Хӯрок намехӯрд, вале ба маблағи он китоб мехарид

Муртазоалӣ Муродов омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 5- и шаҳр Истаравшан. Дар номинаи “Эҷоди назму наср”  дар бахши  наср соҳиби ҷои якум шуда аст. Ифтихор дорад, ки дар бахши “Шоҳҷоиза” бо ширкаткунандагон қувваозмоӣ намудааст.

 

 Озмунро хеле шаффоф унвон карда, афзуд доварон шахсони салоҳиятдор ва мутахассисони варзидаи кишвар, адибон олимон ва адабиётшиносон ҳастанд. Иштирокчиён низ бо тайёрии хубу  пухта омада буданд. Аксари ширкаткунандагонро ҷавонон ташкил медоданд. Мақсади асосии озмун низ ҳавасманд ва раҳнамоӣ кардани ҷавонон аст, ҳамчунин болу пар бахшидан ба онҳост. Мирзоалӣ Муродов бовар дорад озмун дар солҳои оянда низ пухтатар мешавад.

Ин ҳамсуҳбатам дар даври шоҳҷоиза иштирок карданро  муваффақият медонад.

Дар ин сабқат байни ширкаткунандагон табиб ҳам буду геолог ҳам, ки онҳо дӯстдори адабиёт буданд, ҳаводори сухани ноби тоҷикӣ буданд.

-Ин ҷо базми сӯхан аст, базми назму наср аст, базми сухани бадеъ аст, идома дод мусоҳибам.

Ӯ ба ин номина 1 қисса, 5 ҳикоя, 1 драмма ва 2 эссе пешниҳод намуд.

Ин омӯзгор бештар ба навиштани қисса ва ҳикоя машғул буда, ба нақди адабӣ низ пардохта аст.

Маҳсули эҷодаш дар нашрияҳои “Адабиёт ва санъат”,  “Паёми Суғд”, “Садои Шарқ,  ва “Омӯзгор” рӯи чоп омадаанд.

 Ӯ, ки соли аввал аст иштирок мекунад, бо ташвиқи устодон Озарахш, Абдулҳамид Самад ва Маъруф Бобоҷон ширкат намуда, муваффақ шуд.

Ба гуфти ӯ озмун асосан барои ҷавонон аст, аммо мо бояд роҳнамо бошем, таъкид намуд  ӯ.

Ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ дар китобхонаи ӯ зиёда аз 2500 китоб мавҷуд аст, ки тамоми асарҳои шоҳкорҳои ҷаҳонро низ дар бар мегиранд. Он вақт китоб хеле арзон буд. Рӯзе хӯрок намехӯрд, вале ба маблағи он китоб мехарид.

 Вақте китобҳои Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафӣ ва дигарон чоп мешуданд онҳоро дарёфт кардан мушкил буд. То минтақаи онҳо намерасид он китобҳо. Дар замони Шӯравӣ китобҳои классикони ҷаҳонӣ бо роҳи обуна, яъне бо нашри махсус чоп мешуданд.

Дар шаҳри Душанбе як мағозае буд, ки бар ивази қоғазпораҳо  китоб медод. Китобҳои  Эрнест Ҳемингуэй, Виктор  Ҳуго, Оноре де Балзакро аз ҳамон мағоза харидорӣ намуда аст.

Раҳима Аъзам.