Хештанро ту раҳо кун чун Аёз… Тасвирсозӣ аз Аёз дар адабиёт. Ӯ дар асл кӣ буд?

АёзАёз, Аёс ё Оёс ғуломи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба василаи садоқати фавқулодаи худ ба хоҷааш ва ақли расояш то ба мансаби вазирӣ расид. Дар замони ҳукмронии Масъуд-писари Маҳмуд Аёз вилоятҳои Қаздор ва Моконро идора менамуд.

Аёз ба тимсоли бадеӣ табдил ёфта, дар адабиёти Шарқ, хусусан адабиёти форс-тоҷик, аз ҷузъиёти ҳаёти ў нақлу ривоятҳо бисёр ба вуҷуд омаданд.

Масалан, дар «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор исми Аёз борҳо вомехўрад ва ҳикоёту латифа дар борааш оварда шудаанд. Ба симои Аёз асосан адибони орифи адабиёти шарқ Абдурраҳмони Ҷомӣ Абулфараҷи Рунӣ, Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон таваҷҷўҳ намуда, аз он барои аҳдофи ирфониву суфиёнаашон истифода кардаанд.

Аёз соли 1058 вафот кард:

Гар ту марди толибиву ҳақшинос,

Бандагӣ кардан биёмўз аз Аёз.

Аттор.

Ҳусн буд он ки дар либоси Аёз,

 Хонд Маҳмудро ба кўйи ниёз

Ҷомӣ.

Хештанро ту раҳо кун чун Аёс,

То зи шоҳ бинӣ ту лутфи беқиёс!

Румӣ.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 202.

Муаллиф: А. М. Хуросонӣ.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.