Гулшании  Кошғарӣ кист?

Гулшании  Қошғарӣ шоири тоҷик (асри 16) зодаи Мавароуннаҳр. Дар синни камолот ба Кошғар кўчидааст. Донандаи хуби забони арабӣ ва илмҳои замонааш буд. Аз ашъори лирикиаш табъи нозук, дили беқарор ва аз шеърҳои ахлоқиаш дониши комил ва таҷрибаи зиёди рўзгор доштани шоир маълум мегардад. Дар таскираҳо ўро «Кошғарӣ» низ гуфтаанд.

Мутрибӣ дар «Таскироту-ш-шуаро» аз мероси Гулшании  Кошғарӣ намуна овардааст, ки аз маҳорати баланди шоирии ў гувоҳӣ медиҳад. Намунае аз эҷодиёти ў:

Ман ба даште пой менамоям, ки ў ғампарвараст,

Ё ба саҳрое, ки ҳавли ў зи дўзах бадтар аст.

Ман наям булбул, ки баҳри гул ниҳам дил бар чаман,

Тоири оташпарастам, манзили ман озар аст.

Ончунон хў кардаам бо хору хошоки дараш,

Кай ниҳам паҳлу, агар худ аз ҳарими бистар аст.

Завқи ислом он қадар дар дил намепечад маро,

Орзўи куфри зулмат, солҳо шуд, дар сар аст.

Хоксори ин дарам шуд солҳо чун Гулшанӣ,

Бар умеди он, ки гўи хоксори ин дараст.

 

Бозчоп аз «Энсклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 574.

Муаллиф: У.Каримов

 

Шуъбаи библиографияи миллӣ.