ХОМИСА АЮБЗОДА: Мехоҳам онқадар нависандаи муваффақ шавам, ки бигӯянд, ин ҳамон нависанда, на маъюб

Аюбзода Хомиса Абдукарим дар соли 1993 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнии вилояти Суғд зода шуд. Соли 2000 – ум ба мактаби миёна рафт ва соли 2011 онро бо баҳои хуб хатм намуд. Қаблан шуғли дигаре мехост, ночор муҳосибиро интихоб кард. Хоҳиши дилашро ба инобат нагирифт. Ҳамон сол шомили Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ шуд ва панҷ соли ҳаёташро сарфи таҳсил дар риштаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф кард. Соли 2016 онро муваффақона ба поён расонд, бо гирифтани  диплом эхсоси масъулияти бештар ба ў даст дод. Ва ин дар ҳолест, ки мутаасифона, дар вазъияте набуд, ки дар чорчуби ихтисос ва вазифаву масъулиятҳои марбут ба он даст ба кор шавад. Соли 2018 узви ташкилоти ҷамъиятии маъюбон “Иштирок” гардид ва бо талошҳои пайваста дар бисёр озмунҳо ширкат дошту ҷойҳои намоёнро сазовор гардид.

 

АЗ ТАВАҶҶУҲ ТО СУОЛИ АВВАЛ

Бо ў дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ошно шудам. Дар интизори оғози маҳфил ба китобхонӣ машғул шудам. Дидам духтаре бо аробачаи маъюбӣ вориди толор шуду бидуни он, ки ба атроф назар афканад, шурӯъ ба мутолиаи китоб намуд. Ў низ ба ҷаласа даъватӣ буду то оғози он вақтро ҳадар надода, ба мутолиа машғул шуд. Бо ин кораш диққатамро ҷалб намуд. Дар гўшае нишаста ин ҳамаро ба мушоҳида гирифтам, ў низ таваҷҷуҳамро ҳис кард. Ба ӯ наздик шудам ва нахуст пурсидам чӣ китоб мехонад.

– «Самаки айёр». Ин китобро бисёр таъриф карданд, бароям ҷолиб шуд. Медонед, дастрасӣ ба китоб бароям мушкил аст. Борҳо муроҷиат кардам, ки китоб диҳанд, то дар хона бихонам, розӣ нашуданд. Аммо дўстону ошноён кумак мекунанд: бо номи худашон китоб мегиранд ба ман медиҳанд, ки бихонам, (механдад).

Номатон ҷолиб аст. Таърихашро медонед?

– Тоторист, номи дўст ва ҳамсабақи модарам аст. Ба тоҷикӣ панҷгона мешавад.

Аслан чӣ гуна китобҳоро мехонед?

– Ғазалиёти Мавлонову Ҳофизу Хайём. Афсона низ мехонам, чун инсонро ба дунёи руъёҳо мебарад ва дар он ба фарқ аз олами воқеӣ муъҷиза вуҷуд дорад, хушиҳо мавҷуд аст ва расидан ба аҳдофи бузург мумкин менамояд. Аз мутолиаи китобҳои ҳаҷвӣ низ хушам меояд. Чун вақте  мо механдем, нафаси амиқ ва дароз мекашем, бо ин роҳ шушҳо машқ мебинанд ва ҳавои бештар хориҷ мекунанд, ки ин амал боис ба гардиши беҳтари хун дар шушҳо мегардад. Ханда моддаеро бо номи эндорфин ҳосил менамояд, ки барои хушбахтӣ ҷавобгар аст. Эндорфин на танҳо табъро хуш мекунад, ҳамчунин дардро нест мегардонад. Бовар накарданист, аммо ханда вазни барзиёдро низ кам мекунад. Олимон муайян намуданд, ки 15 дақиқа ханда дар рўз баробар аст бо ҳафтае 3 бор тамрини 30 дақиқаи дар толор. Яъне ба ин ҳадд муфид аст ханда. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки хандидан ба пурожанг шудани руй боис мешавад. Аммо мутахассисон мегўянд ханда мушакҳои руйро мустаҳкам намуда, пӯстро солимтару ҷавонтар менамояд.

 ҲАР ДУХТАРИ БЕНАЗОРАТ МЕТАВОНАД ГУМРОҲ ШАВАД

 – Одатан як китобро дар муддати чанд рўз мехонед?

– Дар ду ё се рўз.

Бо ин аробачаи маъюбӣ ба китобхона омадан мушкил нест?

–  Душвор аст, гоҳе модаркалонам ва гоҳи дигар хоҳарзодаву бародарзодаҳоям маро китобхона меоранд. Чун бо китоб пайванди қавӣ дорам ва аз соли 2019 узвияти Китобхонаи миллиро қабул карда, дар маҳофили гуногуни он ширкати фаъол дорам. Кош пои равон доштам, ки метавонистам худам биёям.

– Шумо ба эҷод машғулед: шеър, тарона мақолла ва ҳикоя менависед. Чӣ боиси илҳоми шумо мешавад?

– Корам доимӣ нест, яъне моҳе як маротиба, як рӯз семинар мегузаронам. Бинобар ин бештар вақт ба эҷод машғул мешавам. Баъзан ба сайру гашт мебароям ва ангеза ба худ мегирам. Аз ободии шаҳр, аз одамон ва аз озодии мардум илҳом мегираму барои навиштан мавзуъ пайдо мекунам. Дар зимн муҳити хонавода низ беаҳамият нест.

– Мақоллаҳоятон дар сомонаи “Оила” ба нашр мерасанд. Қиссаҳои шумо воқеист ё бофта?

– Муддатест бо сомонаи “Оила” ҳамкорӣ дорам ва қиссаҳоям воқеиянд ва қаҳрамонҳо албатта аз ошноён ҳастанд. Ба хотири риояи қавонини ахлоқӣ аз овардани номҳои воқеии қаҳрамонон худдорӣ менамоям. Достонҳоям аз натоиҷи бесабриву ғофилӣ паём медиҳанд.

– Дирӯз як ҳикояатонро хонда, мутаассир шудам. Қиссаи ибратомӯз аз иштибоҳи як духтари фиребхӯрда буд…

 

– Дар ҷомеаи мо нангу номус нақши муҳим мебозад. Чунин гумроҳиро ҳар духтар анҷом дода метавонист, ки беназорат мондааст. Ҳар ҷавон ҳам Саид нест, метавонист, арӯсро бо шармандагӣ пеш кунад ва тасаввур кардани ояндаи арӯс даҳшатнок буд. Вайро пеш аз ҳама падар оқ мекард ва барои дарёфти рӯзӣ ба роҳи бад мерафт. Пешгирӣ аз барқарор кардан беҳтар аст.

  • Шумо мавзӯъҳои қисссаву достонҳоятонро аз куҷо мегиред?

 

– Аз ҷомеа, аз рӯзгор, ки беҳтарин омӯзгор аст, аз мушоҳидаҳо ва аз нақли дўстон.  Ҳар нафар қиссаи худашро дорад. Ҳар кас розҳоеро дар дил пинҳон кардааст.

– Китобатон бо номи “Ҳикмати зиндагӣ” ба нашр  расид. Дар ин бора чанд сухан бигўед.

 

– Азбаски талабот ба китоб зиёд буд, барои нашри дубора китобро ба нашриётӣ “Адиб” супоридам, надоштани 5000 сомонӣ чопи китобро боздошт. Мунтазири дарёфти маблағ ҳастам. Ҷамъ карда истодаам, вале ин миқдор бароям пули калон аст.

– Бо вуҷуди эҷодкор будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъолед.  Ин ҳама неру аз куҷост?

 

 – Шабакаҳои иҷтимиоӣ маъруфанд ва имконият медиҳанд дар ҷараёни хабарҳо бошам. Нашрияҳоро нусхабардорӣ карда мехонам ва аз иттиллои ҷаҳон воқиф мегардам. Аз имконоти мавҷудбуда неру мегирам.

            Феълан дар куҷо кор мекунед?

            – Дар созмони “Иштирок” тренерам. Моҳе як маротиба семинар мегузаронам. Бо нафарони маъюб сару кор дорам, ки мушкилотамон муштарак аст. Мо корҳои таблиғотӣ мегузаронем. Боз якчанд иқдом ҳам кардем, ки аз манфиат холӣ набуд. Масалан, чанд видеонавор оид ба хатарнок будани гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт дар радиои Озодӣ пахш намудем ва алоҳида шарҳ додам. Ҳоло вазъ беҳтар шуд: дар чанд гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳри Душанбе мушкили маъюбонро ба назар гирифтанд. Тавассути телевизион дида, шод шудам, ки талоши мо натиҷа дар пай дорад.

БА ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН ДУ МАРОТИБА РАФТАМУ НОУМЕД БАРГАШТАМ

            – Боре гуфтед, ки китобатонро нафаре гирифтааст, то нашр кунад. Тақдири он чӣ шуд?

– Китоби дувумамро бо номи “Ман ва ҳаёт”  як нафар гирифт ва ваъда дод, ки нашр мекунад. Хабаре нест. Умедворам дастраси хонандагон хоҳад шуд.         

 

            – Бароятон  шеър гуфтан осон аст, ё қиссаву ҳикоя?

 

            – Аввалин  маротиба  шеър гуфтам, ҳоло мақола, ҳикоя ва латифа низ менависам. Бо далели ин, ки Иттифоқи нависандагон роҳи аробагард надорад, 2 маротиба рафтаму дар саҳни бино мондам ва ноумед баргаштам. Мехостам ҳамроҳи шоирон ҳамкорӣ кунам, шеърҳоямро таҳрир намоянд.

– Чаро дар риштаи худатон фаъолият намебаред?

 – Аз рӯи риштаи фаъолиятам кор карда натавонистаму дипломи бекорхобидаам ҳар лаҳза нотавониамро ба рӯям мекашид. Ба андозае гирифтори ғам гашта будам, ки зонуи ғам дар бағал дар чанги афсурдагӣ қарор гирифтам. Гоҳо аз нотавониам натиҷа мегирифтам, ки Офаридгор нисбат ба ман хасис аст ва маро аз неъматҳояш маҳрум кардааст. Баъдан дар вуҷудам шавқи  шеъргӯиро пай бурдам. Дарк намудам, ки ҳама дарҳо дар муқобилам баста нашудааст, дарҳое низ боз ҳастанду барои гузаштан аз он дарҳо ба ҳимояти атрофиён ниёз дорам. Дар боби амалҳое, ки анҷом додан мехоҳаму наметавонам, нороҳатам. Суханҳое буд, ки баён кардан наметавонистам ва ҳамли онҳо бароям мушкил буд. Ҳоло тавассути шеър баён мекунам.

Пайваста бидуни ин, ки ҷурме содир карда бошам,эҳсоси хиҷолат мекардам. Ба назарам эътимод ба нафсамро аз даст дода будам.

  • Нақшаҳоятон барои оянда чист?

            – Мехоҳам онқадар нависандаи муваффақ шавам, ки бигӯянд, ин ҳамон нависанда, на маъюб. Ба маълулон улгу шавам. Боз ният дорам китобчаи афсонаҳои шавқовар барои бачаҳо нависам. Бародарзодаву хоҳарзодаҳоям маро шавқманд карданд, зеро исрор мекунанд афсона нақл кунам ва аз нақли кардаам лаззат мебарам.

Суҳбати Рахима Аъзам