«Хонаи офтоб»-сеюмин маҷмуаи шеърҳои Ҷалолуддин Нурзода
“Хонаи офтоб» маҷмуаи нави ашъори Ҷалолуддин Нурзода аст, ки шеърҳои бахшида ба Ватан, Истиқлол, манзараҳои зиндагӣ ва табиати деҳоти кӯҳистон, инчунин ғазалҳо, рубоӣ ва дубайтиҳои шоирро фаро гирифтааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам дар сарсуханаш ба китоб аз ҷумла навиштааст: Ҷалолуддини Нурзода инак маҷмуаи нави ашъори худро пешниҳоди хонандагон гардонидааст. Маҷмуа шеърҳои гуногуни дар васфи Ватан, модар, истиқлол, ҷавонӣ, манзараҳои табиат, кӯдакӣ, деҳа ва дигар мавзуъҳоро фаро гирифтааст. Ҳамчунин як силсила ғазалҳои шоир пешниҳод гардидаанд, ки дар мавзуъҳои анъанавии ғазали имрӯз иншо шуда, дар аксар маврид боз ҳам бо сухани тозаеву ташбеҳи наве ороста гардидаанд.
Бахши сеюми маҷмуаро рубоиву дубайтиҳо ташкил додаанд. Ҷалолуддин дар эҷоди рубоиву дубайтӣ маҳорати хос дорад. Ҳамеша талош меварзад, ки дар ҳар як рубоиву дубайтӣ, ё дар ҳар байту мисраъ сухани наве, ташбеҳу истиорае, ё мазмуни наверо ҷой дода бошад. Ба вижа, рубоиву дубайтиҳое, ки ба деҳа, ба модар, ба хонаи падарӣ ва ағлаб ба ишқу муҳаббати ҷавонӣ бахшида шудаанд, бо эҳсоси наҷиби носталҷӣ – саршори ёдҳои ширин эҷод гардидаанд. Шоир зиндагии деҳа, даврони кӯдакӣ, ҳавлии бобоӣ, панди падар, гулу гиёҳ ва дарахту буттаи деҳро бо меҳри саршори фарзандӣ, бо ташбеҳу истиораҳои тоза ба қалами тасвир гирифтааст. Дар аксар рубоиву дубайтиҳояш номҳои ҳанӯз номаълуми гулу гиёҳ, таъомҳои миллӣ ва як силсила вожаҳои наверо истифода кардааст, ки танҳо дар шеваҳои мардуми кӯҳистон истифода мешаванд. Аксари чунин вожаҳо ба даврони хеле куҳан иртибот гирифта, қобили дар забони адабӣ истифода шудан ҳастанд.
Ҷуз роваю боғула набуд ҳеҷам қут,
Субҳонаи ман рок буду нону қурут.
Маҷмуаи ашъори шоирро бештар рубоиву дубайтӣ фаро гирифтаанд. Дар ин бахш савияи рубоигӯии муаллиф, ки бештар ба сабку услуби мардумӣ бархурдор шудааст, бештар зоҳир мегардад. Маълум мешавад, ки заминаи рубоиву дубайтӣ гуфтани шоир аз эҷодиёти шифоҳии мардумӣ манша мегирад. Дар баробари ин, анқариб дар ҳама байту мисраъ ва чаҳорпораҳо сухани нави шоир зоҳир мегардад. Мисли рубоии зерин сабку лаҳни осори мардумӣ дар ин китоб зиёд аст:
Ин кӯзаи зарҳалӣ, ки гулмонаки туст,
Дар кӯзаи ту шукуфта армонаки туст.
Ҳаргиз ту наафтӣ ба замин, чун ёрат,
Бо такяи худ ҳамеша дар ёнаки туст.
***
Аз бухлу бало то напарад чашмонат,
Ҷонам ба сари мижжаи ту хас будӣ.
Дар байтҳои зерин низ, ки чунин байтҳо дар маҷмуа зиёданд, бозёфтҳои шоирона мушоҳида шуда, аз мушоҳидакориву нозукбинии муаллифашон дарак медиҳанд:
Ҳама гандум зи каҳ берун кашиданд,
Чу дона ман даруни коҳ мондам.
***
Зангӯлаи ман ба вақти дарси мактаб
Зангӯлаи нуқраи бари гӯши ту буд.
***
Дар шифти дилам мисли парастуи баҳор
Бо лойи лаби ҷӯйи ту ман лона кунам.
***
Бе тори ду сими зулфи чун ноқили ту
Дар сина чароғи дил фурӯзон нашавад.
***
Барои ман басо роҳи дароз аст
Расидан то ба мӯи кӯтоҳи ту…
Воқеан, Ҷалолуддин Нурзода дар ҷодаи шеър қадамҳои ҷасурона гузоштааст ва итминон дорем, ки шеъраш боз ҳам рангинтару шевотар хоҳад шуд. Мо низ ба ӯ барору комгорӣ таманно мекунем.
Хонандагон китоби Чалодуддин Нурзода “Хонаи офтоб”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.