Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Юрий Киенко
Киенко Юрий Павлович (15.09.1934, Ессентуки, кишвари Ставропол – 2005, ҳамон ҷо), олими соҳаи геодезия ва харитасозии шўравӣ, доктори илми техникӣ (2008), Ходими шистаи илми Тоҷикистон (1983), академики Академияи кайҳонавардии ба номи К. Э. Сиолковский (1994).
Хатмкардаи Донишкадаи геодезия ва харитасозии Маскав (1957), аспирант (1964-68), муовини директор оид ба корҳои илмии Маркази илмию таҳқиқотии Институти геодезияи аэросуратгирӣ ва харитасозии назди Шўрои Вазирони ИҶШС (1968-73), директор, Директори генералии Ҷамъяти давлатӣ-федералии Маркази давлатии таҳқиқоти илмӣ ва истеҳсолии «Природа»-и назди Хадамоти геодезия ва харитасозии Руссия (1973-90: 1994-2005), ҷонишини раиси Сарраёсати геодезия ва харитасозии назди Шўрои Вазирони ИҶШС, президенти Ҷамъияти саҳҳомии руссиягии «Космогеоэкоинформатика» (1992-94).
Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ доир ба масъалаҳои аэрогеодезия, фалакпаймоӣ (космонавтика), пармакунии масофагӣ, омўзиши ҷойгиркунии захираҳои табиӣ дар харита ва ғ.
Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2020. – Ҷ.10. – С. 79.
Муаллиф: Ё. Назармамадов.
Таҳияи Манижа Раҷабова,
корманди шубаи библиографияи миллӣ.