Гузориш аз маҳфили «Зеҳни китобхон қавию қалбаш равшан» дар Китобхонаи миллӣ

Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили нави маърифатӣ таҳти унвони «Зеҳни китобхон қавию қалбаш равшан» баргузор шуд. Маҳфил ба ифтихори солҳои 2026–2030 – «Солҳои рушди фарҳанги китобхонӣ» таъсис ёфта, ба рушди ҷаҳонбинӣ, тақвияти дониш ва боло бурдани завқи мутолиаи наврасону ҷавонон равона шудааст.
Нахустин маҳфил 31-уми июли соли 2026 бо иштироки хонандагони фаъоли шуъба ва довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида буд. Барномаи маҳфил дар шакли викторина ва суолу ҷавоб миёни ду гурӯҳи хонандагон роҳандозӣ шуда, иштирокчиён маҳорати донишандӯзӣ, ҳозирҷавобӣ ва фарҳанги муоширати худро нишон доданд.
Дастаҳо ба ифтихори ду чеҳраи барҷастаи адабиёти тоҷик – устодони каломи бадеъСадриддин Айнӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакӣномгузорӣ шуда буданд.
Озмун аз се бахш иборат буд:
Ровигии маҳфилро хонандаи фаъоли шуъба Ҳисайн Раҳмонов, хонандаи синфи 10-уми ноҳияи Муъминобод, бар уҳда дошт. Ӯ бо маҳорати хуб ҷараёни викторинаро идора намуда, аз иҷрои вазифаи худ сарбаландона баромад.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастӣ дастаи «Садриддин Айнӣ» бо касби холҳои бештар ғолиб дониста шуд.
Бо вуҷуди он ки маҳфил бори аввал баргузор гардид ва баъзе ҷанбаҳои ташкилии он ниёз ба такмил доранд, чорабинӣ боиси хушнудии иштирокчиён ва ҳозирин гардид. Мутахассисони шуъба изҳор доштанд, ки бо дарназардошти таҷрибаи нахустин, барои такмил ва ғанӣ гардонидани муҳтавои маҳфил дар оянда тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Ин иқдом яке аз маҳфилҳои муҳими шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар самти тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби бештари наврасон ба мутолиа ба ҳисоб рафта, минбаъд низ ба таври мунтазам баргузор хоҳад гардид.
Инобат БОБОЕВА