Хабарҳо аз сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Данғара

Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти томактабии Зирамоҳ дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии Зирамоҳро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Раҳимҷон Саидзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он 30 корманд, аз ҷумла 26 мураббия ва ёварони онҳо, ба тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.
Кӯдакистон аз 20 ҳуҷраи машғулият, аз ҷумла 10 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ҳуҷраҳои машғулият барои рушди қобилияти зеҳнӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муассиса ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳо бо оби гарм таъмин мебошанд. Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои рушди қобилияти эҷодии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад. Дар саҳни бино инчунин айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳои кӯдакон сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдоми созандаи соҳибкори ҳимматбаланд Раҳимҷон Саидзода изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҳбари давлат зимни суҳбат бо омӯзгорон ва масъулон ба масъалаи таълиму тарбияи босифат, рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва истифодаи усулҳои муосири таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон таъкид карданд, ки кӯдакон аз синни хурдсолӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, дар қалби онҳо эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва муҳаббат ба обу хоки аҷдодӣ ҷой дода шавад.
Дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии Зирамоҳ гулгашти зебо бунёд гардида, барои баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату фароғати сокинони деҳа пешбинӣ шудааст.
Дар ду паҳлуи гулгашт айвончаҳо сохта шуда, барои истироҳати сокинони деҳа ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун истифода мешаванд. Дар ҳудуди гулгашт дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, гирду атрофи он ободу зебо гардонида шудааст.
Шомгоҳон бо фурӯзон гардидани чароғҳои равшанидиҳанда гулгашт намои зебо пайдо карда, ба ҳусни муассисаи томактабии Зирамоҳ ва муҳити атроф зебоии хос зам менамояд.
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ОРЗУ ДАР ДЕҲАИ САФЕДОБИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии Орзуро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навсохт дар деҳаи Сафедоб ягона муассисаи томактабӣ ба шумор меравад, ки бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани насли наврас бунёд шуда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст .
Бинои хуштарҳу замонавӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби оилаи Рауфзодаҳо бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, дорои 9 синфхонаи барҳавои таълимӣ, хобгоҳ, толори мусиқӣ, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ ва ёрирасон мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар бо аввалин тарбиятгирандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбат карда, масъулонро ба тарбияи дурусти кудакон ва истифодаи шароити фароҳамшуда ҳидоят намуданд.
Барои тарбияи кудакон, парасторони дорои таҷрибаи баланд ва донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд ва раванди таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ сурат мегирад.
Роҳбари давлат иқдоми оилаи Рауфзодаҳоро барои бунёди кӯдакистон ва дигар иншооти хизматрасонӣ намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино дар баробари пайваст шудан бо системаи ягонаи гармидиҳӣ, ҳамзамон бо таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин аст.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино айвону нишастгоҳҳо ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудааст.
Соҳибкорони ноҳияи Данғара дар амали сохтани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, мактаби садоқату боварӣ барои фардои дурахшон, таъмини зиндагии шоита барои насли имрӯзу фардо ва дар самти эҳсоси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандустиву раиятпарварӣ намураи ибрат гардиданд.
Танҳо дар доираи сафари корӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 кудак бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бо дастгирии соҳибкорон ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 5 кудакистони дигар идома дорад.
Аз соли 2024 то ин давра зиёда аз 10 муассисаи томактабӣ барои 3000 кудак сохта шудааст, ки ин намунаи олии дастгирии соҳибкорону шахсони ватандусти ноҳия аз ташаббуҳои созандаи Роҳбари давлат нисбат ба насли ояндаи кишвар шаҳодат медиҳад.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАҶМААИ ВАРЗИШИИ БОЛОПӮШИДА ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ 9-УМИ ДЕҲОТИ ШАҲРАКИ ДАНҒАРА
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуданд.
Иншооти мазкур бо ташаббус ва иқдоми соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Сафарзода, дар пайравӣ аз сиёсати созандаву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ободонии маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва фароғати сокинон саҳми арзанда гузоштааст.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав дар ҷойи қаблан нообод ва бекорхобида бунёд гардида, бо анҷоми корҳои созандагӣ симои ин мавзеъ ба куллӣ дигаргун шудааст. Акнун ҷойи қаблан бесамар ба гӯшаи зебову обод ва макони муносиб барои машқу тамрини варзишӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ва наврасон табдил ёфтааст.
Майдони варзишӣ дар масоҳати 6 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шуда, барои баргузории намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол ва баскетбол, шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Дар иншоот ду майдони болопӯшидаи муосири варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон ҷойгир буда, онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Майдонҳо бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, барои машқҳои пагоҳирӯзӣ, тамрини дастаҳои варзишӣ ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ имконияти хуб фароҳам меоранд.
Майдончаи бозии кӯдакон низ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои бозиҳои шавқовару судманд ва фароғати кӯдакон муҳити мусоид фароҳам овардааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара то имрӯз 23 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла толорҳои машқу тамрин, майдончаҳои муосири варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба ташаббуси соҳибкор ва корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки фароҳам овардани чунин шароити замонавӣ барои наврасону ҷавонон яке аз омилҳои муҳими тарбияи ҷисмонии насли наврас, рушди истеъдодҳои варзишӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадҷон Сафарзода наздик ба 3 километр роҳҳои атрофи иншоот ва кӯчаҳои ҳамшафати он мумфарш карда шудааст.
Ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам гардонида шуда, чароғонкунии он дар вақти шаб ба муҳити атроф ҳусни тоза бахшидааст.
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 95 ВОҚЕЪ ДАР МАҲАЛЛАИ 4-УМИ ШАҲРАКИ ДАНҒАРАИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муддати камтар аз ду сол ва қабл аз муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ҳамчунин аз китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуд аст, ки хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд.
Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд.
Баҳри иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкасб гардонидани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Духтарон баробари омӯхтани дӯзандагӣ, ҳамзамон бо роҳнамоии омӯзгорон метавонанд бо нозукиҳои касбу ҳунарҳои дигар низ бохабар шаванд.
Дар назди муассисаи навбунёд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба зинаи ибтидоии таълимӣ маркази инкишофи барвақтии кӯдак низ фаъолият мекунад, ки ҳоло дар он 24 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шудааст. Осорхона бо тарҳи муосир оро ёфта, дар он экспонатҳо аз зиндагию корномаҳои Пешвои миллат, овони мактабӣ то замони давлатдориашон ҳикоят мекунанд.
Ҳадаф аз таъсиси осорхона пеш аз ҳама тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани воқеияти зиндагию корнома ва ҷонбозию фидокориҳои Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврас мебошад.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимии навбунёд толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои баскетболу волейбол ва як майдончаи варзишии дигар дар саҳни бино барои бозии футбол сохта шудааст.
Дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 250 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки дорои 200 ҷойи нишаст мебошад.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 45 омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд. Мактаб дорои таҷҳизоти гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фасли зимистон гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам карда шудааст, ки ба ташаккули ҳисси зебоипарастии хонандагон мусоидат менамояд. Роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат ва гирду атрофи иншоот низ бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Гуловҳо наздик ба як километр мумфарш карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.