Гурез Сафар: Осон набувад ба дай баҳор овардан…

Пешвои миллат Меҳрномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Азизи дилҳо”-ро, ки ба тозагӣ чоп шуда буд, муаррифӣ карда будем. Ин маҷмуаи ороишёфта бо расмҳои зебои нодир дарбаргирандаи шеърҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидаи муаллиф мебошад, ки  солҳои гуногун иншо шудаанд. Ҳамзамон як силсилаи шеърҳо дар мавзӯи Истиқлол, шаҳри Душанбе, Наврӯз ва ғайра низ дар ин китоб ҷо дода шудаанд, ки хеле ҷолибу хонданианд.

Ҳамкорамон Масрура Мирзоҳасанова аз ин маҷмуа чанд шеъри ҷолибро интихобан китобат кардааст, ки ҳоло пешкаши шумо, хонандаҳои азиз мекунем.

Ҳар ҷо қадам гузорӣ,
Тухми сафо бикорӣ.

Ободие биёрӣ,
Файзи ту пеш-пеш аст

Имрӯз ҳар диле шод,
Аз дарду ғусса озод.

Ҷамъу саодатобод.
Аҳар хотири пареш аст.

Чун сарбаланди дунё,
Бошӣ азиз ҳар ҷо.

Меҳрат ба умқи дилҳо.
Бас беҳисобу беш аст.

ЭҲДА БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Осон набувад ба дай баҳор овардан,
Ё рӯшание бар шаби тор овардан.

Бар қалби зи ҳузн беқарори мардум
Осоишу шодиву қарор овардан.

Бар зини саманди орзуву армон
Афтодаи зорро савор овардан.

Пайваста ба мисли боғбони доно
Гулбоғи умедро ба бар овардан.

Бигзашта зи байни оташи давру замон,
Бар сардии давру нуру нор овардан.

Бояд, ки чу Пешво худодод шавӣ,
То битвонӣ бахту барор овардан.

ДУШАНБЕ

Эй шаҳри дӯстдорам,
Эй шаъну ифтихорам.

Тоби ҷудоӣ аз ту,
Як лаҳзае надорам.

Ҷову макон, Душанбе.
Монӣ амон, Душанбе.

Рӯидаем аз ту,
Сабзидаем аз ту.

Сад гуна меҳрубонӣ,
Хуш дидаем аз ту.

Чун боғбон Душанбе
Монӣ амон Душанбе.

Шаҳре чу боғу бӯстон,
Эй рашки сад гулистон.

Васфи туро ба дафтар,
Ҳаргиз наяст поён.

Сад достон Душанбе,
Монӣ амон, Душанбе.

РУБОИЁТИ НАВРӮЗӢ

Наврӯз, биё,биё ту, Наврӯз, биё,
Бар дарду ғамон туӣ, ту пирӯз, биё!

Аз ҳар дили торик бубардор ғубор.
Наврӯз- чароғи ваҳдатафрӯз, биё.

Наврӯз, ба гулҳои тару тоза биё,
Бо дағдағаву шукӯҳу овоза биё!

То аз нафасат шукуфта гардад дилҳо,
Бар ҳар дилу бар ҳар дару дарвоза биё!

Наврӯз, ки ҷашни беҳтарин мебошад,
Бо суннати беш нозанин мебошад.

Эй дӯст, биё, зи рафтагон ёд кунем,
Як суннати Наврӯз ҳамин мебошад.

*******

Бигзашт дайу баҳору Наврӯз омад,
Бар дашту даман арӯси гулдӯз омад.

Шодии дили пиру ҷавонро дида,
Гуфтам, ки муқобили ғаму сӯз омад.

Наврӯзи Ватан аҷаб дилоро бошад,
Хушруйтарин баҳори дунё бошад.

Шукронаи ин Ваҳдату ин Истиқлол,
Наврӯз ба ин ҳар ду гуворо бошад.

Шаъну шарафу барор Истиқлол аст,
Ободии рӯзгор Истиқлол аст.

Сарсабзии ҳар нахл агар ҳаст баҳор,
Бар мулки дилам баҳор Истиқлол аст.

Таҳияи Масрура МИРЗОҲАСАНОВА,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ