Гугуш бо порчаи атласи тоҷикӣ

Ҳадяи Муҳиддин Олимпур, аккос ва рӯзноманигори даргузашти тоҷик ба хонандаи пуровозаи Эронзамин – Гугуш

«…Бежан мегӯяд: – Дастгоҳи аккосиатро ҳозир кун, то ман туро ҳамроҳи Гугуш барои ёдгорӣ аксбардорӣ кунам. Воқеан дар дилам ин орзу пару бол мезад ва маҳз ба ҳамин хотир чанд дастгоҳи аккосӣ ва видеоиро оварда будам. Дар ҷузвдони дастгоҳҳо назарам ба порчаи атлас меафтад, ки бо худ аз Душанбе оварда будам. Маҳз ба нияти пешкаш ба хонум Гугуш. Агар одам самимона бикӯшад, ҳатман муваффақ мешудааст. Онро бардоштаму ба сӯи Гугуш баргаштам.

Чун гуфтам «Хонум Гугуш, ин порчаи тоҷикӣ ҳар тору пудаш бо самимияту муҳаббат, ихлосу қадршиносии мардуми тоҷик, ба вижаалоқамандони ҳунари Шумо, бофта шудааст. Мехоҳам дар рӯзи 17 баҳманмоҳ (7 феврал) бо пироҳане, ки аз меҳри мардуми тоҷик дуруст шудааст, назди дӯстонатон ҳозир шавед.

Вақте ман таърихи баҳманмоҳро ба забон овардам дар чашмони шаҳлои ӯ ашк ҳалқа зад. Чун ин сана зодрӯзи хонум Гугуш аст ва ба сабаби ба чунин ҳолат афтоданаш ҳам марбут ба ин таърих буд. Ӯ ҳанӯз намедонист, ки дар як диёри дурафтода аз кишвари Эрон он қадар маҳбубият дорад, ки ҳатто зодрӯзашро ҳам медонанд.

Бежан нидо мекунад:

 – Оқои Олимпур, ту замири дили хонумро магар хондаӣ? Мо барои пайдо кардани чунин порчае ба Исфаҳон сафар кардем, то аз намоиши бузурги саноеи дасти ҳунармандони сартосари Эрон, ки дар ин шаҳр кушоиш ёфта буд, онро пайдо кунем.

Воқеан хонум Гугуш аз ин ҳадяи ночизи ман хушаш омада буд. Ба нақшаҳояш бо муҳаббати саршор менигарист ва онро болои китфи худ партофта, ба нақшаи он менигарист. У мегӯяд, ҳамин бегоҳ пеши хайёт меравам ва аз ин порча пироҳане барои ҷашни зодрӯзам фармоиш медиҳам….

Аз китоби «Эрон бӯи модар медиҳад»

Акс аз Муҳиддини Олимпур, Теҳрон-декабри соли 1990

Таҳияи: Аҳророва Фирӯза,

 муовини сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон.