Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ”

Ривояти суғдӣҚиссаи “Ривояти суғдӣ” аз беҳтарин нигоштаҳои нависандаи маъруф устод Сотим Улуғзода аст, ки дар аввалин талош барои ташкили гӯшаи “Хониши бадеӣ” интихоб кардем. Хостем ин қиссаро бо ҳам бихонем ва ёде аз гузаштагон кунем. Ин қисса бидуни шак асарест ғояҳои ватандӯстӣ, далерӣ ва шуҷоатро таблиғ ва меомӯзад.

ВИРКАН

1

Савдогари ғайюр ва корчаллони суғдӣ дар паси суд ба  куҷоҳое, ки намерафт. Роҳҳои дуру дарози Хитой, Ҳиндустон Эрон, Рум ба вай монанди кўчаҳои шаҳри худаш Самарқанд ё Бухоро ё ки Пайканд шинос буданд.

Корвонҳои бозаргонии суғдиён «Роҳи абрешим»- и кабирро, ки бо вай абрешими Хитой ба Эрон ва Рум бурда мешуд,  мепаймуданд, тилло, навшодир, зарфҳои нуқра, карбосу  алочаи машҳури занданегӣ, дебо, чарми нафис, кимхоб, гилем, камону сипару ҷавшанҳои аълои суғдиро ба мамолики шарқу  ғарб мебурданд. Инчунин ба тавассути ин корвонҳо моли бозаргонии кишварҳои гуногун ба ҳамдигарашон интиқол меёфт. Аҷаб нест он бозаргоне, ки ба Шайх Саъдй гуфта буд, ки  гўгирди порсӣ ба Чин, косаи чинӣ ба Рум, дебои румӣ ба Ҳинд, пўлоди ҳиндӣ ба Ҳалаб, обгинаи ҳалабӣ ба Яман, бўрди яманӣ  ба Порс бурдан мехоҳад, бозаргони суғдинажод бошад.

Яке аз корвонҳо дар соли 673 (мелодй) ба Яман рафта буд, дар он ҷо бозаргонон шуниданд, ки амири араби Хуросон  Убайдулло бинни Зиёд аз Ҷайҳун гузашта Суғдро тохта, Бухоро, Пайканд ва шаҳру деҳоти дигарро тороҷ кардааст. Бозаргонон, ки дар Суғди Бухоро ва Самақанд оилаҳошон  монда буданд ва коху кошонаҳо, молу мулк доштанд, аз ин  хабари нохуш ба хавотир афтода, дастгоҳи тиҷоратиашонро  саросема барчиданду роҳи бозгашт пеш гирифтанд.

Корвон бо соҳили баҳри Аҳмар роҳи биёбон мепаймуд. Вайро дастаи муҳофиз – бист нафар чокирони мусаллаҳ, ки онҳоро бозаргонон аз ҷумлаи ҷавонони далери суғдӣ яккачин  карда ба киро гирифта буданд, мушояат мекарданд. Бештарини  чокирон аспсавор буданд, дигарҳояшон дар каҷоваҳо ба ҳар  шутур ду нафарӣ савор шуда мерафтанд.

Корвон баъди ду моҳ ба Мадина расид.

Акнун боз ҳамон гуна роҳи дур ва пурмашаққати Шом дар пеш буд.

Офтоб сўзон, ҳавои регзорон чун дами кўраи оташ тафсон.  Зангўлаҳои чаҳорсаду сӣ уштури боркаш дар хомўшии  биёбони  Ҳиҷоз ҷиринг – ҷиринг нағмасози мақоми якнавохт…

Рўзи панҷуми сафар баногоҳ дар ақиби корвон аз дур сиёҳии савороне намудор гашт. Саворон аз хомаи баланди рег сарозер шуда тез- тез пеш меомаданд.

Сарҳанги чокирон, ки бо нисфи дастаи худ дар думи корвон равон буд, аз эҳтиёт якеро сўи нисфи пешгарди даста давонд, ки огоҳ ва ҳушёр бошанд.

Саворони пайдошуда бо ҳамон гуна яроқе, ки чокирон доштанд, яъне бо шамшеру ханҷару найзаҳо мусаллаҳ буданд. Маълум набуд онҳо кистанд: сипоҳиёни ҳокими Мадина ё сарбозони ягон шайхи  бодия? Ё балки роҳзанон бошанд?

Бадтарин гумони корвониён рост баромад: саворони  ношинос наздик омада якбора бо ҳаёҳу ба болои чокирон  тохтанд. Чокирон сари роҳи онҳоро гирифтанд, задухўрд ба  вуқўъ пайваст. Муборизони ҳар ду тараф дар фаввораи гарди тафсон ба ҳам омехта шамшер мезаданд ва найза мекўфтанд.

Яке аз чокирон, марди сисолаи тануманд, шонафароҳ, ришсиёҳ, ҷавшан дар бар ва кулаҳхўрди мисин бар сар, савори  аспи саманди қашқа, бо нахустин ҳамла ду роҳзанро аз асп фурў ғалтонд ва найзаи саввуминро бо як зарби шамшери дарозаш  шикаст. Аз яке роҳзани захмхўрда ҳангоми ғалтидани ў шамшерашро рабуда, бо ду шамшер бо ду даст бар чапу рост ва пасу пеш задан гирифт.

Ин мард сарҳанги чокирон буд, Виркан ном, ғуломи  бозаргони бухороӣ Нўфарн.

2

Яке аз роҳзанон, ки ҳамчунин ҷавшану кулоҳдор буд, ба Виркан дарафтид.Виркан араби миёнсоли зеботалъат ва хушсавлатеро дар баробари худ дид, ки ба гумон саркардаи роҳзанон буд, ришу бурути кўтоҳи базеб, чашмони калони сиёҳи шарорафишон дошт, аз ваҷоҳаташ шуҷоат меборид. «Шояд Молик ибн-ур-Райб ҳамин мард бошад», – ба дил гузаронд Виркан, зеро корвониён дар Мадина шунида буданд, ки дар он тарафҳо роҳзани бебоке, Молик ибн – ур- Райб ном, бо дастаи ғоратгарони худ пайдо шудааст. Виркан хато  накард: саркардаи роҳзанон ҳақиқатан Молик ибн – ур- Райб  буд.

Дуяшон бо ниҳояти тундӣ ва шиддат  шамшерзанӣ  карданд.

Ба зудӣ дасту гардан, китфу ронҳои ҳар ду хунин гашт. Араб дар ҳоли чорхези аспи тозиаш ба чапу рост чандон мехамид, ки сараш қариб ба замин мерасид ва аз таги асп ба шиками аспи ҳариф ё ба пои савори он шамшер заданӣ мешуд, ҳам гоҳо болои зин рост истода ҳамла меовард.Воқеан ҷангисавори пурҳунаре буд.

Аммо паҳлавони суғдӣ ҳам аз вай намемонд.

Дар айни задухўрд чокирони пешгарди корвон ҳам даррасиданд ва ба роҳзанони латхўрдаву талафотдода дарафтиданд.

Он гоҳ молик навмед шуд, ў наърае кашида ба забони худ чизе гуфт, зоҳиран ба шариконаш фармони ақиб гаштан дод, ки онҳо якбора гурезон шуданд ва баъд саркарда ҳам аз пасашон фирор кард.

Кушташудагон ва маҷрўҳони дастаи Молик дар регзор монданд, аспҳои ононро шариконашон этал карда бурданд.

Аз чокирон ҳам як нафар ҳалок, се нафар захмин ва маъюб шуда ғалтида монда буданд.

Рафиқонашон онҳоро бардошта сўи корвон, ки пештар рафта қарор гирифта буд, равон шуданд.

3

Корвониён онҳоро бо нидоҳои таҳсину офарин истиқбол карданд. Чанде аз хизматгорон зуд ба гўрковй ва дафни мурда, як суғдии солхўрда аз доруҳои эҳтиётии бозаргонон ба марҳам молидан дар ҷароҳати се чокири захмдор машғул гардиданд.

Дар ин асно аз Нўфарн, хоҷаи Виркан, рафторе ба зуҳур омад, ки ҳеҷ кас ва алалхусус Виркан мунтазири он набуд. Хоҷа чӣ гуна роҳзанон ҷангидани ғуломашро назора карда буд, ҳоло вай нохост Виркани саропо дар гарду регу хун олударо оғўш карда, аз сару пешониаш бўсида ба ситоиш даромад:

Дер зӣ, паҳлавонам, гурди сафдарам! Агар ту намебудӣ, ҳолмо чӣ мешуд? Ту корвонро наҷот додӣ, моро аз аҷали муаллақ раҳонидӣ!

Нўфарн он қадар ба таассур ва риққат омада буд, ки ҳатто дар чашмони аз офтоби сўзон ва гарди биёбон сурх гаштааш ашк ҳалқа зада, ду-се қатраи он ба риши сиёҳу сафедаш шорид. Сипас хоҷа ба корвониён рў рварда гуфт:

– Вирканро ман ба чорсад дирам харида будам, вай имрўз баҳои худро саду чанд ва балки ҳазор чанд ба ман бозгардонд. Ҳамин, ки сиҳат саломат ба ватан расидем, ман ба подоши фидокорие, ки дар муҳофизати корвон ва ҷони мою шумо аз ин диловар ба зуҳур омад ва ба шукронаи наҷот ёфтанамон аз қатлу ғорат, Виркани азизамро аз ғуломӣ озод мекунам. Шумоёнро ба ҳамин қавли худ гувоҳ мегирам.

Шарикони бозаргонии Нўфарн, чокирон ва дигар аҳли корвон ҳама ба вай офарин хонданд, олиҳимматии ўро ситуданд ва ботинан хурсанд буданд, ки шарики савоби ғуломозодкунӣ шуданд. Бозаргонон ба Виркан, ки аз ин пешомади ногаҳонӣ, аз ин хушбахтии ғайричашмдошт моту мабҳут ва забонаш лол гашта буд, хитоб мекарданд, ки:

– Ба хоҷаат таъзим кун, шукр гўй! Дасташонро бибўс! Паҳлавон саросема ба хоҷааш таъзим кард ва дар пешаш зону  зада дасташро бўсид…

4

Вай аз падари суғдӣ ва модари турк таваллуд ёфта  буд. Падараш Ревахшиён аслан самарқандӣ буда, бисту панҷ сол дар кишвари туркон Ҷеттису (Ҳафтрўд) зист.

Суғдиён дар сарзамини туркон ҳам то ҳудуди Хитой сокин шуда, дар қади «Роҳи абрешим» ҷо-ҷо ба худ деҳаҳо, нишемангоҳҳо сохта буданд ё ки дар авулҳои туркон дар  байни  бошандагони тагҷоӣ мезистанд. Баъзе аз он деҳаю авулҳо манзилгоҳи корвонҳои раҳгузар буданд. Ревахшиён дар яке аз манзилгоҳҳо гумоштаи як нафар бозаргони самарқандӣ буд. Дар он ҷо туркдухтареро ба занӣ гирифт. Зан дар вақти зоиши аввал мурд, кўдакаш зинда монд, вайро бо шири буз, оҳу, асп  парвариданд. Бача то бистсолагӣ дар Ҳафтрўд ба тарбияи падараш буд. Монанди ҳамсолони туркнажоди худ аз сесолагӣ аспсаворӣ омўхт. Чун ба воя расид, ҷавони бокитфу бозу, неруманд ва ниҳоят чобуке гардид. Аз аспи савории худ ба  пушти аспи ромнашудаи гурезон меҷаҳид ва онро то ром накунад, аз пушташ намефуромад. Шикордўст буд, бо  саворон  пайваста ба шикори гург, рўбоҳ, гавазн мерафт.

Падараш дар пиронсолӣ ба Самарқанд баргашта дар деҳаи Ревдод, ки зодгоҳаш буд, сукунат ихтиёр кард.

Фарзанди даштҳои бекарон ва кўҳҳои баланд Виркан ба деҳқонию боғдорӣ одат накард, ҳавасаш ба асп ва камон  буду  бас. Аспе дошт саманди қашқа, тезтаки пўлодсуми фарбеҳсинаи пуштфарох, ёлдарози говдум, ки ба вай Рахши пасин ном ниҳода буд, яъне Рахши пешин аспи Рустами Дастон аст ва ин пас аз вай. Ҷавон ҳар гоҳ, ки бар Рахши пасин менишаст, худро шаҳсавори ҷаҳон ҳис мекард. Бо он асп ба шикор мерафт, чавгонбозӣ мекард (чавгонбозӣ дилписандтарин бозии ҷавонони Суғд буд), ки дар маъракаҳо савора гўштӣ мегирифт. Дар ду бозии охир аксаран ғолиб мебаромад.

Дар байни ин шуғлҳо вай ҳафтае як бор – ду бор аз дараи Киштут ба ду уштури падараш ангиштсанг бор карда оварда, дар бозори Самарқанд мефурўхт.