Гӯшаи китобҳои навворидшуда — равзана ба ҷаҳони тозаи дониш

Дар давоми як ҳафта 43 номгӯ китоби тозавуруд ба гӯшаи Китобҳои нав воридшудаи ошёнаи аввали бинои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Гӯшаи китобҳои нав беш аз як сол шуд амал мекунад ва ҳар ҳафта масъулон ин гӯшаро бо китобҳои тозавуруд нав мекунанд. Инҳо асосан китобҳое мебошанд, ки муаллифон ё нашриётҳо чун нусхаи ҳатмӣ ба Китобхона супурдаанд.
Гӯшаи мазкур барои дӯстдорони китоб имконияти хуб фароҳам меорад, ки бо навтарин осори илмӣ, таълимӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва соҳавӣ шинос шуда, вобаста ба завқу эҳтиёҷи худ адабиёти заруриро интихоб намоянд.
Дар қатори китобҳои нави Гӯшаи мазкур навиштаи Сироҷиддини Эмомалӣ – “Рушди мактабҳои илмии филологӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ” ба чашм мехӯрад, ки соли ҷорӣ дар нашриёти “ЭР- граф” дар ҳаҷми 568 саҳифа чоп шудааст. Китоб ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуда, таърихи ташаккул ва рушди илмҳои филологиро дар мактабҳои олии таълимӣ ва илмии ҷумхурӣ дарбар гирифта, ҳамчун маводди илмӣ – таълимиро барои доираи васеи хонандагон тавсия додааст

Китоби дигар романи “Карими Шиш”-и нависандаи маъруф Зариф Ғулом аст, ки нашриёти “Адиб” соли 2026 чоп кардааст. Муаллиф дар ин китоб аз саргузашти ғамангези ҳунарманди беҳамтои мардумӣАбдукарим Ёрмаҳмадов, ки миёни мардум бо номи Карими Шиш машҳур аст, қисса кардааст. Ин сарнавишти ғамангез дар тасвири адиби шинохта басо таваҷҷуҳбарангез аст ва хонанда дар канори тақдири Карими Шиш бо рӯйдодҳои дигари замони хунёгари шинохта ошно мешавад.
Қурбоной Давлатзода, ки бо тахаллуси Наргис иншо мекунад, ин бор ба ҳаводорони осораш китоби “Забони об”-ро туҳфа кардааст. Ин китоби тозанашр низ гӯшае аз намоиши китобҳои навро оро додааст.
Хонандагон дар Гӯшаи китобҳои нав воридшуда метавонанд бо китоби нависандаи тоҷикзабони ӯзбекистонӣ Абдубароти Қодирӣ “Аз ёдҳо, аз ёдҳо…”, ки аз суҳбату вохӯрӣ ва хотираҳо бо аҳли эҷоду хунар мураттаб шудааст, ошно шаванд. Дар маҷмуаи чаҳоруми Абдубароти Қодирӣ як силсила мақолаҳо аз суҳбату вохӯрӣ ва хотираҳо, ки дар шакли назму наср эҷод гардиданд, ҷой дода шуд. Ногуфта намонад, ки як қисми ин мақолаҳо қаблан дар рузномаву маҷалла ва китобҳои алоҳида дар шакли мухтасар чоп шуда буданд ва дар китоб пурра ҷой дода шудаанд.
Китоб соли ҷорӣ дар нашриёти “Маҳорат”-и шаҳри Самарқанд чоп шудааст.
Гӯшаи китобҳои навворидшуда на танҳо макони муаррифии китобҳои тозанашр, балки як воситаи муҳими ҷалби хонандагон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мебошад. Зеро ҳар китоби нав метавонад барои хонанда дари наверо ба сӯи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ боз намояд.
Шукрона ШЕРЗОДА,
мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.