Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)
41
Лашкари истилогар фавҷ – фавҷ, ҳар фавҷе мансуб ба яке аз қабилаҳои араб, дар шоҳроҳи байни Бухоро ва Самарқанд ба чандин фарсах тўл кашида ҳаракат мекард. Пешопеши ҳар фавҷсаворони ҷавшанпўши баргустувондор, аспҳошон ҳам баргустувондор, асосан асилзодагони араб аз ҷумлаи бодиянишинон меомаданд.
Дар ақибашон пиёдаҳо. Бештарини пиёдаҳо аз маволӣ (маволҳо) иборат буданд (маволӣ гуфта арабҳо мардумони ғайриарабро меномиданд, ки ба фотеҳон таслим ва ба дини ислом даровардашуда будан). Лашкари пиёда аз лашкари савора ду-се карат зиёд буд.
… Он рўз сари лашкар ба Рабинҷон расида ва думаш дар Дабусия буд (аз шаҳрчаи Дабусия то шаҳрчаи Рабинҷон масофа панҷ фарсах- камобеш сӣ километр ва аз Рабинҷон то Самарқанд дувоздаҳ фарсах буд). Бунаи лашкар бошад, дар байни Кармия ва Дабусия ҳаракат мекард. Бунаи иборат аз чандин сад шутур, аспу хар, ароба ва ҳаммолони пиёда дар офтоби сўзон таҳти муҳофизати понсад сарбози савор бо сардории Ҳозим- Деви Сурх аз паи лашкар кашол шуда меомад.
Шабонгоҳ буна ба наздикии Дабусия расида қарор гирифт. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷои дашти кушод гулханҳо афрўхта шуданд. Одамон ва чорпоён дам мегирифтанд.
Шаб орому серун, осмон ситоразор. Заврақи моҳи нотамом дар баҳри осмон, байни ситораҳо, ки гўё кафкҳои баҳр буданд, шиноваранд. Дар уфуқи ҳар ду ҷониби дашт талҳо пасту баланд, сиёҳии деҳаҳо намудор. Ак-аки як-ду саги беқарор ва нўлааи ду-се шағоли бедор, ки аз дуродур ба гўш мерасид, ҳисси оромии шабро қавӣ ва фақат ғалоғулаи ўрдугоҳ ин оромиро халалдор менамоянд. Лашкариён ва ҳаммолон тўда – тўда дар ҳар ҷо давра гирифта зоди сафарашонро мехўранд. Иддае дар гирди тўдаҳо, байни аспу аробаҳо ва шутурҳо ба гардишу тараддуд. Аз баъзе ҷоҳо якка-якка садои тарона ё ки замзама шунида мешавад.
Дар ин вазъи хотирҷамъию осудагии урду, ки зоҳиран андешаи бимеву хатаре дили фардеро намехарошид, баногоҳ аз тарафи рости урду тапар-тапари пурҳайбати суми аспон ва ҳаёҳу, ғавғо, ҷеғу доди ваҳмангез бархост.
Саворони Виркан ҳуҷум оварда буданд. Онҳо ним фарсах дуртар аз урдугоҳи Ҳозим дар паси қаторталҳои қабат ба қабат камин гирифта буданд. Аз камингоҳ номаълумак баромада, масофаеро хомўшона тай карда, ба наздикии урдугоҳ расиданду якбора чорхез асп андохтанд ва ҳаёҳуро сар доданд.
Дар урду воҳима афтод.
Сарбозони Ҳозим, ҳаммолон, чорпоён дар ҳоли саргумӣ, такопўю даводав ба ҳам омехтаву моломол шуда рафтанд. Ҳозим бехудона наъра кашида фармонҳое медод,ки камтар касе ба маънои онҳо сарфаҳм мерафт. Фурсат куҷост, ки ҷанговарони ў яроқ бардоранду омодаи дифоъ шаванд! «Сари калоба»-и тартиб гум буд ва сарриштаи низом нопадид. Дар якчанд дақиқа беш аз дусад сарбози арабу маволӣ тўъмаи шамшерҳои чокирон ва иддае бо ҳамроҳии борҳои буна лагадкўби аспони пўлодсум гардиданд. То Ҳозим ва ду-се сарҳанги саргунашуда бо ҷеғу доду ниҳеб ва зарби шамшеру тозиёна сарбозони ба ҳар ҷониб гурехта ва саломат мондаашонро гирд оварда ба муқовамат ҳозир карда буданд, ки саворони Виркан чун гирдоб гузаштанду рафтанд. Дар тобиши хираи курси моҳу ситораҳо аз дуртар фақат сояҳои парешону тозони онҳо менамуданду садои суми аспҳошон ба гўш мерасид, ки он ба зудӣ хомўш гардид. Ҳозим онҳоро шабона дар ҷоҳои ношинос на ҷуъати таъқиб кардан дошт ва на умеди натиҷае ҳосил кардан аз чунин таъқиб.
Деви Сурх аз тарси ғазаби амир тамом бедасту по шуда буд. Вай аслан марди тарсу буд. Одамон шамоили ўро дида метарсиданд, вай бошад аз рў ба рў шудан бо душман, аз захми тиру теғ, аз кушта шудан сахт метарсид. Дар ҷанг вақти ҳуҷуму ҳамла бо ҳар баҳона ақиб мемонд, ҳангоми фирор ё ақибнишинӣ аз ҳама пеш асп метохт.
Торумор шудани бунаро хоҳу нохоҳ ба амир хабар додан лозим буд. Деви Сурх пайки саворро ба роҳ андохта фармуд: «Ба ҳазрати амир бигў, ки мо чаҳорсад кофирро куштем», вале баъд ба хотираш расид, ки ягон нафар ҳам мурдаи «кофир» дар миён нест, амир ояду дурўғи ў фош шавад, гуноҳи Ҳозим дучанд мегардад. Пайкро аз роҳ гардонда фармуд: «Бигў, ки кофирон мурдаҳо ва захмдорҳошонро бор карда бурданд». Лекин пайкро бори дигар аз роҳ гардондан лозим омад, зеро амир магар намепурсад, ки «вақте ки онҳо мурдаҳошонро мечиданду бор мекарданд, шумоён чӣ кор мекардед? Тамошо карда меистодед?» Тарс, хотирпарешонӣ, сагумӣ ақлу ҳуши Деви Сурхро рабуда буд.
Саид бинни Усмон аз хабари расида сахт ошуфтаҳол гардид. Лашкарро аз ҳаракат боздошта, худ бо саворони хосса ба ақиб, ба қароргоҳи буна шитофт. Ў ба он ҷо нисфирўзӣ расид. Сарбозон ва ҳаммолон машғули гўрковӣ буданд. Пас аз хондани ҷаноза ва гурондани «шаҳидон» Саид амр кард- Ҳозимро ба мукофоти ғафлати шабонааш луч карда, ба замин хобонда сад тозиёна заданд. Деви Сурх агарчи сахт афгору хуншор гашта буд, боз ҳам шукр мекард, ки ба ҳар ҳол кушта нашуд, зинда монд.
Лашкари истилогар ду рўз аз ҳаракат бозмонд.
Виркан пас аз он бо саворонаш боз чандин карат дар ҷоҳое, ки истилогарон ҳеҷ гумон намекарданд, пайдо шуда, гоҳ ба дастаҳои қафомонда, гоҳ ба миёна, гоҳ ба дум ва гоҳ ба буна ҳуҷумҳои ногаҳонӣ бурда хисорат мерасонд. Ба ин тарз вай лашкари Саидро як ҳафта дар байни Дабусия ва Самарқанд овора кард. Қариб ҳазор нафар сипоҳи ўро маҳв кард, захмдор кард, аз саф баровард. Аммо аз чокирони вай ҳам чаҳорсаду чанд нафар талаф шуданд ва худаш ду бор захмдор шуд. Захмҳояш хавфнок набуданд, бо амали ҷарроҳону табибон ба зудӣ беҳ мешуданд.
42
Самарқанд калонтарин шаҳр ва пойтахти Суғд бо ду қатор бора (девор)- и баланду ғафс иҳота ва дар ҳар ду қатор ба масофаҳои муайян ба тартиби шоҳмотӣ бурҷҳои мустаҳкам барафрошта шуда буданд.
Ихшид ва шаҳриён дар паси ин деворҳо худро осуда ва аз ҳуҷуми ногаҳонии душманони беруна эмин ҳис мекарданд. Шаҳр дар сари чорраҳаи тиҷорати байналхалқӣ, дар ҷое, ки шоҳроҳҳои бозаргонӣ аз Ҳиндустон, Эрон, Туркистон ва Хитой омада ба ҳам мепайвастанд, воқеъ шуда, пур аз анборҳои мол ва растаю дўконҳои савдо, пур аз устохонаҳои ҳунармандон, пур аз сарвату неъмат буд. Ба молҳои аз чаҳор сўи ҷаҳон ба шаҳр дароянда маҳсули заминҳои зархез ва боғҳои пурсамари атрофи Самарқанд, маҳсулоти косибу ҳунармандони гудасти вай зам мешуданд. Ҳар рўз аз бомдод то хуфтан аз дувоздаҳ дарвозаи шаҳр ба вай анвои неъматҳои барои фурўш ворид ва гуна-гуна моли харидашуда хориҷ мегардиданд. Ҷамъияти мардумони дар вай зич, моломол, ҳама ҷои шаҳр шодоб, ҳавзҳо пуроб буданд: оби дарёи Номик, ки дар он вақт Зарафшон чунин номида мешуд, аз тарафи ҷануб, аз дарвозаи Каш бо наҳри калоне, ки ҳар ду лаби он сар то сар бо сурб (қурғошим) пўшида шуда буд, ба шаҳр медаромад ва ба шохобҳои бисёре ҷудо шуда ба маҳаллаҳо, боғу бўстонҳои шаҳр равон мегардид.
Пас аз солҳои бисёр Самарқанд ба амри ҳаводис кам-кам ба ҷои ҳозирааш хоҳад кўчид ва харобаҳои Самарқанди кўҳна ба зери хок рафта хокпуштаҳоро ба ҳам расонида, ҷои он теппаю хокпуштаҳои бегиёҳ Афросиёб номида хоҳад шуд…
Ҳар кӣ аз болои бурҷу бораҳо ба шаҳр нигоҳ мекард, шаҳрро ғарқи баҳри кабудӣ медид. Хонаҳои шаҳриён, кўшкҳо, кохҳои давлатмандон ва бузургзодагон аз байни боғу бўстонҳо ва дарахтзорони сабзи сиёҳтоб ҷилва мекарданд.
43
Саид бинни Усмон бовар дошт, ки шаҳрро ба зудӣ мегирад. Агар дар аввали кор андак биме ба дил дошт (мабод ки дар он сарзамини дур ба лашкараш «чашми захм»-е расад!), аммо як тасодуфи ночиз он бимро аз дили ў рафъ кард. Тасодуф ин ки дар он ҳангом, ки Саид бо муқаддимаи лашкараш аз рўди Ҷайҳун мегузашт, дар миёни рўд овози ду сарҳанги худро шунид, ки ғуломонашонро садо мекарданд: яке «Ҳой, Улвон!» мегуфт, дигаре «Ҳой Зафар!» Саиди авҳомпараст аз ин номҳо фоли нек гирифт ва ба худ гуфт: «Инак башорат аз ғалаба! Иншооллоҳ дастам болои дасти душман хоҳад буд».
Вале муқовимати самарқандиҳо нақшаи ўро барбод дод.
Агар аз Хуросон пай дар пай дастаҳои аскарӣ ба мадади вай намеомаданд, торумор шудани ўрдуяш муқаррар буд. Сайёҳи хитоӣ Суон – Чин, ки ҳамагӣ чоряк аср пеш аз юриши Саид бинни Усмон ба Суғд омада будааст, дар бораи самарқандиҳо мегўяд: «Лашкари онҳо тавоност: қисми бештари онро ҷига (чокирон) ташкил мекунанд. Мардумони ҷига табиатан пурхашм ва шуҷоъ мебошанд. Онҳо маргро бозгашти ба хона медонанд. Ҳар гоҳ, ки ҳамла меоваранд, ҳеҷ як душман ба онҳо муқовимат карда наметавонад».
Ҳамин чокирон буданд, ки бо ҳамроҳии дастаҳои фидоиёни халқӣ ҳар пагоҳ аз дарвозаҳои шаҳри ба ниммуҳосира афтода баромада худро ба болои душман меафкананд. Манҷаниқҳояшро мешикастанд. Қир мекарданд ва қир мешуданд.
Ба ҳамин тарз мудофиаи шаҳр як моҳ тўл кашид. Лашкари араб ба шумора аз мудофеони яроқдори шаҳр се карат зиёд буд, вай ҳар чӣ қадар талафот ҳам диҳад, боз кам намешуд, фавҷ-фавҷ сарбозони аз Нишопур, Марв ва вилоятҳои дигари Хуросону Эрон ба мадад расида сафҳои онро пур карда меистоданд. Ғайр аз ин боз чандин ҳазор мардумони Суғд, ки арабон онҳоро аз деҳу деҳкадаҳои атроф асир карда оварда буданд, дар зери тозиёна хизмати лашкари Саидро мекарданд: бор мекашиданд, хандақҳо мекофтанд, озуқаю улуфа мекашониданд. Арабҳо бисёр кўшиданд, ки лоақал ягон ҷои девори шаҳрро рахна кунанд, лекин натавонистанд. Аз ҳар ду тараф чандин паҳлавонони номдор кушта шуданд. Ёдхишетак чокиронро пайваста ба ҳамлаҳои ҷавобӣ мебурд. Вирканро Ёдхишетак ба сари майманаи сипоҳ гузошта буд. Дуяшон дар пешо-пеши фавҷҳои худ шамшер мезаданд, гурз мекўфтанд, камону каманд меандохтанд. Чӣ басо сипоҳиёни душман, ки аз дасти онҳо марги худро ёфтанд. Ёдхишетак се бор бо се паҳлавони сипоҳи Саид тан ба тан набард карда, ду ҳарифи худро сарнагун сохт, лекин дар набарди саввум шаҳид гардид.
(Идома дорад)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.