Густариши ҳамкориҳои илмию-фарҳангии Китобхонаи миллӣ бо Олмон

Китобхонаи миллӣ бо ОлмонМуассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чандин китобхонаҳои бонуфуз ва муассисаҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Моҳи ноябри соли 2024 ваколатдори махсуси Вазорати корҳои хориҷии Федералии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Конрад Артс фон Штрауссенбург ба Китобҳонаи миллӣ ташриф оварда, бо директори Китобхона профессор Файзализода Ҷумахон Хол доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи оянда мулоқоти корӣ анҷом дод ва ҳамучун аз маъхази осори бостоние, ки дар Осорхонаи Китобхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шудаанд, дидан карда, таассуроти амиқи худро бо миннатдории самимона изҳор дошт.

Дар ин мулоқот, ки миёни Китобхонаи миллӣ ва Институти Гёте Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои ҳарду муассиса ҷиҳати рушди китобдорӣ, системаҳои иттилоотӣ ва мусоидат ба фаъолияти муштараки иҷтимоию фарҳангӣ мебошад.

Дар фондҳои Китобхонаи миллӣ  китобҳои зиёде ба забони олмонӣ мавҷуданд, ки онҳо дорои арзиши бадеӣ, илмӣ ва библиографӣ буда, қисмате аз онҳо ёдгориҳои арзишманди хаттии асрҳои гузашта мебошанд. Шуъбаи адабиёти хориҷаи Китобхонаи миллӣ китобҳои дастхат ва нодирро, ки шуруъ аз асрҳои XVII бо забони олмонӣ нашр шудаанд, аз бойгонии Китобхона ба ҷевонҳои шуъбаи адабиёти хориҷа  интиқол дода, барои олмоншиносон, муҳаққиқон ва алоқамандони зобони олмонӣ дастрас кард. Шурўъ аз соли нави мелодӣ хонандагон, ҳаводорони илму фарҳанги Олмон метавонанд аз ин китобҳои нодир фаровон истифода кунанд.

Ҳамчунин, китобҳои нодир на танҳо дастхатҳои қадимӣ, балки асарҳои илмию оммавӣ ва намунаи шоҳкориҳои назму насри ҷаҳон, ки ба забонҳои гуногун дар китобхонаҳои ин ё он кишвар мавҷуданд, низ ба ҳисоб мераванд.

Фонди ёрирасони шуъбаи адабиёти хориҷаи Китобхонаи миллӣ имрўзҳо имконияти фаровон дорад, барои муҳаққиқон, донишҷўён, забономўзон, кишваршиносон ва ғайра теъдоди зиёди чунин асарҳоро пешкаш намояд. Дар фонди шуъба, ки бевосита дар толори хониши шуъба ҷойгир шудааст, китобҳои арзишманди илмиву бадеии муосир ба бештар аз 63 забон гирд оварда шудаанд. Ин гуна китобҳо ба донишҷўён на танҳо манбаи дониш, балки воситаи хуби забономўзӣ низ ба шумор мераванд.

Кайхусрави Субҳонзод, мутахассиси шуъбаи адбиёти хориҷӣ