Хеле мухтасар дар бораи ФАЛАК дар рӯзи Фалак

 

Фалак дар фарҳангҳо ба маънои гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт омадааст. Ҳамчунин авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии сунатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кўҳистон: Жанри мусиқии овозӣ ва созӣ.

«Фалак» мутобиқи шакли худ якқисмӣ ва силсилавист. Дар мусиқии тоҷик ду шакли «Фалак»–и аслӣ вуҷуд доранд: «Фалак»–и  кўлобӣ ва «Фалак»–и  бадахшонӣ.

«Фалак» таърихи қадим дорад ва аслу асоси назмии он рубоӣ ва ғазал мебошад. Рубоихонӣ дар «Фалак» сунати қадимтарин ва асосии сарояндагӣ ба ҳисоб меравад. Нуфузи сохти рубоӣ дар «Фалак» хеле бузург аст. Мувофиқи қофиябандӣ ва ҳаҷми мисраи рубоӣ оҳанги «Фалак» ташакул меёбад. Дар амалияи мусиқӣ асоси лаҳни «Фалак» –чормуқомро дар қолаби рубоӣ ба шогирдон ёд медиҳанд. Дар ин ҳолат ҳар як муқом ба як рубоӣ  мувофқат мекунад. Суннати рубоихонӣ дар «Фалак»–ҳои кўлобиву бадахшонӣ хеле устувор мебошад. Ба як банди оҳанг як рубоӣ рост меояд.

Ғазалхонӣ дар «Фалак» аз замони ташаккули ғазал дар назми классиккии форс–тоҷик ворид гаштааст. Маҳз зимни ғазалхонӣ «Фалак» навъи касбии хешро ташаккул додааст, ки он «Фалак»–и роғист. Бо ворид гардидани ғазалхонӣ банду баст дар фалакхонӣ иваз шуд, бандҳои оҳангии «Фалак» ҳаҷман калонтар гардида, як банди оҳанг ба як байт баробар шуд. Ғазалхонӣ дар тамоми анвои «Фалак» истифода бурда мешавад.Ғазалхонӣ бо пайдоиш ва рушди «Фалаки”–и  роғӣ  алоқаманд аст. «Фалак» –и роғӣ моли маънавии фарҳанги шаҳрӣ аст. Фалакхонон дар базмҳо шакли нави «Фалак» –и роғиро пешниҳод карданд. Дар Бадахшон зимни ғазалхонӣ силсилаҳои мадҳияҳоро вомехўрем. Ин силсилаҳо,ҳарчанд зери унвони мадҳия густариш ёфтаанд, аслан жанри «Фалак»–и силсилавии бадахшониянд. Ин силсила аз панҷ қисм иборат аст: зилобам, пасту баланд, ҳайдарӣ, фалак, ситоиш. Ҳамаи қисмҳои он дар чормуқом асос меёбанд.

Асосан, пайдоиши фалак аз минтақаи ҷанубу ғарбии кўҳистони Тоҷикистон сарчашма мегирад. Рушди таърихии фалак шаклҳои гуногуни онро ба вуҷуд овард. Бо мурури замон фалак шохаҳои худро паҳн кард, шаклҳои нав аз қобили фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ, фалаки қаландарӣ пайдо шуд, ки ҳар кадоми он бо зарбу усул ва оҳанг аз як дигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои номбаршуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифтанд ва то ба даврони мо омада расидааст, аз устодони бузурги фалак шодравон Одина  Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Мусаввар Минаков, Сафармуҳаммад Муродов, Тағоймурод Хушвақтов, Давлатманд Холов ва дигарон маҳсуб мегарданд.
Фалакхонӣ ҳамчун ҳунари аҷдодӣ ба мардумӣ кўҳистон мансуб буда, яке аз шохаи устувори мусиқии касбӣ ба шумор меравад. Асрҳо макони маъмули фалакхонӣ ҳуҷрабазмҳои ашроф ва туйю маъракаҳои мардумӣ буданд. Бо мурури замон рушди устувори иҷтимоии ҳунари фалакхонӣ бо ташаккули  мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушт ёфтанд. Дар асри 20 онҳо бо ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Воқеан ин ансамлҳои оилавӣ мактаби ҳунарии авлодӣ буданд. Зимни ин мактабҳо ҳунари фалакхонӣ аз авлод ба авлод ба мерос мондааст. Дар роҳи таърихии «Фалак» вазифаи эҳёи, нигаҳдорӣ  ва ба насли дигар омўзондани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод–шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.

Мактаби устод Одина Ҳошим яке аз мактабҳои бузурги фалакхонӣ дар асри 20 мебошад. Асосгузори ин мактаб падари ў устод  Ҳошим Қосим (1907–1969) аст. Устод Одина Ҳошим қолаби мактаби ҳунарии авлодиро шикаста, чандин ҷавонони боистеъдоди замонро тарбия кардааст. Одина Ҳошим ба ғайр аз шогирдони хешу табор, инчунин М. Миров, Ф. Ҳасанов, Ш. Қодиров, М. Қадамов, Ҷ. Қадамов, О. Муҳтарамова, М. Ғаниев, А. Раҳимовро тарбия кардааст.

Мактаби фалакхонии Одина Ҳошим бештар бо рушди «Фалак»–и роғӣ алоқаманд аст. Одина Ҳошим талқини нави системаи чормуқомро ба амал овардааст. Дар эҷодиёти Одина Ҳошим истифодаи ғазалҳои шоирони муосир хеле афзудааст Устод хусусан ғазалҳои Абдулқосим Лоҳутиро ба фалак ворид сохтааст.Дар амалияи мусиқӣ ин равияҳои эҷодии Одина Ҳошим яке аз ислоҳотгаронии ҳунари фалакхонӣ аст. Мактаби ҳунарии Достӣ Орзуев дар ибтидо «Фалаки созиро асос интихоб карда буд. Маҳорати Достӣ Орзуев беҳамто буд. Баъди Ў ҳамсараш Гулчеҳра Содиқова дар ин мактаб равияи «Фалак»–и даштӣ ва «Фалак»–и роғиро хеле устувор гардонид.

Ин масъала аз ҷониби олимону донишмандон ва пажўҳишгарон бетаваҷчуҳ намондааст. Донишмандону муҳаққиқон ва ҳаводорони ин санъати волои миллӣ – Фароғат Азизӣ «Маком и фалак как явления профессионального традиционного музыкального творчество таджиков» (Душанбе – 2009), «Фалак ва масъалаҳои таърихӣ-назариявии мусиқии тоҷик (Маҷмўаи мақолоти сеюмин симпозиуми байналмилалии Фалак)», Маърифат Абдуллоева «Фалаки кўлобӣ» (дастури таълимӣ, Душанбе – 2000), Д. Холов «Фалак» (дастури илмӣ-таълимӣ, Душанбе – 2011), А. Бобоев «Савти фалак ва фалаки Давлатманд» (Душанбе – 2006), Фаттоҳ Одина «Гулчине аз гулзори Фалак» (Мунтахаби сабти адвории таронаҳои фалак, Душанбе – 2004), «Таронаҳои фалак» (таҳия ва гузиниши Д. Обидов, С. Фатҳуллоев, Ф. Муродов, Душанбе – 2004),  «Фалак» (мураттиб Ҳакимов Н. Ғ., Хуҷанд – 2007), Саъдулло Раҳимов, Аскаралӣ Раҷабов, Саъдулло Каримов, Умари Темур, Султоналӣ Худойбердиев, Шаҳобииддин Ҳақназаров, Ҷонибеки Асрориён, Салоҳиддин Фатҳуллоев, Файзалӣ Муродов ва дигарон  таҳқиқоти мушаххасу ҷолиб ба анҷом расонида, китобу рисолаҳои гуногунро дар ин самт нашр намуда, дастраси хонандагону ҳаводорон гардонидаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайгиронаи ҳукумати кишвар барои эҳёи суннатҳои миллӣ қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвият ва густариши фарҳанги миллӣ дар тўли асрҳо баҳри имрўзу фардо заминаҳои мусоид фароҳам овард. 16-уми ноябри соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр  ҳамчун «Рўзи фалак» эълон гардид. Дар ин замина дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли «Фалак» таъсис гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми августи соли 2007, №299 бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр  ҳамчун «Рўзи Фалак»  эълон гардида, он  ҳамсола дар тамоми кишвар ҷашн гирифта мешавад.

 

Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ даҳҳо нотаву сабтҳои савтиву наворҳои видеоӣ мавҷуданд, ки хонандагон метавонанд ҳар вақт хоҳанд дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мурур кунанд. Аз ҷумла:

 

1.Фалак / Мураттиб Саъдулло Каримов Душанбе 2019.-400

2.Санъати мусикии Кўлоб / мурратиб Фароғат Азизӣ . Ҷилди 1- Душанбе , «Адиб»,192 саҳ.

3.Санъати мусикии Кўлоб /мураттиб Раҳмон Раҳимов. Душанбе, «Адиб», 2019,164 саҳ.

  1. 4. Дона Баҳром. Озарахши Танин /Дастури таълими барои донишҷўёни Консерватория ва коллеҷу мактабҳои мусиқи / Душанбе «Адиб» 2014, 156 саҳ.
  2. 5. Фалак, /Альбоми мусаввар / Душанбе , 2004-48 саҳ. (бо забонҳои рўсӣ, тоҷикӣ, англисӣ),
  3. Қурбони Қурбониён «Фалак ва системаи лаҳнии он (бо се забон). Душанбе, 2006,-258 саҳ.

КИТОБҲО

1.Фалак ва масъалаҳои  таърихи –назариявии мусиқии тоҷик (маҷмуаи мақолот). Душанбе «Адиб . 2009, 248 с./мураттиб Ф. Файзӣ.

  1. Азизӣ Ф. Мақом и фалак. /Душанбе. «Адиб. 2009. 398с.
  2. Сафармуҳаммад Аюбӣ Фалаки роғӣ. (маҷмуаи шеърҳо ). /Душанбе.»Адиб».1990.144 сах.
  3. Одина фалак мезад.- Душанбе. «Симурғ» 1994,176 сах.
  4. Абдуллоева М. Фалаки Кўлобӣ (дастури таълимӣ) /Душанбе-2002, 128 саҳ.
  5. Фалак ва анъанаҳои бадеии мардумони Осиёи Марказӣ. (бо се забон-тоҷикӣ, рўсӣ, англисӣ)./Мураттиб Раҷабов А.Р. Душанбе, 2004, 220 саҳ.

7.Гулчеҳраи дутори (маҷмуаи дастаҷамъии шеъру мақолаҳо).-Душанбе, 2014, 64 саҳ.

8.Давлатманд Холов. Фалак./Мураттиб Б Яхшиев -Душанбе. 2011.-244 саҳ.

 

НАВОРҲОИ САВТӢ

1.Фалак. Дар иҷрои Ҳунармандони ансамбли давлатии «Фалак «-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Сафарзода Носир

  Шуҳрат Сайнаков

  Матлуба Раҳимова

  Худойдод Мадалиев

Шоҳин Абдуллоев

Ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев.

Давлатманд Холов.

Оилаи Ҳошимовҳо. Фирдавс Ҳошимов.

Раҳматулло Ҳошимов.

Дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳромов.

Ҳамчунин осори нисбатан мукаммали ҳунармандоне чун:  Акашариф Ҷураев. Одина Ҳошим, Абдулло Назриев ва дигарон низ ҳастанд, ки сабтҳое аз фалакхонӣ доранд.

Таҳияи Саодат Набиева, Сармутахассиси Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.