Гулҷаҳон Асоева: Дар чор соли охир бойгонии Китобхони миллӣ бо 195 ҳазору 119 китоб ғанӣ шудааст

Гулҷаҳон АсоеваШуъбаи мукаммалгардонӣ ба воситаи мағозаҳои китобфурӯшӣ, ташкилотҳои соҳавӣ, шахсони алоҳида, тибқи обуна шудан ба нашрияҳои даврии ватанию хориҷӣ дар давоми 4 соли охир (солҳои 2021-2023 ва шашмоҳаи аввали соли 2024) ба фонди муассиса 195119 нусха адабиёт ворид намудааст. Аз ҷумла нашрияҳои ватанӣ 184424 нусха ва нашрияҳои хориҷӣ 10695 нусха.

Таҳлил нишон дод, ки дар Асоси фаъолияти ҳар як китобхонаро маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо ё фонди китобхона ташкил медиҳад. Таҳкурсӣ ё ядрои фонди китобхона маҷмӯи ҳуҷҷатҳои гуногун мебошад, ки аз рӯйи намуд, вазифаҳо, манфиатҳо ва дархостҳои хонандагон интихоб карда шуда, ба тарзи муайян ботартиб, босифат ва самарабахш барои истифодаи пурра муддати дароз нигоҳ дошта мешавад. Маълум аст, ки фонди китобхона ҷойи нигоҳдории маводи чопӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо мебошад. (biblion калимаи лотинӣ маънояш китоб, thekeмахзан, анбор)

Истилоҳи «фонди китобхона» фавран пайдо нашудааст. Дар муддати тӯлонӣ фонди ҳама гуна китобхонаҳоро китобӣ меномиданд, зеро дар гузашта (тақрибан солҳои 40-ум) унсурҳои асосии ташкилкунандаи фонд китобҳо, дастурҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо буданд. Китобхонаҳо ҳамеша мекӯшиданд, ки ба истифодабарандагон маълумоти мукаммалтарини ҷаҳониро пешниҳод кунанд. Муайян карда шуд, ки китобҳо танҳо аз се як ҳиссаи он ва боқимонда аз се ду ҳисса иттилооти аслии арзишнок дар ҳуҷҷатҳои ғайрикитобӣ мавҷуд аст, ба мисли наворҳои магнитӣ, микрофилмҳо, варақаҳои иттилоотӣ, маводи нашрнашуда ва ғайра. Бо мурури замон мафҳуми «фонд» дар китобхонашиносӣ маънои васеътар пайдо кард ва истилоҳи «фонди китоб» танҳо он қисми анъанавии фондро, ки дорои нашрияҳои чопӣ мебошад, нишон медиҳад.

Ҳама ҳуҷҷатҳои ба фонди китобхона дохилшударо аз рӯи меъёрҳои гуногун ба гурӯҳҳо (намудҳо) тақсим кардан мумкин аст: мавзуӣ, аз рӯйи соли нашр, ҳаҷми он, матбуоти даврӣ ва ғайра.

Фонди китобхонаҳо аз ҳисоби туҳфа аз шахсони воқеӣ, харидорӣ кардан, гирифтани нусхаи ҳатмӣ ва ғайра пурра карда мешавад. Фонд ягона пойгоҳи ҳуҷҷатии системаи китобхона мебошад, ки аз фонди мақсаднок, мундариҷа ва ҳаҷмҳои гуногун иборат аст. Дар китобхонаҳои бузург фонд аз рӯйи рақамҳои инвентарӣ бо тартиб ҷобаҷогузорӣ карда мешавад. Албатта, ба ғайр аз фонди соҳавӣ. Дар фонди шуъбаҳо бошад, аз рӯйи соҳа бо тартиб гузошта мешавад. Дар низоми китобхонаҳои бузург, ки дорои фонди мукаммал ҳастанд, калонтарин махзан барои нигоҳдошти фонди универсалӣ мебошад.

Принсипи ибтидоии ташаккули фонди китобхонаҳо интихобӣ мебошад, зеро интихоби ҳуҷҷатҳо ин асоси такмили адабиёти муосир ба шумор меравад. Интихоби ҳуҷҷатҳо ё адабиёт ин муайян кардани раванди такмили фонди китобхонаҳо ба мақсад мувофиқ будан ва нигоҳ доштани адабиёти мавҷуда мебошад.

Дар ин росто шуъбаи мукаммалгардонии фонди Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Оиннома, дустуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст.

Шуъба дар асоси нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо, бо роҳи харидорӣ, мубодилаи китобҳо (аз ҷумла мубодилаи байналмилалӣ) ва дигар муомилаҳои воридотӣ пуррагардонии фонди ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва нигоҳдории ҳамешагии онҳоро анҷом медиҳад.

Шуъбаи мукаммалгардонӣ ба воситаи мағозаҳои китобфурӯшӣ, ташкилотҳои соҳавӣ, шахсони алоҳида, тибқи обуна шудан ба нашрияҳои даврии ватанию хориҷӣ дар давоми 4 соли охир (солҳои 2021-2023 ва шашмоҳаи аввали соли 2024) ба фонди муассиса 195119 нусха адабиёт ворид намудааст. Аз ҷумла нашрияҳои ватанӣ 184424 нусха ва нашрияҳои хориҷӣ 10695 нусха.

Таҳлил нишон дод, ки дар 4 соли охир адабиёти ба фонди муассиса воридгардида, 43,6% соҳаи фалсафа, дин, ҷомеашиносӣ, таърих, 1,23% риёзиёт, 3,7% тиб, 0,18% хоҷагии деҳот, 1,6% санъат ва варзиш, 6,5% филологӣ, 0,70% ҷуғрофия, 2,2% илм, фаъолияти зеҳнӣ, санадҳо ва 40,29% адабиёти бадеӣ мебошад.

Солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ рушд ёфт. Китобхонаҳо бо адабиёти тоҷикӣ таъмин карда шуданд. Қаблан (дар замони Шуравӣ) фонди аксар китобхонаҳо бо забони русӣ бештар мукаммал мегардид. Хушбахтона, имрӯз 55% китобҳои навворидшуда бо забони тоҷикӣ мебошад.

Матни комили мақола ин ҷост:
НАҚШИ ФОНДИ ҲУҶҶАТҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНА

Гулҷаҳон АСОЕВА, сардори шуъбаи мукаммалгардонии фонд.