Хати мехӣ ва давраи ташаккули он

Хати-мехӣХати мехӣ хате аст, ки тавассути қавмҳои бостонии Осиёи ғарбӣ, ба монанди шумериҳо, ошуриҳо, бобилиҳо, эламиҳо ва эрониҳо аз ҳазораи сеюми пеш аз милод то асри аввали милодӣ барои навиштан истифода мешудааст. Дар ин хат калимаҳо, ҳиҷоҳо ва ҳарфҳо аз навиштаҳои мехмонанде, ки дар паҳлўи ҳам қарор гирифтаанд, дуруст шудааст. Ин мехмонандҳо бо вобаста ба ҷойгиршавиашон чор унсурро ташкил медиҳанд. Унсури панҷум ҳам вуҷуд дорад, ки аз таркиби ду «мех» ба шакли амудӣ бо даҳони боз ба самти рост навишта мешавад.

Аз нигоҳи донишмандон шумериҳо нишонаҳои хати мехиро тақрибан 2900 сол пеш аз милод дар каронаҳои поёнии дарёи Даҷла ва Фурот барои содатар намудани хати тасвирӣ сохтаанд. Акодиҳо низ бо кўч бастан ба Бобил тақрибан 2600 сол пеш аз милод хати мехиро аз сумериҳо омўхтанд. Хати мехии акодӣ-шумерӣ шаклҳои хеле печида ва мушкил доштанд. Ин хат беш аз ду ҳазор нишона ва бист ҳазор ҳузворишҳо дошт. Баъдан бобилиҳо бо коҳиш додани теъдоди нишонаҳои хати мехӣ, онро ба 350-400 нишона камтар карданд.

Дар замони фармонравоии акодиҳо хати мехӣ ба Ошур ва Элам паҳн гардид. Хати мехӣ 2000 сол пеш аз милод дар Сурия ва ба воситаи онҳо хеттиҳо ҳам бо ин хат ошно шуда, аз ин хат истифода мекарданд. Ин хат 1400 сол пеш аз милод хати байналмилалии бахши бузурги ғарби Осиёро ташкил медод. Дар ҳазораи аввали пеш аз милод дар Урарту (кунун дар ҳудуди Арманистон ҷойгир аст) ҳам хати мехии ошурӣ роиҷ гардид. Аҷдодони мо дар асри панҷуми пеш аз милод аввалин бор бо фармони Дориюши бузург хати мехии порсии бостонро дар асоси хати эламӣ дуруст карданд. Хати мехии порсии бостон гарчанде ки аз хати эламӣ гирифта шудааст ва онро метавон танҳо хати мехии алифбоӣ номид.

Хати-мехӣАлифбо ё хати мехии порсии бостон аз чап ба рост навишта шуда, дорои 36 аломат аст. Аломатҳои ин хат, бо истиснои се аломати садоноки a, I, u хусусияти ҳиҷоӣ доранд ва он се 33 аломат ҳар кадом барои як овози ҳамсадо бо як садоноки a, I, u ба кор меравад, к ибо доштани чунин вижагӣ ин расмулхатро «ҳиҷоӣ» номидаанд. (Д. Саймиддинов. «Порсии бостон» с.19).

Таърихи шинохти аломатҳои хати мехӣ замони тўлонӣ аз тарафи донишмандон идома ёфта, дар натиҷаи заҳмату кўшишҳои пайвастаи онҳо ин асрори арзишманди таърих барои ҷаҳониён ошкор ва пешкаш гардидааст. Намунаҳои ин хатро дар Тахти Ҷамшед, Бесутун, Тахти мурғон, Алванд, Шуш ва ғайра метавон мушоҳида намуд, ки бо фармонҳои шоҳони Ҳахоманишӣ дар сутун, гил ва шахҳо канда шудаанд.

Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ,
сардори шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.