Хоҳам, ки фақат пайрави Қосим хонад…

Китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар “Одина Ҳошим дигар аст”-ро, ки моҳе қабл чоп шуда буд, дар як нишаст хондам. Китоб дониши маро дар бораи Одина Ҳошим – ин хунёгари нотакрор ва марди ҳунару андеша пурратар кард. Ман ҳам аз ҷумлаи миллионҳо мухлисони ӯ  ҳастам, ки пайваста садояшро мешунавам ва аз таронаҳояш як ҷаҳон маънӣ мегирам, чун Одина Ҳошим бароям танҳо як ҳофиз набуду нест. Тароонаҳои ӯ аз сарчашмаи хираду дониш об мехӯранд. Ҳар мисраъ шеъре, ки ӯ оҳанг бастааст, ба сони як китоби тарбияи ахлоқ аст. Дар миёни таронаҳои ӯ, агар он чизе ки ба партияву коммунисту Ленин иртибот дошт, ки онро ҳам ба тақозои замон мехонд, истисно кунем, ҳеч сурудаеро пайдо нахоҳем кард, ки бори сад маънӣ накашад.

Одина Ҳошимро ман ҳанӯз солҳое аз ягона радиои “Рекорд”-и хона мешунидам, ки дар мактаи миёна таҳсил мекардам. Он вақт ман ӯро бо ҳамон ҳиссиёти умумӣ, мисли таронаҳои ҳамаи сарояндагон гӯш мекардам. Ман дар он синне набудам, ки як сарояндаро тавонам аз дигаре фарқ кунам, аммо ин ки суруди ӯ таъсири дигар бароям дошт, имрӯз ҳам яқин аст.

Дар солҳои донишҷӯӣ ман ин хунёгари мумтозро бештар шинохтам, аммо дар ин шинохт нақши дӯсту ҳамсабақам Гурез Сафар бармало буд. Гурез дар миёни ҳамкурсон аз ҷумлаи касоне буд, ки метавонист дар ҳар нишаст таваҷҷуҳи ҳозиринро аз баҳсҳои камаҳаммият ба созу тарона ҷалб кунад. Фарқи дигари Гурез аз мо дар ин буд, ки чун фарзанди гиромии шоири маъруф Ашӯр Сафари номдор кони шеъру ғазалу рубоӣ буд. Ӯ ин шеърдонии худро ба мо дар қолаби таронаҳои нобу шуниданӣ пешкаш мекард. Гурез вақте месуруд, фазои маҳфили мо бо атри хуши сабки хониши Одина Ҳошим муаттар мешуд. Дигаронро намедонам, вале ман он замон шефтаи хониши Гурез Сафар будам ва батадриҷ пай мебурдам, ки ӯ ба сони яке аз намояндагони мактаби ҳунарии Одина Ҳошим миёни мо зоҳир мешавад. Имрӯз чун гузаштаро ба хотир меорам, меандешам, ки шояд ин ман танҳо набудам, ки Одина Ҳошимро аз лаҳни хониши Гурез Сафар бештар омӯхтам, сар ба андешаи ҳар байту ғазали Одинаи нотакрор фурӯ бурдам. Ба ҳадде ки имрӯз ҳам, бо гузашти беш аз се даҳсола аз даргузашту реҳлати ҷонгуздози ин азиз таронаҳои ӯ дар гӯши ман садо медиҳанд, ман гаштаву баргашта садои ӯро мешунавам. Лаҳзае, ки гирифторам, хастаам ва мехоҳам гӯшае ғарқи андеша биншинам, гӯш ба садои нотакрори ӯ мебарам. Ба назарам чунин мерасад, ки дар ҳар ҳолат ба мани мухлис ҳарфи гуфтанӣ дорад, метавонад бароям оромиши қалбӣ диҳад, таваҷҷуҳамро аз хастагии ин ҷомеаи нимбемору шефтаи тақлиди номуваффақи таронаҳои ғарбӣ, фарҳанги муоширати барои ин миллат ноошно ба ҷойи дигар кашад. Ман аз ин таронаҳо ҳамин фалсафаро ҳамеша барои худ кашф мекунам: Имрӯз поёни фардо нест, ин маризӣ шифоёбанда аст, ин ғам дур шуданист, ин мушкил роҳи ҳалл дорад, ин сабр бор оварданист. Ҳамин маро ба ҳоли дигар, ба оламе, ки мехоҳам дар он ҳузур дошта бошам, бармегардонад.

Ин руҷуъ чаро буд?

Вақте китоби Гурези азизро мехондам, маҳз ҳамин андешаҳо дар замирам такурӯ шуданд ва ин китоб бароям ду паём дошт: яке пайёми Одина Ҳошим ва дигар паёми муаллифи китоб, ки хостам дар алоҳидагӣ ба риштаи тасвир бикашам ва паёми муаллифи китобро Дарси Гурез номидам, ки поинтар меорам.

Аммо паёми аввал. Одина Ҳошими нотакрор беш аз сӣ сол аст, ки ҷамъи моро такр кард. Зимистони сарди соли 1993, замоне, ки кашмакашҳои низомӣ миёни фарҳангро ҳам шикаста буд, бо ҳамин дарди миллат аз олам рафт. Ӯ дигар натавонист миёни мо, ҳамзамононаш буда бошад, ки ба ҷойи фарҳанги воло, таронаҳои нобу гуворо, адабиёти қадим, доштани нобиғаҳои нотакрори илму ирфон даст ба силоҳ бурдем. Дар китоб Гурез аз ҳодисае ҳикоят мекунад, ки ба аёдаташ ба бемористон рафту Одина Ҳошим хост аз миёни ғазалҳои Бедили нотакрор барояш ғазале орад. Ва Гурез пурсид дар кадом мавзуъ доашд, посух гирифт, ки “ина ҳамин ҳолати маро ифода кунад”.

То ҷойе мешиносам, Гурез Сафар маънирас аст, аз ним калима метавонад мақсадро дарк кунад. Ва он рӯз ҳам ғазалеро аз Абулмаонӣ интихоб кард, ки бо ин байт шуруъ мешавад:

Пур бекасам имрӯз, касеро хабарам нест,

Оташ ба сари хок, ки он ҳам ба сарам нест.

Муаллиф сабабҳои маҳбубияти Одина Ҳошимро аз нигоҳи худ таҳлил мекунад ва мекӯшад ба ин суолҳо посух ёбад, ки “чаро ба аксар сарояндагоне, ки услубашон нав асту мусиқиашон тоза, пайваста дар ҷустуҷӯянду каму беш аз шеър ҳам огаҳанд, бисёр мехоҳанд, ки сурудҳошон умри дароз бинанд, чунин маҳбубият даст намедиҳад. Вале Одина Ҳошимро то ҳанӯз мепарастанду рӯз ба рӯз мухлисонаш бештар мегарданду кам не?”

Муаллифи китоб қасди онро надоштааст, ки дар бораи таронаҳои Одина Ҳошим асари пажӯҳишии илмӣ нависад, танҳо дидгоҳашро ҳамчун мухлис, пайрави мактаби ҳунарии ӯ, шогирд ва шоир иброз дорад. Гурез Сафар пайваста дар ин китоб ҷӯёи посух ба суолҳои худ аст, аз худ мепурсад ва худ ҷавоб медиҳад. Хулосаи ниҳоӣ дар ин ҷустор номи китоб шудааст: “Одина Ҳошим дигар аст”. Метавон ин ҷо ба ин пурсиш ҳам нуқта гузошт, вале дил мехоҳад сар аз мутолиаи китоб набардорад, то замоне, ки хулосаҳои дигари муаллифро наёбад. Як сабаби ин маъруфиятро Гурез Сафар дар “ҷозибаи овози ширину ширадори ӯ” мебинад ва мегӯяд: “Ӯ ин овозро тамоми умр эҳтиёт карда, тарбия бинмуд, сайқал дод ва бо беҳтарин матнҳову дилкаштарин мусиқиҳо ба хидмати мардум гузошт”. Ва ин иқтибос ҳам аз ҳамин китоб аст: “Ана, ҳамин овози гиро, ширадор, ширин ва беҳамтояш буд, ки маро аз хурдсолӣ ба хеш мафтун сохт ва алҳол, ки дар бистари бемориям, бо овози ин сарояндаи нотакрор мехобаму бедор мешавам, мехӯраму нафас мекашам ва аз шуниданаш ҳеч дил канда наметавонам. Аз ҳаяҷони зиёд дар ҷойе гуфтаам:

Овози дигар касам нафорад,

Овози туро касе надорад”.

Шеърдониву маънисароии Одина Ҳошим, то вопасин лаҳзаҳои умр ҷӯяндагии ӯро аз сабабҳои дигари ҷовидонӣ шудани таронаҳои ӯ медонад. Дар китоб лаҳзаҳои зиёде аз ҳаёти хунёгари маъруф ёд шудааст, ки муаллиф худ шоҳиди бевоситаи онҳост. Яъне, Гурез Сафар дар китоб бештар он ҳикоётро меорад, ки худ ширкат доштааст ё аз забони падари бузургвораш Ашӯр Сафари нотакрор шунидааст. Шоҳиди ин ё он саҳнаи ҳаёти сароянда будан, нақлро дар бораи ӯ дилкаш, самимӣ ва ҷолиб кардааст.

Сухан дар бораи ҳамин як китобча зиёд метавон гуфт, аммо чун пеши назар меорӣ, ки ин навиштаро бояд хонанд, талош мешавад сухан кутоҳтар бигӯӣ ва ногуфтаҳоро ба вақти дигар вогузорӣ. Аммо боз ҳам намешавад баъзе бардоштҳо гуфта нашаванд.

Дар боло аз паёми Одина ҳошим сухан сар кардем ва ҳоло гӯям, ки он чӣ паёмест?

Одина Ҳошими нотакрор инак, беш аз сӣ сол аст, ки ба дорулбақо рахти сафар бастааст. Вале ҳолате моро фаро мегирад, ки гӯем ӯ намурдааст, зинда аст, миёни мост, месарояд, эҷод мекунад, моро бо мусиқии наву тоза ошно мекунад. Сабаби ин ҳамонест, ки аз навиштаҳои Гурез Сафар иқтибос овардем. Ҷовидонии Одина Ҳошим ин пурмаъно будани савту навову таронаҳо ва матнҳои интихобшудаанд. Чизест, ки мутаассифона, имрӯз шояд дар 90 дарсад сарояндагон намебинем. Набудани маънои бикр дар сурудҳои ҳамзамонон хоставу нохоста моро ба сӯи таронаҳои Одина Ҳошим мебарад. Гурез Сафар гаштаву баргашта дар китоб натанҳо ба ин ҳикмат ишора кардааст, балки бо мисолҳо фикрашро тақвият додааст.

Аз таронаҳои мондагори Одина Ҳошим ва маъруфияти ӯ бо гузашти беш аз як сисола аз реҳлаташ ин паёмро метавон дарёфт:  Танҳо мусиқии асил, таронаи пурмаъно, матни пурҳикмат, садои зебо, сабки хос метвонад  ҷовидон зинда бимонад. Бидуни ин ҳатто заҳмати хорошикану шабҳои бехобиву таронасозиҳои ноуҳдабароёна мондагор нахоҳанд буд. Мо Борбади хушовозу шуҳратмандро аз китобҳо хондаем. Садои ӯро надорем. Вале он ки бузургони замонаш шефтаи садои нотакрору услуби таронасароии ӯ буданд, кофист номаш ҷовидон бимонад. Мо аз Одина Ҳошим на танҳо созу навои зинда дорему мешунавем ва худ қазоват мекунем, ки ӯ кӣ будаву чӣ хондаву чӣ гуфта, боз аз бузургоне низ мехонем, ки дилдодаи овози ӯ буданд. Муаллифи китоб чандин ҳикоят ва ишораҳо аз адибони маъруфу ҳунармандони шинохта дар ситоиши ин овозхони нотакрор фармударо овардааст.

Китоби “Одина Ҳошим дигар аст” танҳо як китобе нест, ки ба ҳунари сарояндагии хунёгари маъруф бахшида шуда бошад, балки ҳикоёти зиёде аз инсонияти волои ӯ, хоксориву фурӯтанӣ, заковат дар интихоби шеъри воло барои оҳанги зебо, устоди касби худ будану соҳибмактабии ӯ ҳикояту далолат мекунад.

ВА АММО ДАРСИ ГУРЕЗ

Боло ин иқтибосро овардем, ки муаллиф ба бемории худ ишора мекунад. Оре, Гурези азиз чандин сол аст, ки рӯи бистари беморӣ мехобад, вай фарорасии субҳу ғуруби офтобро аз панҷараҳои хонаи хоби худ мебинад. Мисли мо имконе надорад, ки дар ин фасли баҳори нозанин домани саҳро равад ва аз сабзаву гулу хониши мурғони саҳро лаззат бибарад.

Дар ҳамин бистари беморӣ эҳсоси шодмонии ӯ аз барори кори эҷод шигифтовар аст. Ӯ на танҳо бо таронаҳои Одина Ҳошим мехезаду мехобад, балки як зиндагии дигар ҳам дорад, ки аз он барои мо, ҳамзамонони номеҳрубону одамгурезаш паёмҳои хос мефиристад. Ӯ дар домани поки баҳоргунаи шеър барои худ зиндагии дигар дуруст кардааст. Дар бистари беморӣ вай чун замонҳои солимӣ бо шеър унс гирифтааст, бо шеър ба зиндагӣ ишқ меварзад, садои қалбашро дар мисраҳои мондагор ифода мекунад.

Ӯ дигар имкони ширкат дар маҳофили шеъри муосир надорад, вале маҳфили хусусии худро дорад. Дар ин маҳфил ӯ шоир асту Одина Ҳошим ҳофиз, яке менависад, дигаре месарояд. Замзамаи шеъру тарона як бахши дигари ҳамин маҳфили хусусии шеъри ӯст. Дар ин дунёи шеъри рангин ӯ худро хаставу бемадору бекас намепиндорад, ҳаёт дар ҳар раги хуни ӯ дар ҷараён аст. Оре, шоире дар ин ҳол дорад мисраҳое, ки аз бекасии худу бемеҳрии ҳамзамонон, дӯстон, пайвандон шиква мекунад, вале асли бунёди шеъри ӯ умед аст, умед ба имрӯзу фардо. Гурез дар шеъри худ ҳаргиз ба ин бовар нест, ки инсоният мурдааст, ишқ рафтааст, балки бовар дорад, ки шояд ин ҳама мусибати бемеҳрӣ як зуҳури муваққат бошад. Ин аст, ки мекӯшад поёни шеъраш зиндакунандаи умедҳо бошад.

Аз ҳамон равзанаи хонааш, ки аз кати беморӣ нури субҳро мебинад, ба мо паём медиҳад: Инсон то замоне, ки умед зинда аст, намемирад, поянда аст. Беморӣ поёни ҳаёт нест, ишқ намиранда аст.

Дар ҳамин ду-се соли охир Гурез тавонист “Осори мунтахаб”-и худро чоп кунад. Китоби “Хандаи…”-ро ба хонанда расонад. Китоби дуюми “Лутфи Ашӯр Сафар”-ро интишор диҳад ва ин китоби “Одина Ҳошим дигар аст”-ро ҳам ба хонандаи худ пешкаш кунад.

Инҳо ҳама паёми Гурез ба мост: Ноумед нашудан ин идомаи ҳаётест, ки дар он инсон метавонад як хушбахтии дигарро барои худ таҷриба кунад. Гулҳои умеди шоир дар китобҳои ӯ мешукуфанд ва Гурез ҳам ин шукуфтанҳоро мебинад ва саҳфаи ҳанӯз нонавиштаи осорашро оғоз мекунад…

Зимнан, шакли электронии китоби Гурез Сафар “Одина Ҳошим дигар аст”-ро шумо метавонед дар ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ сомонаи Китобхонаи миллӣ бихонед. Кофист ин ҷо ворид шавед: “ОДИНА ҲОШИМ ДИГАР АСТ”.

Бобоҷон Шафеъ