Гули Зард: Хушдоманам қандаша занад

Маркази шаҳри Қурғонтеппа. Дар дўконе бо ду нафар ҳамсуҳбатам. Зани тахмин панҷоҳсола ва ҷавони ба синни бисту як қадаммонда. Яке мода расту дигараш писари ў Салимҷон. Атрофи мавзуи хондорӣ сўҳбат дорем. Модари Салимҷон аз вазъи оилавии духтари ягонааш дар ташвиш афтодаасту ошуфтҳол гардида. Ману Салимҷон имкони ўро ором кардан надорем, зеро чизеро шунидан намехоҳад. Ў аз домодаш домангир нест, баръакс ба рухдода худашро гунаҳкор меҳисобад. Орнҷҳои дастонаш рўйи миз бо панҷаҳои қавӣ аз ду ҷониби сараш дошта менишинад. Андешаҳояш чунинанд:
– Ба ҳамааш худам гунаҳкорам. Духтарамро барвақт ба шавҳар додам. Нав ба балоғат расида буд. Мебоист як ду соли дигар сабр мекардам. Аз чӣ тарсидам, барои чӣ зуд оиладораш кардам? Намедонам, аммо аз хурдӣ волидайн як чизро дар вуҷудам амиқ ҷо карда буданд, ки духтар ба балоғат расид, бояд ҳарчи зудтар бахташро ёбад. Домодам инсони хуб аст. Падару модараш одамҳои бойу бадавлат. Аз ягон камбудии рўз- горашон бохабар нестам. Аз дигар сад маротиба беҳтар ба сар доранд, лекин духтарам рўз то рўз харобу хазон аст. Ба шавҳараш рашк мебараду дарун ба дарун худро мехўрад…
Дар ҳамин ҷойи суҳбат Салимҷон аз модараш маъзарат пурсида, гуфт:
– Мехоҳед, ман сабаб ё сирри нооромии қалб ва гум кардани қарори апаамро ба шумо фаҳмонам?
Мо ду зан бо аломати ризо сар чунбонданем. Салимҷон гоҳ ба модараш нигариста, табассумкунон чунин шарт гузошт:
– Ба шарте, агар наранҷед.
Мо розӣ шудем ва ў ба гап даромад:
– Шумо, занҳои мусулмон, аҷиб феъл доред. Ба духтаронатон тамоми кору бори рўзгорро меомўзонед, вале асоси зиндагиро не. Асоси зиндагӣ барои бархе аз инсонҳо на нимаи аввал, яъне рўз неву нимаи дувум аст, ки аслан бо бистари хоб дуруст меояд. Ҳамсари ҷавонмард бояд дар ин бистар ба худ ҳамто надошта бошад ё лоақл мақсади шавҳарашро дуруст дарк карда тавонад. Хуллас, кулли сабабҳои хонавайронии навхонадорон ана ҳамин аст. Шумо, модар, ба ману апаам шабу рўз кор карданро омўхтед. Мо аз ўҳдаи тамоми кор мебароем, лекин то шаб хаста шуда, имкони дам гирифтанро надорем. Дурусттараш, нафаре дам гирифтану роҳат карданро ба мо наомўхтааст. Ана ҳамсари маро бигиред. Ў ҳам монанди апаам дар синни шонздаҳсолагӣ ба шавҳар баромадааст. Ёд доред, рўзҳои нахустинии хонадориамон аз ўҳдаи ягон кор намебаромад, аммо ман ўро аз ҷон зиёдтар дўст медоштаму намегузоштам гамгин шавад. Ҳама корро ману шумо ба ў омўхтем. Ҳозир ҳам чандон ҳунарманд ё кадбону нест, лекин ман ўро аз ҷои зиёдтар дўст медорам. Медонед барои чӣ? Барои он ки дар бистари хоб ва лаҳзаҳои зарурӣ ў ягона аст. Маро Маҷнун кардааст ва Лайлии дилхоҳам гашта. Чунон суханони дилчасп, нигоҳи бамеҳр ва оғўши гарм доад, ки ваҳ! Ба ёдам мерасад, гумонам ҳама корро партофта наздаш давида равам. Хушдоманам қандаша занад! Ба духтараш асоси зиндагиро омўхтааст. Шумо чӣ? Аз дусолагиамон то имрўз сабақи пухтани таом, тозагии атроф ва катбонугиву ҷавонмардиро ёд медодед. Фақат кор, кор, кор гуфтеду моро коргар кардед. Зану мардамон аз ўҳдан ҳалли мушкилтарин муаммоҳо мебароем, вале дар дигар ҷабҳаҳо бо ду по мелангем.
Акнун имрўз, аз рўйи тахмин, домодатон «чаправ» шудааст. Шояд ин рост набошад ва агар гап ҳақ бошад, пас сабабаш аниқ аст. Апаам духтари худотарсу мўъмин, покизасиришт, боиффату чаққон аст. Дар озодагиву бомалоҳатӣ ба ў баробареро намешиносам. Мумкин субҳи содиқ надамида, аз бистари хоб бадар мераваду тонимашаб тамоми кори хонаи падаршўро рост истода ба сомон мерасонад. Дар натиҷа шаб чунон хаста мешавад, ки дигар мадор чунбидан надорад. Аҷаб не, дар ин ҳолат ғайриихтиёр ба хоби ғафлат меравад ё дар мавриди меҳрубониҳои шавҳар дилсард мемонад. Барои рўшанӣ андохтан ба дигар ҷониби зиндагии наварўсон мисол воқеие меорам:
Карим ном дўсте дорам. Дар вақташ ҳамсари он дўстро падару модараш интихоб карда буданд. Баъди чанде дилозурдаву маъюсаш дида пурсидам:
– Сабаб чист?
Гуфт:
– Волидайнам як духтари деҳотии бесаводро ёфта, сари тоқамро ҷуфт карданд. Ҳеҷ дилам гарм намешавад, зеро солҳо орзуи зани оқилу олуфта ва меҳрубон доштан мехостам. Чун паҳлўи худ як зани «сарҷирз», мўйҳои паҳмокдошаву ноўҳдабароро мебинам, ба мурданам розиям. Ў ҳатто ақли шустани пойҳои худро надорад. На ба сару либоси худ эътибор медиҳаду на аз ҳоли ман бохабар аст. Кораш ҳавлирўбӣ, ҷомашўйӣ, хамиркуниву обчакорӣ, оғилу гову мол ва дигару дигар. Гўё ў зани ман не, балки канизи хонадони мост. Илоҷи дигар надорам, корам биллиардбозӣ, қимор ва арўсдавонӣ. Аллоҳ медонад, ки оқибати кор бо чӣ анҷом меёбад. Ба бемеҳриҳои ман ҳамсарам гунаҳкор аст ё волидайни ў, чунки духтарашонро тарбияи дуруст надодаанд. Сабаб ё далели дигаре намеёбам, ҳамааш ҳамин аст, вассалом!
Салимҷон дар ҷамъбаст илова кард:
– Занҳо бояд як чизро фаромўш накунанд: дар хонаи тозаву ороста ба мард ҳамсари хаставу афгор ва бўйин намефорад. Зан аз барги гул нозуктар офарида шудааст бояд аъзои баданаш бўйи гул кунад, на бўйи ғализи арақ ё ахлоти гову мол. Аз хушбўйиҳо, атриёт ва уппову ороишҳои гуногун истифода бурданаш зарур…
Мо ду зани калонсол аз андешаҳои Салимҷон дар ҳайрат будем. Ў доди сухани ҳақро медод. Бале, Салимҷон ба синну сол аз мо хурд буду ба ақл аз мо бузургтар. Занги телефони мобилӣ баланд садо дод. Ҷавон табассумкунон узр пурсиду илова кард:
– Арўсам занг мезанад, агар шумо медонистед, ки ў чӣ сон доночаву ширин аст! Асали ҳақиқӣ! Узр, агар иҷозат диҳед, каме дуртар рафта, бо ў гуфтугў мекунам.
Салимҷон моро танҳо гузошт. Ду зан зери таассуроти гуфтаҳояш ҳанўз ба худ намеомадем. Ба модараш аҳсан хондам. Гуфт:
– Аз байни фарзандонам ҳамин писарам дўст, дугонаи наздиктаринам гаштааст. Мо бо ў дар мавзўи дилхоҳ сўҳбат ороста, масъалаҳои мушкилтаринро ҳал мекунем. Салимҷои чашму ҳушу гўшам барин. Баробарам рост истода, дар шикасу рехт ва бебарориҳои зиндагӣ дастёр ва дўстдори аҳли хонаводаамон гаштааст. Илоҳо умри дарз бинаду барака ёбад. Ҳамсараш ҳам духтари хуб. Аз гуфтаи писарам як қадам берун роҳ намегардад. Келинҷонам дар муддати кўтоҳ мисли духтарам бароям азиз гаштааст. Нақши тарбияи Салимҷонро мешиносам. Медонӣ, ў гоҳо ба ману падараш сабақҳои ҷиддӣ медиҳад – гўён модари хушбахт механдад. То баргузори суҳбат ў гирифтори ғам буду инак роҳи ҳалли масъалаи кундаланг пайдо гаштаро медонад. Аз дарки мўҳтавои маслиҳати фарзандаш хушнуд буданашро пинҳон намекунад. Ман ҳам шодам, чунки бори аввал бо чунин ҷавони оқилу кордон шиносоӣ пайдо кардам. Бешак, модари Салимҷон ҳама ҳастии худро дар тарбияи писараш дарег надоштааст. Ў барои фарзанд мисли як фариштаи пок, созандаи қалбу ҳастияш нақшгузор гашта, чун модар ҳаловат мебарад. Бори нахуст писареро дар радифи модараш дидам, ки аз обу рў ва эътибори волидайн ифтихор дорад. Барои мустаҳкамии рўзгори онон, ғайр аз ин баҳри ободи хонадони апааш, кўшиш ба ҳарҷ медиҳад. Аҷаб не модар ўро бо умед тарбия намуда, ҳастияшро пурра бахшидааст, вагарна чӣ сон ба ин дараҷа мерасид?
Нияти сафар кардан дораму пеш аз тарк он дукон намудан дасти модари Салимҷонро дошта мегўям:
– Дарси тарбияи хубе гирифтам. Чун ба хонаам расидам, аввал бо духтарам дар мавзўи пешниҳоднамудаи Салимҷон маслиҳат хоҳам кард.
Ҳар кор панде дорад. Агар имрўз ин ҷавон тавонист бори дигар ба мо, ду тани калонсол, собит намояд, ки мо кайҳо ба асри бистуяк қадам мондаем ва талаботи давру замон дигар шудаанд, моро зарур аст, ки ба тарбиян насли ҷавон бо диди нав нигарем ва барои оилаи нав барпо кардани онон сараввал зердевори мустаҳкам гузорем. Дилу дида ва ҳастии онҳоро барои шинохтани зебой, парастиши муқаддасоти зиндагӣ ҳамаҷониба омода намоем. Дар пайроҳа ё гирдоби нахустини умр ва бунёди оилаи нав набояд ба шикасти бахту тахташон роҳ диҳем.
МАНБАЪ: Гули Зард: “Ашки аҷал”. Душанбе, “Эр-граф”, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.