Хобатонро чӣ гуна таъбир мекунед?

Хоб ва таъсири он дар зиндагии ояндаи қаҳрамонон дар адабиёти классики форс – тоҷик ҷойи муайян дорад. Масалан, дар достони «Юсуф ва Зулайхо» Зулайхо Юсуфро дар хоб дида, ба ў дил мебандад. Хоб дар сарнавишти Юсуф низ нақши ҳалкунанда мебозад. Сабаби ба чоҳ андохтанаш он буд, ки дар хоб дид, ки офтобу моҳу ситора таъзимаш карданд. Ин чунин таъбир дошт, ки рўзе мерасаду падару бародаронаш ба ў сари таъзим фуруд хоҳанд овард. Ва оташи кинаи бародаронро нисбат ба ў барафрўхт. Баъдан ҳам таъбири хобҳои азиз(малик) – Миср боиси раҳо ва мувофиқияти Юсуф гардиданд.

Таъбири хоб дар эътиқоди мардумӣ баён кардани асари хоб.  Маънои таъбири хоб ҳам аз тарафи хобгузорони алоҳида ва ҳам аз ҷониби оммаи мардум дар давоми садсолаҳову ҳазорсолаҳо эҷод шудаанд. Таъбири хоб аз ибтидо ба тасаввуру эътиқодоти мардум, ба шароити зиндагии онон вобаста буд. Бо пайдоиши адёни мухталиф, аз ҷумла дини ислом, таъбири хоб ба дину хурофот алоқаманд карда шуд. Мувофиқи ин тасаввур, дар хоб дидани чизе як навъ хабари ғайбист аз ояндаи нек ё бад.

Масалан, гиря дар хоб нишонаи хурсандӣ, дар оби соф ғарқ шудан нишонаи касби илму фазл ва ғайра. Ё худ хоби мард чаппа таъбир карда мешавад. Гоҳе дар зиндагӣ тасодуфҳое мешаванд, ки хоб дар амал рўй медиҳад. Ин навъ тасодуфҳо боварии мардумро ба таъбири хоб бештар мекунанд. Гурўҳе аз донишмандон хобро давоми фаъолияти рўзонаи инсон ва манбаи илҳом донистаанд. Бисёр шоирону нависандагони гузаштаи тоҷик ин ё он асари худро натиҷаи илҳоми ғайбӣ дар хоб донистаанд. Абулқосим Фирдавсӣ танҳо баъди дар хоб дидани Дақиқӣ илтиҷои ў ҳазор байти Дақиқиро дар «Шоҳнома» – и худ илова намуд.

            Хоб ва таъсири он дар зиндагии ояндаи қаҳрамонон дар адабиёти классики форс – тоҷик ҷойи муайян дорад. Масалан, дар достони «Юсуф ва Зулайхо» Зулайхо Юсуфро дар хоб дида, ба ў дил мебандад. Хоб дар сарнавишти Юсуф низ нақши ҳалкунанда мебозад. Сабаби ба чоҳ андохтанаш он буд, ки дар хоб дид, ки офтобу моҳу ситора таъзимаш карданд. Ин чунин таъбир дошт, ки рўзе мерасаду падару бародаронаш ба ў сари таъзим фуруд хоҳанд овард. Ва оташи кинаи бародаронро нисбат ба ў барафрўхт. Баъдан ҳам таъбири хобҳои азиз(малик) – Миср боиси раҳо ва мувофиқияти Юсуф гардиданд.

            Дар таъбири хобҳо тасаввуроти динию мифологӣ, ҳолатҳои равонӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии мардум бозтоб мешавад. Матнҳои мардумии таъбири хоб бо як ҷумла ифода ёфта, дар қисми аввали он номи ашё ва ҳолату сифати он, ва ғайра зикр мегардад, сипас дар қисмати дуюми ҷумла таъбир ё шарҳи он ашё тасвир мешавад. Масалан, «агар хоб бинӣ, ки либосат  чиркин шудааст, бой мешавӣ». «Харро дар хоб бинӣ, ба муродат мерасӣ».

            Дар гузашта миёни мардум муаббирон ё худ хобгузорони касбӣ буданд, ки хобҳоро тавзеҳ медоданд. Ҳоло вазифаи онҳоро қисман калонсолон ба дўш доранд.

            Таъбири хобҳоро  муҳақиқон ба ду гурўҳ ҷудо кардаанд: якум, ҳодисаҳое, ки дар хобҳо мебинанд, айнан дар воқеият рух медиҳанд. Дуввум, ҳаводиси дар хоб намуда хусусияти маҷозӣ дошта, онро рамзкушоӣ мекунанд. Масалан, агар шахсе тангаро дар хоб бинад, чунин таъбир мешавад, ки фардои он рўз бо дўсте во мехўрад. Ё худ дидани мор дар хоб далели душман доштани шахси хобдида мебошад.

Бозчоп аз Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе, 2017. –  Ҷ. 2. – С.441.

Муаллифон: А. Афсаҳов., Д. Раҳимов

 

Дар бораи хобу хоббинӣ ва таъбири хоб дар Китобхонаи миллӣ боз метавонд ин матолибро ҳам бихонед:

Таъбири хоб. – Душанбешаҳр, 1992. – 216 с.

Рустам, Ғ. Таъбири хоб: Ҳикояҳо ва очеркҳо. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1995. – 106 с.

Камол, М. Таъбири хоб. – Душанбе: Эҷод, 2008. – 196 с.

Ҷарроҳ, Қ. Таъбири хоб: Шеър // Хорпуштак. – 1989. – №3. – С.5.

Саид, З. Таъбири хоб: Ҳикоя // Овози тоҷик. – 1992. – 29 феврал.

Ғоиб, М. Таъбири хоб: Хотирае аз як сафари Президент // Ҷумҳурият. –  2013. – 2 ноябр.