Гулҷаҳон бо як дид…
Имрӯз ба муносибати 33-солаги Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи баргузории “Рӯзи дарҳои боз” як зумра аз кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Гулҷаҳон Асоева – сардори шуъбаи мукаммалгардонии фонд “барои дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, хизмати намунавии давлатӣ ва ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуд.
Гулҷаҳон Асоева аз ҷумлаи чанд корманди пурталоши муассиса аст ва ҳамеша дастовардҳои кориаш дар радифи беҳтаринҳо буда ва шуъбае, ки сарпарастӣ мекнуад, низ аз зумраи беҳтарин шуъбаҳои Китобхонаи миллист.
Гулҷаҳон ҳам то расидан ба сатҳе, ки заҳматҳояш қобили қадршиносӣ бошад, хеле заҳматҳо кашидааст.
Гулҷаҳон зодаи ноҳияи Рӯдакист ва хатмкардаи Донишкадаи забонҳои ба номи устод Улуғзодаи шаҳри Душанбест (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода). Донишкадаро рӯзона бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кард. Ин 18 сол пеш буд.
Пас аз хатми донишкада даъвати устодонро барои идомаи фаъолият чун омӯзгор дар ҳамин боргоҳи илм пазируфт ва ассисенти кафедраи филологияи тоҷики Донишкада шуд ва муддати панҷ сол дар ҳамин вазифа кор кард.
Соли 2011 ба вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети забонҳои Шарқи донишкада таъин шуд, ҳамзамон муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва муовини декан оид ба таълими факултети забонҳои Шарқ буд.
Муддати ду соли баъд дар шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академии системаи кредитии таҳсилоти Донишкадаи давлатии забонҳо кор кард.
Аз соли 2013 то соли 2014 Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ, мудири Шуъба – сармуҳаррири рўзномаи «Паёми донишҷў»-и Донишкада буд.
Аз соли 2014 аз Донишкада рафт ва дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот таъин шуд.
Аз соли 2016 тақдир ӯро бо Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон пайваст.
Аввал дар бахши ҳуқуқ ва кадрҳо сармутахассис буд, аммо соле баъд муовини директор оид ба таълими муассисаи давлатии Маркази таълимии занон “Сарвар” таъин шуд ва дар ин вазифа 3 сол кор кард.
Аз соли 2020 дубора ба Китобхонаи миллӣ баргашт. Сардори шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо буд ва аз моҳи июли соли 2021 Сардори шуъбаи мукаммалгардонии фонд таъин шуд.
Гулҷаҳон дар муддати 18 соли баъди хатми Донишкада як мактаби кору зиндагии пурпечутобу ноҳамворро гузашт, як роҳи пастубаландро тай кард. Дар ин муддат дар чандин зинаҳои роҳбарӣ ҳам фаъолият дошт, бо одамони касбу кори гуногун, ҷаҳонбинии гуногун кор кард. Ҳамвора пухта шуд, зинаҳои корӣ, аз идорае ба идораи дигар роҳи расидан ба ҳадафҳои некро барояш ҳамвор кард.
Аммо то ки ба ин ҷо расад, чи рӯзҳои душвореро ҳам пушти сар гузошт. Ин рӯзҳо чун зиндагии ҳамаи инсонҳо якрангу якнавохт набуданд. Шодӣ ҳам доштанд, ғам ҳам, комёби ҳам ва нобарорӣ ҳам.
Аммо ягона чизе ки ӯро аз зиндагӣ, муносибат бо атрофиён дилсард намекард, ин ҳамон меҳри муҳаббат ба ҳаёт буд. Кам касоне дорем, ки зиндагидӯстдоранд. Онҳо баъди як нокомӣ, як имтиҳони ҳаёт дилсард мешаванд, раҳгум мезананд ва бо ҳамин шамъи умедҳои худро хомӯш мекунанд.
Вале Гулҷаҳон аз ин қабилҳо набуд. Ҳамеша ба умеде паси дарҳои бастаи сарнавишт меистод ва талош мекард он дарҳо боз шаванд, торикиву зулмоти шабҳои ҳиҷрон, шабҳои сарди зиндагӣ, ки шаҳду заҳри онро лозим омад бичашад, равзанаи нури умедро рушан мекарданд ва ӯ аз ҳамин як равзанаи нур ояндаи дурахшонро медид.
Имрӯз ӯ сарварии як шуъбаи хеле муҳими Китобхонаи миллиро ба уҳда дорад. Ҳар китобе, ки ворид мешавад, аввал аз назари кормандони шуъбаи ӯ мегузарад ва баъдан ба дигар шуъбаҳо вобаста ба муҳтавову мавзуъ. Ин аст, ки шуъбаи ӯ ҳамеша бӯи китоби нав мекунад ва ин бӯй фараҳ меафзояд, илҳомеро ба ҷӯш мерад, ки бояд сар хам куниву он китобҳоро ҳарисона аз назар гузаронӣ.
Сарварии ин шуъба масъулияти ӯро хеле боло бурдааст ва кам соате дар ихтиёр дорад, ки бекор биншинад….
Ин чанд сатр ҳамин лаҳза, баъди дарёфти Раҳматномае рӯи коғаз рехт, ки дар шоҳидии кормандону меҳмонон бо тантана тақдимаш шуд.
Шояд гуфтаҳое бошанд, ки нагуфтем. Дарвоқеъ, дар як матлаби ба истилоҳ сарироҳӣ чиро ҳам метавон гуфт?
Бо Гулҷаҳон соатҳо бояд нишаст, то аз рӯзгораш қиссаҳои ибратбахше нақл шавад.
Ин кор шуданист…
Бобоҷон Шафеъ, рӯзноманигор