Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

Сотим Улуғзода39

Малика бо мулозимонаш бархоста аз чодир бадар рафтанд. Молик ибн-ур – Райб аз паси Саид ба чодири дарун даромаду баъди андак фурсат баромада ба берун шитофт, боз ба дигар чодири хурде, ки дар канори дуртар истода буд, дохил шуд ва баъди як дам баромада, тарҷумони эрониро ҳамроҳ гирифта, сўи тахти равони малика рафт.

Малика ҳанўз ба тахти равон нанишаста буд. Молик бо тавозўи ҳарчи тамомтар ба вай чунин гуфт:

– Улёҳазрат! Бо иҷозати олӣ хоҳиши оҷизонаи як нафар ҳаким ва аълами уламои арабро ба самъи муборак мерасонам. Эшон агарчи бо мо ҳамсафаранд, лекин ба ҷангу ҷидолҳо коре надоранд, сайёҳ ва зоиранд авсофи Хотуни Бухороро шунида, ба улёҳазратам ғоибона иродат меварзанд. Эшон имрўзҳо каме нохушанд, аз чодири худашон намебароянд, оҷизона илтимос карданд, ки улёҳазратам ба лутфи мулукона қадами муборакашонро барои аёдати бемор ранҷа фармоянд, то ки аз хуршеди ҷамоли улёҳазрат дилу дидаи эшон нур бигирад ва бошад, ки аз баракати дидори файзбор сиҳат ёбанд. Чодири эшон инак наздик аст.

Молик тори суханро бо чунон лаҳни сидқу илтиҷо танид, ки малика дар он дармонд ва бехабар аз макри душман хоҳиши ўро пазируфт. Бо мушояати чанде аз мулозимон ва парасторонаш сўи чодири нишондодаи Молик равон шуд.

Аммо ба даруни чодир қадам ниҳоданаш ҳамон буд ва ҳаросону ларзон берун ҷастанаш ҳамон. Вай дар он ҷо марди девсуратеро дид, ки тани пурмўяш то миён луч, сараш ниҳоят калон ва мўи сараш сурхи дарҳампечида ва то буни гарданаш фуромада, дар дасташ шамшер, дар пеши гулхани фурўзон рост истода буд, чашмони шоҳкосавораш ҳам аз тоби оташ сурх буданд, вай гўё ки каси даромадаро ба даридану фурў додан тайёр шуда истода бошад, даҳонашро калон кушода, бо як хандаи ваҳшатангез ба малика менигарист.

Ин мард Ҳозим ном яке аз сарони сипоҳ буд, табиати халлоқ ўро ҳамингуна халқ карда ва бо ваҷоҳате, ки тасвир ёфт, ороста буд. Ўро ба сабаби сурхии мўйсараш дар лашкар Деви Сурх лақаб ниҳода буданд. Вай олати ҳилаи Саид ва Молик гардид. Ҳиларо дар он ҳангом, ки Саид дар поёни маросими қабули малика ба чодири дарун рафту Молик аз пасаш ба он ҷо даромад, дуяшон дар хилват эҷод карда буданд. Саид барои ниқор гирифтан аз малика василае ҷуз ин наёфт, ки ба мақсади масхара ва хор кардани ў ҳамин ҳилаи бешармонаро ба кор барад. Хотуни соддадил, ки аз фотеҳон то ин дараҷа пастиро гумон надошт, ба доми фиреб ғалтид.

Чун маликаи ваҳшатзада аз чодири Ҳозим онгуна берун ҷаст, Молик ва дигар сипоҳиён, ки дар он ҷо гирд омада буданд, қоҳ-қоҳ хандиданд. Малика бо алам суханони зерини пур аз нафрати сўзонро сўи онҳо афканд:

Ин разилон фақат ба худашон монанд ҳастанду бас! Аз дасти инҳо ғайр аз кирдорҳои разилона чӣ ҳам меомад?!

Сипас вай тез-тез қадам монда ба тарафи тахти равони худ равон шуд.

САМАРҚАНД  ҶИҲОД  МЕКУНАД

40

Дар шомгоҳи сокиту ором аҳли хонавода дар суфаи рўи ҳавлӣ пас аз сарфи шавлаи қўноқии кишмишу зардолу хўрда нишаста буданд. Ёди Ревахшиёни марҳумро мекарданд.Оҳиста- оҳиста торикӣ доман меёзонд. Гнҷишкҳо, мусичаву кафтарҳо дар лонаҳошон орамида, фақат якто- нимто дермондаҳошон саросема сўи ошёна мешитофтанд. Ҷои чаҳ- чаҳу ку- куи онҳоро чирроси чирчиракҳо мегирифт. Фазои ороми нимторик акнун дар ихтиёри шабпаракҳо монда буд, ки дар паи шикори хомўшакҳои чун кулўхи ба ҳаво ғуррондашуда ба ҳар сў паррон буданд. Виркан писарчаашро, агарчӣ фақат се рўз надида будаш, пазмон шуда буд, вайро бар зонувонаш шинонда навозиш мекард.

Ревахшиёни пир як ҳафта пеш вафот карда буд. Дарди беморӣ накашида, дар ҳоле ки набераашро дар пушташ бардошта буду ба «чаро-чаро»- ҳои беҳисоби кўдак ҷавоб гўён аз боғча ба ҳавлӣ ворид мешуд, ба ногоҳ дар худ як сустии ғайриоддӣ ҳис карду ба замин нишаст: Шеркавич аз дўши бобо фуромада дарҳол худро ба бағали вай андохт. Пирамард ба пурсиши навбатии бача дар бораи он ки чаро пишак чорто пой дораду хурўс фақат дуто, ҷавоб дода истода, оҳиста ба паҳлў ғелиду хомўш гашт: бақияи суханаш дар даҳонаш монд.

Аҳли хонавода ба дил ҳанўз азодор буданд, Виркан аз чигуна фарёду фиғон кардани падараш дар майдони машқи сарбоз, ҳангоме ки ў, Виркан, дар набард бо нахустпаҳлавони Суғд мағлуд шуда буд, аз гиряи пурдарду алами пирамард дар вақте ки ў дар Искиҷкати Бухоро аз Нўфарни бемурувват озодии писарашро металабид, ёдовар шуда дар нимторикии шом ашки чашмонашро пинҳонӣ пок мекард. Суханони падари дилфигораш: «Озодии ту барои ман саодати ҳар ду дунёст… Агар озодии туро надида бимирам, саодати он дунё ҳам ба ман даркор нест» ҳанўз дар гўши Виркан садо медоданд…

Ўро Ёдхишетак ба хидмат гирифта, сарҳанги як дастаи чокирони худ таъин карда буд. Ў ҳар рўз дастаи худро дар майдони махсус ё ки дар дашт машқи савориву камонкашиву шамшерзанӣ медод: ба хонааш фақат ҳафтае ду бор меомад, агарчӣ Ревдод аз Самарқанд чандоне дур набуд, масофа камобеш як фарсах (6-7 километр) буду бас.

Баногоҳ аз кўча садои суми аспи шитобандае баланд гардид. Баъди як лаҳзаа асп истоду дари берун сахт-сахт кўфта шуд. Кўбанда рухсати ворид шудан гирифта дарро яла карду тез-тез қадам партофта пеши суфа омад. Вай яке аз чокирони дастаи Виркан буд.

Шод бош, сарҳанг, – салом дод чокир. – Ёдхишетак туро металабад. Фармуд, ки нишаста бошӣ, бархез ва бархоста бошӣ, савор шав!

Чӣ ҳодиса? – хавотир кашида пурсид Виркан.

– Араб лашкарашро ба ин сў кашидааст. Пайк аз Дабусия омад, роҳбарон талояи арабро дар роҳи байни Дабусия ва Карминия дидаанд.

Виркан Шеркавичро аз зонувони худ бардошта ба паҳлуяш шинонду бархост.

Наниманча ва модараш бо хотири мушавваш ба дастархон таоруф кардани пайкро ҳам фаромўш карда буданд, ин фақат дар вақте ба ёдашон омад, ки вай ақиб гашта рафтанӣ шуд:

Ҳоӣ, бинишин, нон бихўр!

Чокир баргашта дар лаби суфа нишасту нону ангур тановул кард.

Наниманча ба собот назди шавҳараш, ки аспро зин мезад, омад:

Виркан, акнун чӣ мешавад?

Виркан на он қадар аз худи ин пурсиш, балки бештар аз лаҳну оҳанги он ба биму ҳароси ботинии занаш пай бурд. Чокир хабари ҷангро овард. Наниманча, ки як бор бо он ҳама даҳшату фоҷиа аз шавҳари маҳбубаш ҷудо шуда буд, акнун аз тақдири вай, тақдири худаш ва бачааш ба хавотир афтода буд. Виркан ин кайфияти ўро ҳис кард. Ў медонист, ки ҷанг ногузир аст. Самарқанд, подшоҳи он ҳаргиз таслим нахоҳанд шуд. Бино бар ин вай хатарро аз занаш пинҳон кардану ба вай тасаллои бардурўғ додан нахост:

– Пуртоқат бош, Нанӣ,- даст ба китфи Наниманча ниҳода гуфт ў. – Ҳар чи ба сарамон ояд, ту пуртоқат бош, ҳаргиз худатро бой мадеҳ. Агар ман дар ин як-ду рўз омада натавонам, хабар медиҳам.

Вай бо занаш ва модарарўсаш хайрбод кард ва Шеркавичро бўсиду бо ҳамроҳии чокир сўи Самарқанд раҳсипор гардид.

Ҳар ду бо ҷадал асп ронда, андаке пештар аз маҳкам шудани дарвозаҳои шаҳристони Самарқанд ба он расиданд.

Кўшки Ёдхишетак дар паси дарвозаи ҷанўбӣ воқеъ буд, ки Дарвозаи Каш номида мешуд ва Виркан аз вай ба шаҳристон дохил гардид. Нахустпаҳлавон ўро дар меҳмонхонаи худ мунтазир буд. Хонаи калони ёздаҳболориро чаҳор шамъи фурўзон дар шамъдони тиллоӣ равшан мекард. Дар деворҳои хона ханҷару шамшерҳои ҷавоҳиркўб, камону сипарҳо овехта шуда буданд. Ду тарафи хона, ба қадри як ваҷаб аз фарши он,  суфа буд, онро бо гилемҳои гулдор пўшонда буданд.

Шод бош паҳлавон! – салом дод Виркан.

Ёдхишетак ба саломи вай бо ҷунбонидани сар ҷавоб дод ва ишора кард,ки дар паҳлуяш нишинад. Виркан нишаст.Чокир берун рафт. Паҳлавон аз рўи одати худ гуфтугўро бо чунин суол сар кард:

– Чӣ хабар?

– Хабарро аз ту мешунавем, – ҷавоб дод Виркан.

Магар нашунидӣ?

Чокир фақат нўгашро баровард. – Он чӣ фақат пиндор буд, ҳақиқат шуд. Умед доштем, ки ин амири араб ҳам монанди амири пештараашон… номаш чӣ буд?

Убайдуллоҳ ибни Зиёд.

Ибни Зиёд. Ин бор Саид ибни Усмон номе омадааст. Аз шоҳзодагони араб будааст. Подшоҳи мо умед дошт, ки ибн Саид ҳам монанди ибни Зиёд Бухороро ғорат мекунад ва аз Хотун ҳам хироҷе мерўёнаду меравад. Умедаш пуч баромад. Ў бо вазиронаш машварат карда, ба ҷангидан қарор дод.- Ёдхишетак як дам сукут карда суханашро давом дод: – Лекин арабро пеш аз он ки ба Самарқанд бирасад, лоақал се- чаҳор рўз дар роҳ овора кардан лозим аст, то ки мо ба мудофиа дурусттар тайёрӣ бинем. Подшоҳ аз ман пурсид:

Ба ин кор кадом сарҳанг лоиқтар аст? Гуфтам – Виркан. Гуфт: Оре. Амр кард, ки туро фавран бо понсад савора камонкашу шамшерзан бо роҳи Бухоро фиристам, то ки роҳро ба араб бубандӣ…Қабул?

Виркан аз ҷоӣ ҷаста ба по хест:

Фармон мебарам! – гуфт ва пурсид: – Лашкари араб чӣ қадар бошад? Нахустпаҳлавон бо як навъ лаҳни танбеҳомез гуфт:

– Магар паҳлавон, марди майдон шумораи душманро мепурсад?

Виркан мулзамона лабханд карда ба замин нигарист.

Ту зиндаи душманро нашумор, мурдаашро бишумор,- илова кард Ёдхишетак. Суханашро давом дода гуфт:- Дастаи ту сад нафар, ман боз чаҳорсад нафар ба вай изофа кардам. Сарбозон дар лашкаргоҳ ба сафар тайёр шуда истодаанд ва мунтазири туянд.

Бо фармоиши ў хизматгораш аз ҳавлии дарун хўрок ва шароб овард. Дар аснои хўриш Ёдхишетак бо Виркан дар бораи чигуна амал кардани дастаи саворони ў мусоҳиба намуд. Сипас ҳар ду бархоста бо шитоб ба лашкаргоҳ равон шуданд…

 

(Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.

 

Теги: кӯдакон ва анврасон