Гулбаҳор Усмонова. Камоли Хуҷандӣ дар номаҳои устод Айнӣ

Доир ба Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон аввалин бор устод Айнӣ соли 1926 дар «Намунаи адабиёти тоҷик» маълумот додааст. Маълумоти устод Айнӣ дар бораи Камоли Хуҷандиро адабиётшинос Абдухолиқи Набавӣ нуктасанҷона баррасӣ кардааст. Бинобар ин, мо ба таҳлили гуфтаҳои устод Айнӣ танҳо дар мактубҳояшон иктифо мекунем.

Аз таҳқиқотҳо бармеояд, ки соли таваллуди Камол дақиқ маълум карда нашудааст. Устод Айнӣ дар мақолаи соли 1939 навиштаи худ чунин менависад: «Номи ин шоири бузурги тоҷик Камолиддин, лақабаш Масъуд ва тахаллуси адабиаш Камол буда, дар аввалҳои асри XIV дар Хуҷанд (Ленинободи имрўза) таваллуд ёфта…»

Аз таҳқиқу ҷустуҷўҳои устод Айнӣ бармеояд, ки дар бораи соли таваллуд ва тарҷумаи ҳоли ў маълумоти муфассале нест ва дар мақолаи зикршуда чунин мегўяд: «Дар бораи соли таваллуд ва тарҷумаи аҳволи ин адиби бузург дар тазкираҳои шуаро ва дигар маълумотномаҳо (китобҳои таърихи кўҳна) маълумоти муфассале нест».

[wp-embedder-pack width=”100%” height=”400px” download=”all” download-text=”” attachment_id=”2432″ /]