Хатми як давраи омӯзишии таъмиру тармими аснод дар китобхонаи давлатии Русия

Кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидова Қурбонгул ва Қаландарова Шаҳло муддати 5 рӯз (аз 27 то 31– июли соли 2026) дар Китобхонаи давлатии Русия дар курси такмили ихисос доир ба самти таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо ва нигаҳдории фонди китобхона ширкат варзиданд.
Бозомӯзии мазкур дар мавзуи «Арзёбии ҳолат, мўътадилсозӣ ва бехатарии биологӣ ҳангоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳо» (Экспертиза состояния, стабилизация и биологическая безопасность в процессе хранения документов) буда, доир ба самти таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо ва нигаҳдории фонди китобхона равона гардидааст.
Омӯзиш таҳти роҳбарии Шадрина Оксана Владимировна – сардори бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳои Китобхонаи давлатии Русия бо ҳайати кормандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дошт.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории китоб Воҳидова Қурбонгул ва мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур Қаландарова Шаҳло иштирок намуда, бофаъолияти кори Китобхонаи давлатии Русияшинос шуда, нозукиҳои нигаҳдории фонди китобхона ва таъмиру тармими ҳуҷчатҳоро аз худ намуданд.
Дар хотимаи курси мазкур кормандони Китобхонаи миллӣ бо Шаҳодатномаи Китобхонаи давлатии Русия доир ба хатм намудани курси такмили ихтисос сарфароз гардиданд.
Махфират МУҲИДДИНОВА,
робита бо ҷомеа