Хонандагони синфҳои 8-11 аз шаҳрҳои Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Ёвон ва Адбдураҳмони Ҷомӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд

Рӯзҳои 30-31-уми марти соли 2022 тавассути созмони ғайритиҷоратии Ҳайати Шавқат дар Тоҷикистон синфи 8-то 11 аз шаҳрҳои Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Ёвон ва Адбдураҳмони Ҷомӣ ба Китобхонаи милли Тоҷикистон  хонандагони ташриф оварданд.

Кормандони Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ онҳоро раҳнамоӣ карданд. Аз таърихи таъсиси Китобхона, китобу китобдорӣ дар кишвар нақл намуданд, толорҳои хониш, осорхонаҳои китоб, шуъбаҳои китобхонаро нишон доданд.

Дар рафти тамошо хонандагон суолҳои зиёде дар мавриди низоми кории китобхона, тартиби узвият ба он, китобхонаи электронӣ ва ғайра додаву посухҳои дақиқ дарёфт намуданд.

Ҳамарӯза даҳҳо тан аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф, меҳмонони дохиливу хориҷии пойтахт аз Китобхонаи миллӣ дидан мекунанд.

Теги: