Гулрухсор. Ман он шамъам, ки механдам гириста ….

Гулрухсор-Сафиева«Ҳунар мавҷуде иҷтимоӣ ва ҳунарманд узве аз ҷомеа аст. Бинобар ин, робитаи ҳунар ва ҷомеа робитаи хешовандист. Аз як сӯ, ҳунарманд чизе халқ мекунад, ки ҷомеа аз ӯ мехоҳад ва аз он сӯ, ҷомеа ҳунареро парвариш медиҳад, ки лоиқи худ медонад» омадааст дар маҷмуаи «Чароғи сурхи танҳоӣ» (рубоӣ, дубайтӣ, байт), ки дар ҳаҷми 500 саҳифа, Фарҳангистони форсии тоҷикӣ соли 2017 нашр кардааст. Мачмуа, ки бо хати сирилик ва форсӣ чоп шудааст, дар Точикистон ва Эрон рунамоӣ шуда, истиқболи гарму самимии хонандаи ҳар ду кишварро дарёфт.

Барои муаллиф истиқболи гарми хонандаи осораш ҳамеша пайки дилхоҳу фараҳбахш аст.

Қисми назарраси дубайтиҳо бо иловаи навсурудаҳо аз маҷмуаи «Чароғи сурхи танҳоӣ» интихоб шуд. Бидуни шак муаллиф, мунаққид ва муҳаррири ҳама эҷодҳои мондагор мардум аст. Дар адабиёти ҳазосолаи орёитаборон, хоса тоҷикон, дубайтӣ дар канори рубоӣ ҳамеша воситаи мақбули мухтасар баён намудани дарду шодӣ, бурду бохт, гиряву ханда… будаву хоҳад буд:

Уболи ман, савоби ман, куҷоӣ?
Саволи беҷавоби ман, куҷоӣ?

Зи бехобӣ, зи бехобӣ бимирам,
Ало, доруи хоби ман куҷоӣ?

Ба дарки ман муаллифи ҳарфи мавзун, аҷаб нест, ноогоҳона зан ё марде будааст, зеро аксар манзумаҳо бо суолу ҷавоб оғоз шуда, оқибат ҳадафи гӯянда равшанӣ мехоҳад. Гоҳе баръакс, дидаву дониста худро ба нодонӣ зада, кулли мақсаду маромашро бар дӯши байте ё мисрае бор мекунад, ба қавли маъруф «ёбу гир!» ва ҷавоберо интизор нест. Чизи дигаре ба назарам бархӯрд, рубоӣ хоси адабиёти куҳани шаклгирифта буда, дубайти ҳаваснома ё ғамсароии  шоирони шаҳрнишинанд.

Ин нукта дар китоби «Фолклори водии Қаротегин», ки солиёни дароз бо кумаки ворисони ин ганҷи бебаҳо гирд овардаву нашр кардам, ёдрас мешавад.

Аз ин китоб ба он хотир ёд шуд, ки аксар осорашро рубоӣ, хоса рубоиёти офаридаи занҳо ташкил медиҳанд:

Гул гуфт, маро зи боғ оҳиста баред,
Ман нозукаму маро ба гулдаста баред.

Дар кӯчаи ошиқон маро металабанд,
Ман бегунҳам, чаро маро баста баред!

Ин рӯбоӣ, ин таронаи латиф муаллиф надорад, балки дорад, аммо гумном. Алҳақ офарандаи ҳама осори мондагор худи халқ, соҳиби забон аст.

Дубайтӣ чун рубоӣ шакли шеърии кутоҳҳаҷми пургунҷоиш буда, дар баёни ҳоли мухотаб, гӯянда ва шунаванда гуворост.

Дубайтиҳои ошиқонаву орифонае, ки намунаи олияшонро Боботоҳири Урён ба ёдгор гузоштааст, воситаи писандидаи гуфтушуниди орифонаву ошиқона аст.

Ишқ, ишқе, ки устодаш шогирд, шогирдаш мактаб надорад, аламбардори дубайтист:

Ҳама афсонаҳо эҷоди ишқанд,
Ҳама сарводаҳо фарёди ишқанд.

Ҳама дилдодаҳо хешу таборанд,
Ҳама аз зоти отшзоди ишқанд…

Маълум аст, ки нахуст мусиқии шеър пайдо мешавад, сипас вазн шакл гирифта, андеша шеър месозад. Андешаи фарогир дар қобу қолаб намегунҷад ва шоирро аз пайи ҷустуҷӯ мебарад. Шеър асрор асту асрор хохад монд, на танҳо барои хонанада, балки барои шоир низ…

Намехоҳам гули гулдон бошам,
Хазони фасли гулгардон бошам.

Чу ирфон ишқ ҳасту ишқ ирфон,
Ҳамехоҳам гули ирфон бошам.

Гулрухсор

Сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ устод Гулрухсор ба китоби нави худ “Гули ханҷарӣ”, ки соли 2022 чоп шудааст. Ва тавре аз сарсухан пай бурдед, шоираи ширинкалом дубайтиҳои худро гулчин кардаву дар як китоб ҷо додааст.

Китоби “Гули ханҷарӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА