Хонандагони Китобхонаи миллӣ дар Осорхонаи миллӣ

Хонандагони Китобхонаи миллӣШуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагонашро ба сайёҳати Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бурд.

Ин иқдоми шуъбаи зикршуда аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ бо истиқболи гарм рӯ ба рӯ гардид ва бо дастгирии мудири осорхона тамошои ройгони то 30 нафар аъзоёни шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иҷоза дода шуд.

Хонандагону кормандони шуъбаи болозикр аз дидани ёдгориҳои таърихӣ, олами набототу ҳайвонот, маъданҳову сангҳои қимматбаҳои кишвар, табиати нотакрору биҳиштосои ватан, бозёфтҳои таърихӣ, дижҳову китобҳои нодиру дастхат бардоштҳову хотироти хуш бо худ бурданд.

Ҳамкории шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ бо сохторҳои дигари кишвар ва созмонҳои ватаниву хориҷӣ хуб ба роҳ монда шуда, бо сарпарастон ва ниҳодҳои кишвар пайваста ҳамокрӣ намуда, хонандагонашро ройгон ба театру синамо, сирк, осорхона ва консерту маҳфилҳои фарҳангӣ мебарад.

Шуъба барои хушҳол намудану баланд бардоштану боло бурдани завқи онҳо ва дар руҳияи фарҳангӣ тарбия намудани аъзоёни шуъба иқдоми неки дигареро ба роҳ мондааст. Қарор аст рӯзҳои наздик дар кохи Наврӯз барои хонандагони шуъба филми мазщакавие ба таври ройгон пешкаш гардад.

Шуъбаи хидматрсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ сипоси самимиву фаровони хешро ҷиҳати дастгириву ҳамкориҳои судманду ояндадор ба сарвари Осорхонаи миллӣ иброз медорад.

Умед аст, ки ин ҳамкориҳо дар ояндаҳо низ густариш ёфта, барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд.

Саодат Набиева, сардори шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, Раҳима Аъзам, бахши равобит бо ҷомеа.