. Он соат аз дил гузаронидам: “Худовандо, камоли умр, зиёи давлат, тани сиҳат ва талаби муроди Сарвари моро бидеҳ! Илоҳо, Хӯҷаи Хизр раҳбарашон шавад, дар паноҳи Худо сарбаланд бираваду сарбаланд баргардад!…” – ва даст ба рӯ кашидам.

Чархбол аз ҷойи худ боло хест ва гӯё абрҳои сафед онро мисли кабӯтар дар кафҳои худ бардошта, бо эҳтиёт ба манзил мебурданд. Ба гумон, осмон низ дарк мекард, ки дар дохили чархбол сиёсатмадоре бо дили поку орзуҳои ширини халқ интизори дидори ҳамзабонон беқарор чашм ба роҳ дӯхтааст.

Баъди чанд муддат чархбол дар фазои Афғонистон парвоз мекард. Мо ду даъфа дар фарози Хосдеҳ чарх задем, аммо барои ба замин нишастан русхат надоданд ва амр карданд, ки пас гардед. Ин мартаба ҳам садои Президент ҷасурона баланд шуд:

––Аз раҳ намегардем!…

Чархбол оҳиста ба Хосдеҳ нишаст ва мо аз он берун шудем.

Ҳоло аз мизбонон дарак набуд. Ва, воқеан, шубҳаи хавфу хатар дубора дар сарамон чархид. Аз дили ҳар қадоми мо андешаҳои мағшушу мубҳам мегузашт. Эмомалӣ Шарифович низ нигаҳ аз осмон намеканд. Хушбахтона, баъди ним соати интизорӣ чархболе, ки дар он профессор Бурҳониддин Раббонӣ, қумондон Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳайати мухолифин нишаста буданд, по ба замин ниҳод.

Мо дохили хонаи фарсудае гаштем, ки он ҷо як қабат кӯрпачаи тунук густарда буданд. Шароит тазйиқовар ва хотирҳо дар олами парешонӣ сайр мекард. Бо вуҷуд, ният холис ва мақсуд ягона буд. Тамоми рӯз ва тамоми шаб кор кардем. Хоб бароямон бегона буд ва ҳақ надоштем дар ин бора фикр кунем.

Ин даъфа, дар манзили сард, Эмомалӣ Раҳмоновро барои худ бисёртар кашф кардам: аз дилсӯзҳо дилсӯзтар, аз меҳрубонҳо меҳрубонтар, аз оқилҳо оқилтар, аз инсонҳо инсонтар ва аз дӯстҳо дӯсттару болотар. Дар ҳоле ки сару либосаш пур аз чанг, дар кафи дасташ пиёлаи чойи сард, рӯйи кӯрпачаи фарсуда нишаста, боз меҳрубонӣ мекард ва дар сари масъалаҳо андеша мегуфт, аз дилам гузашт, ки ин ҷавонмард тайёр аст, ки ҳамин ҳоло ҷонашро фурӯшад ва барои Тоҷикистону тоҷикон осудагӣ ва сулҳу ваҳдат харидорӣ бикунад. Ба дилсӯзиву шуҷоат ва ҷавонмардиву масъулияти баланди Ӯ бештар қоил шудам.

Ин гуфтугӯйи таърихӣ барои мо, тоҷикон, сабақи бузург гашт. Зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми имзои Созишнома аз таги дил суханронӣ кард, ки гумон мекунам, барои ҳар кадоми мо бетаъсир набуд. Ӯ бар забон овард: “Аҳволи моро дидед, ки чӣ рӯзу рӯзгоре дорем? Мо зиндагӣ кардана натунистем, аққалан шумо дар ватани худтун созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Ҳамин хел сулҳу ваҳдат ороста кунед, ки касе дӯституна халалдору канда натунад…”.

Ин суханони пурҳикмати профессор Раббонӣ ва гуфтушуниди Хосдеҳ заминаи асосии сулҳи деринтизори тоҷикон гаштанд. Хишт дар пойдевори Сулҳ мустаҳкам гузошта шуд; шартномаи оташбас эълом гардид. Як протоколи муҳимтарин ба имзо расид. Дар он ҷониби ҳукумат вазифадор шуд, ки дигар ба минтақаи Қаротегин ва Тавилдара ҳуҷум намеорад. Ҷониби мухолифини уҳдадор шуд, ки Ҳукумати феълиро эътироф мекунад, роҳҳо кушода ва асирон баргардонида мешаванд.

Оре, гуфтушуниди таърихии Хосдеҳ ба муборизаи мусаллаҳонаи тоҷикон хотима гузошт!

Шуҷоат ва мардонагии Президент оқибат пайки сулҳ ба бор овард. Вале ӯ на як бору ду бор ҷонашро ба гарав гузошта, баҳри таъмин осоиштагӣ ва тинҷию осудагӣ раҳи пурхатар паймудааст. Ҳо, бар ҷонаш сӯиқасд ҳам карданд! Аммо аз он, ки дар паноҳи Худо, бандаи Худо, фарзанди мардум ва Президенти халқ буд ва ҳаст, тири бадхоҳону тангназаронро хок фурӯ бурд; Худованд пуштибонаш гашт ва дуоҳои пайвастаи ҳазорон мӯйсафеду пиразану модари гурезаи тоҷик мустаҷоб!

Ва инро менависаму аз умқи дилам нидои пурэҳсосе бармехезад: “Эй мардум, фарзанди худро шиносед ва имрӯз ба эҳтиромаш бирасед! Агар ба банда чун фарзанди кӯҳистон бовар доред, ба шумо рости гапро мегӯям, ки ҳамагӣ як бор бо Ӯ дастӣ салом кунед, фардо ҳатман дигар мешаваед. Гуфтам ва боз ҳам мегӯям, ки дар дил чи меҳри Худовандие дорад, ки паҳнаи он беканор аст, аз дарё бузургтар ва аз баҳр васеътар, балки назаркардаи Худост. Ба назаркардаи Худо ҳеҷ гоҳ бо чашми каҷ нигоҳ намекунанд!

Илтимос, ба фарзанди якдонаи Худованд носипосӣ накунед!…”.

Аз китоби “Ходими намоёни давлатӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ” таҳияи Меҳрангез МУҲАББАТОВА, корманди Медиатекаи Президенти Тоҷикистон.

Таҳияи Сармутахасиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳрангез Муҳаббатова.