Гулрухсор: Анвар Олимҷоновро бо шӯхӣ тоҷик-қазоқ меномидем

 Соли 1970 маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” хотираи зумрае аз адбони тоҷик, ширкаткунандагони Даҳаи адабиёти тоҷик дар Қазоқистонро нашр кардааст. Шоирону нависандагони мо таассуроти сафар ба Қазоқистон, шинохташон аз ин кишварро рӯи коғаз овардаву ба идораи маҷалла пешкаш кардаанд. Аз миён  ин хотираҳо навиштаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсорро интихоб кардем ва ҳоло бо ташаккур аз ҳамкорамон Шавқиниссо Носирова, ки заҳмат кашидаву ин матнро рӯнавис кардааст, онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

Ҳанӯз ҳам ман дар банди таассуроти сафари Қазоқистонам, ҳанӯз ҳам аз пеши назарам даштҳои беканор, чеҳраҳои хандону гулдастаҳои тару тоза, меҳмоннавозию хушбошии мардуми саховатманди қазоқ дур нарафтаанд.

Бори аввал ман дар чунин маъракаи калон иштирок доштам ва бори нахуст меҳмони ин сарзамини пурсаховат будам.

Кайҳо боз дар дил орзуи дидани ин диёрро мепарваридам. Кишвари Қазоқро ҳанӯз ҳангоми дар мактаби миёна хонданам ғоибона мешинохтам, дӯст медоштам. Онро ба ман эҷоди Мухтор Авезов ва Собит Муқанов шинос карда буданд. “Шунидан кай бувад монанди дидан” мегӯянд. Имрӯз ман ин сарзаминро бо чашмони худ дида ва мафтуни он шудам. Биноҳои бисёрошёнаи хушнамуд, кӯчаҳои васеи гулпӯш дили бинандаро беихтиёр мебурданд. Тирамоҳи Олмаато ҳусну латофати аҷибе доштааст. Шаҳр дар оғуши дарахтони хушнамуди сарву санавбар, тӯсу сада намуди аҷибе дошт. Бародарони қазоқ се сол боз омадани моро интизор буданд, мо инро дар ҳар қадам ҳис мекардем. Сафари мо даҳ рӯз давом кард Мо дар ин муддат дӯстони меҳрубони зиёде пайдо кардем.

Аммо пазироии талдиқурғониҳо як умр аз лавҳи хотири мо дур намеравад.

Тирамоҳи заррин кайҳо дар ин сарзамини васеъ домани пурнеъмати худро паҳн карда буд. Колхозчиён ҳосилро ғундошта, барои соли оянда заминҳоро тайёр мекарданд. Борони барфолуд меборид. Аммо барои оянда заминҳоро тайёр мекарданд. Борони барфолуд меборид. Аммо бачаҳо моро бо гулҳои тару тоз истиқбол гирифтанд. Мо дар ҳайрат будем, ки мизбонони қадрдон ин гулҳои тару тозаро дар ин фасл аз куҷо пайдо карда бошанд. Гулдастаҳои тирамоҳӣ аҷаб хушрангу бӯе буданд. Духтарчаи дӯстрӯе ба ман дастагуле тақдим кард. Ба димоғам бӯи форами гулҳои хонагӣ расиду диламро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт. Бародарони қазоқ барои мо аз гулҳои хонагӣ гулдастаҳо бастанд.

Даҳ рӯзи тамом яке аз адибони намоёни қазоқ Анвар Олимҷонов ҳамсафари мо буд. Пештар ман бо асарҳои Анвар шинос будам, аммо бо ин ҷавони меҳрубону хоксор бори аввал ҳамсуҳбат мешудам. Мо ӯро бо шӯхӣ “тоҷик-қазоқ”меномидем, Анвар Тоҷикистони моро нағз медонист, дар бораи сарзамини тоҷикон бо самимияту эҳтироми махсусе сухан мегуфт, шеърҳои Рӯдакию Фирдавӣ, Хайёму Саъдиро аз ёд мехонд. Чанд сол пеш баъди сафари диёри Рӯдакӣ ва Помиру Вахш Анвар китоби аҷиберо бо номи “Тахти Рӯдакӣ” навишта буд. Анвар дар бораи асрори даштҳои нопайдоканор, дар бораи халқи қазоқ ва таърихи бои он, дар бораи аввалин маорифпарварони қазоқ Чокан Валихонов, нахустин инқилобчии шӯълавари қазоқ Абай Қунанбоев ва устоди худ Мухтор Авезов нақл мекард.

Аз рӯзи аввали сафар ман аз дӯстони қазоқам илтимос мекардам, ки ба ман авул ё ягон юртеро нишон диҳанд. Дар роҳ ба деҳаҳои ободу зебое дучор мешудем, ки роҳбаладамон “ана ҳамин авул аст” мегуфтанд. “Агар авулаш ҳамин бошад, пас шаҳраш кадом аст?” мепурсидем мо. Дар ҳақиқат роҳбалад ба мо авулро, авули имрӯзаи қазоқро нишон медод.

Дар яке аз рӯзҳои сафар мо дар миёни ду дашт ду каппаеро дидем. Каппаҳо дар миёни дашти беохир ба чашми бинанда мисли ду холи сиёҳ метофтанд. Якбора чанд машина роҳи худро дигар кард. Мо ба он сӯй роҳ гирифтем. Мехостам юртеро бинам, ки дар он Абай, Ҷамбул, Валихонов, Авезов барин фарзандони шуҳратманди қазоқ ба дунё омадаанд. Соҳибони юрт моро бо рӯи кушод пешвоз гирифта ба юрт даъват карданд. Мо дохили юрт шудем. Даруни юрт бо асбобу анҷомҳои миллии қазоқӣ оро дода шуда буд. Дар сутунчаи пойгоҳи юрт думбурае овезон меистод, соҳиби ӯ шояд ҳамон чупонӣ ҷавони навхатест, ки рамаи худро дуртар аз юрт мечаронд.

Шояд дар чунин юрт Абай бо маҳбубаи худ Айгерим мулоқот карда, аз сурудҳои диловези ӯ рӯҳ мегирифт, шодӣ мекард, ғусса мехӯрд ба ҳамаи ин боиси ба дунё омадани шеърҳои диловези ӯ мегардиданд. Шояд бори аввал дар ҳамин юрт  Мактуби Татьяна ба Онегин”-ро барои Айгерим мехонд. Дар гирду атрофи юртҳо бачаҳои бисёре машғули бозӣ буданд. Моро дида ба наздамон омаданд, вохӯрӣ карданд, ҳангоми хайрухӯш, ҳокимони ояндаи ин дашти беканор аз қафои мо муддате дастчаҳояшонро меафшонданд..

Дар яке аз вохӯриҳо ба ман думбурае тақдим карданд, думбурае, ки оқини машҳури Қазоқ Ҷамбул Ҷабаев бо созу навоҳои дилошӯби он суруди бахту иқболи диёри озод ва фарзандони меҳнатдӯсту шӯҳратманди худро месуруд, васф мекард..

Ангуштони ман аллакай бо торҳои сеҳрноки ин думбура одат кардаанд. Ҳоло думбури қазоқӣ базми хонадони тоҷикро гарм мекунад. Ҳар гоҳе ки ин думбураро ба даст гирам, аз торҳои нозуку сеҳркори он оҳанги форамӣ дӯстӣ баланд  садо медод.

Гулрухсор, Шоири  халқии Тоҷикистон

Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1970 №1

Таҳияи Носирова Шавқинисо, мутахасис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.