Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

47

Он рўз ҷанги қаттоле шуд. Ҳарбу зарб то шом тўл кашид, лекин монанди ҳарруза дар дурангӣ анҷомид: на арабҳо сафҳои суғдиёнро рахна кардан тавонистанд ва на суғдиён онҳоро шикаст додан.

Лашкари ҳар ду тараф кўфтаву хуншор ақиб гашт.

Молик шабҳангом бо як даста сарбозонаш ба бошишгоҳи худ омад. Дар чодир духтаронро бедор ёфт. Наниманча бошад дар кунҷак ба сони ғарибе, ки шаб дар кўчаи шаҳри бегона монда бошад, беҳолона сарашро ба сутуни чодир такя дода нишаста буд, чашмонаш пўшида, гўё пинак рафта буд. Дар берун шўру валвалаи лашкариёни аз майдони ҷанг баргашта, тапар-тапару шиҳаи аспон баланд буд, лекин Наниманча гўё ҳеҷ чизро намешунид.

Дар атроф гулханҳо ва оташдонҳое, ки дар онҳо гўсфандони пўстканда бирён мешуданд ва ё дар дегҳои дош меҷўшиданд, шўълафишон буда, шўълаашон даруни чодирҳоро ҳам нима равшан мекард.

Молик Наниманчаро ба нўги мўзааш сахт такон дод. Асира дардмандона оҳе кашиду чашм накушода ба як паҳлу ғалтид. Молик ўро бори дигар – ва ин бор сахттар такон дод. Наниманча ларзида чашм кушод, гўё беҳуш буду якбора ба ҳуш омад, дар болои сараш Моликро дид, ба по ҷаст ва, «Эй номард! Маккор! Виркани ман куҷост?» гўён ба гиребони вай дарафтид, ба ришаш чанг андохт. Молик муште ба даҳону бинии Наниманча зад, асира пуштнокӣ ғалтид, аз ҳуш рафт: аз зарби калтак аз даҳону биниаш хун шорид, якто дандонаш шикаста буд, ў зор-зор мегирист…

Хоҳаракон тарсону ларзон ба кунҷакҳо хазиданд.

                                               48

Ҷанг як моҳ боз муттасил давом мекард, лекин ғалаба аз лашкари араб ҳамоно дур буд, чунон ки дар ибтидои ҷанг. Мақсади Саид Самарқандро кушодан, хироҷ гирифтан ва баъд ихшидро ё ки дастнишондаи дигареро хироҷгузори халифа карда баргаштан буд, лекин то алҳол ба сўи мақсадаш қадаме ҳам пеш нарафт. Э кош, самарқандиҳои хоҳони сулҳ мешуданд, вале ба ҷои ин онҳо ҳар пагоҳ фавҷҳои мағлубнашавандаи чокиронашонро ба майдони ҷанг мебароранд. Тобистон баромада истодааст, агар Саид бо исрору инод ҷангро давом додан гирад, бими он ҳаст, ки шоҳони дигари Суғд ва туркон ба мадади самарқандиҳо оянду ҳамаашон якҷоя ўро торумор кунанд ва агар онҳо наоянд ҳам, дар даштҳо ба зери боронҳои тирамоҳу барфҳои зимистон мондани лашкари араб муқаррар аст. Ин ҳам мағлубият, торумор ва сарнагунӣ мебуд.

Саид чун донист,ки қудрати тофтани сарпанҷаи ихшидро надорад ва суғдиҳоро ба зону нишонда наметавонад, лоҷарам ба фикри сулҳ афтод. «Аммо сулҳ лоақал бояд ба ғолибияти ман далолат кунад,- мегуфт ў ба худ,- вагарна беобрўӣ, шармандагист». Пас ў ду саркардаи суғдии асирафтодаро ба наздаш хонда гуфт: «Биравед, шуморо озод кардам, ба подшоҳи худатон бигўед, ки агар вай сулҳ хоҳад ман розиам».

Чун саркардаҳо сухани ўро ба ихшид расониданд, ихшид онҳоро фармуд, ки ба ўрдуи амир бозгарданд ва аз номи ў: «Мо аз ҷанг наметарсем, агарчи сад сол биҷангӣ, меҷангем, лекин ҳароина сулҳ беҳ аст ва агарчӣ бад ҳам бошад, подшоҳони хирадманд онро аз ҷанг авло донистаанд» бигўянд ва бипурсанд: «Ту сулҳро ба чӣ шарт мехоҳӣ?»

Саид ҷавобан суханони мутакаббирона ва фотеҳона гуфт, лекин ихшид «пўстлох»-и ҷавоби ўро як сў афканда ба мағзаш таваҷҷўҳ кард,- мағзаш ин буд: агар хоҳӣ, ки ман аз ҷанг даст кашаму равам, ба ман чизе бидеҳ, то дасти холӣ наравам, шармсор набошам ва он чӣ аз ту мерасад, аз он ба лашкариёнам ҳиссае дода онҳоро ба тарки муҳориба розӣ кунам.

Дузд аз дуздӣ навмед шуда шеваи гадоӣ пеш гирифта буд,гарчанде, ки гадоиро бо сипоҳигарӣ мекард.

Самарқандиҳо, ки ҳамчунин аз он ҷанги офатбор ба танг омада буданд, машварат карда, барои зудтар аз офати он халос шудан таклифи Саид ё дурусташ хоҳиши ўро пазируфтанд ва хандида мегуфтанд: «Охир гадои ба таги дар омадаро ноумед гардондан хуб нест». Аммо ба иваз онҳо озод кардани асиронро талаб намуданд.

Арабҳо бештарин қисми асирони суғдиро таҳти ҳифзи ғуломони мусаллаҳ пеш-пеш ба Марв ва Нишопур фиристода буданд, зеро аввалан онҳоро поидан намехостанд, сониян бими он доштанд, ки асирони бисёр, агар дар як ҷо ҷамъ бошанд, мумкин аст бишўранд. Асирон дар Марв, Нишопур ва шаҳрҳои дигар ба корҳои вазнин андохта мешуданд.

Бо гурўҳи охирини фиристодашудагон Виркан ҳам рафта буд.

Саид аз асирони боқимонда, ки онҳоро барои кор фармудан нигоҳ дошта буд, гурўҳеро озод кард.

Сипас Саид барои он ки дар Арабу Аҷам ўро: «Ба Самарқанд рафту онро надида баргашт» гуфта ҳаҷв накунанд, боз аз ихшид хоҳиш кард, ки иҷозат диҳад то вай лоақал бо як қисми лашкараш аз як дарвозаи шаҳр даромада аз дарвозаи дигараш барояд.

Самарқандиҳо ба ин талаби вай ҳам хандиданду гуфтанд: «Бало ба сараш! Гузарад!».

Аммо вақте ин ҳазор нафар савори Саид бо сардории худаш аз дарвозаи Навбаҳор даромада, як миқдор пул ва молеро, ки барои ў дар бозоргоҳ гузошта шуда буд, бардошта ба сўи дарвозаи Каш мерафтанд, марду занон ва пиру барнои Самарқанд дар ду тарафи кўчаҳо ва болои бомҳо истода онҳоро бо мазоҳу тамасхур гусел мекарданд.

Дар бораи тақдири Қуссам ибни Аббос таърих ба мо ахбори саҳеҳу сареҳ намедиҳад. Муҳаққиқ- шарқшиноси машҳур академик В. Бартолд роҷеъ ба ин масъала чунин менависад: «…мо дар навиштаҷоти худи арабҳо ба ахбороти зидди ҳамдигар бармехўрем: назар ба баъзе ахбор (Қуссам – С.У.) кушта шуда, назар ба ахбори дигар бо аҷали табииаш фавтидааст: аз рўи баъзе ахбор ва ҳатто на дар Самарқанд, балки дар Марв фавтидааст. Қабри гумонӣ ё ҳақиқии Қуссам дар аҳди хешони ў Аббосиён парастишгоҳи мусулмонон гардид, ки дар ин кор Аббосиён шояд дасте доштаанд. Дар байни халқ Қуссам акнун бо номи Шоҳи Зинда маъруф аст. Ривояте ҳаст, ки вай кушта нашуда, балки аз кофирон паноҳ ҷуста ба даруни теппае, ки дар вай ба тариқи мўъҷиза ғоре кушода шудааст, даромада ғоиб гашта ва сипас даҳони ғор боз маҳкам шудааст. Ба эҳтимоли қавӣ дар он ҷо (дар ҷои «Шоҳи Зинда»-и имрўза. С.У.) ҳанўз пеш аз ислом мазоре воқеъ ва он мазор зиёратгоҳи халқи маҳаллӣ будаасту сониян парастиши он ба валии ислом (яъне Қуссам- С.У.) интиқол ёфтааст».

БОЗГАШТ

                                            49

Ўрду дар бозгашт ба Бухоро расида, аз он ҷо ба роҳи Хуросон нарафт, ба ҷануби шарқӣ- ба тарафи Тахористон юриш кард. Аз афти кор, Саид «бозёфт»-и ғорату яғморо кам дид,ки хост боз ягон вилояти дигарро битозад.

Тирмиз, ки аз шаҳрҳои калон ва сарватманди Тахористон ба шумор мерафт, ба осонӣ фатҳ ва ғорат карда шуд.Камак сипоҳи ҳокими Тирмиз дер муқобилат карда натавонист.

Сипас гузариш аз дарё ба ҳудуди аслии Хуросон сар шуд.

Гузариши урду як ҳафта рўзу шаб давом кард. Ба дарё пул баста, ба он пул ва ба амадҳо мегузаштанд.

Навбати гузариши дастаи Молик ибн-ур-Райб шабҳангом расид.

Маҳтобшаб буд, зане аз тўдаи асираҳо ҷудо шуда лаб-лаби дарё ба ҷои ториктар равон шуд. Гумон карданд, ки ўро ҳоҷат афтодааст. Баногоҳ аз он сў овози гиряву нола ба гўшҳо расид. Чанде аз занону мардон ба он сў шитофтанд. Диданд, занак сари ду зону истода, дастҳояшро ба тарафи офтобшинам ёзондаасту фиғон мекунад, менолад. Вай Наниманча буд.

Писарҷонам, алвидоъ!– навҳа мекард ў. Аз модари бадбахтат розӣ бош, вай меравад, дар ҳасрати ту зор-зор гириста меравад, ту дигар вайро намебинӣ. Модаратро фаромўш накун, писарҷонам, падаратро фаромўш накун, вай паҳлавон буд, марди сарафроз буд, туро аз ҷонаш дўсттар медошт. Эй худоён, Шеркавичи ятими маро паноҳ диҳед, умри маро бигиреду бар умраш биафзоед. Модарҷонам, алвидоъ! Аз духтари нокому номуродат розӣ бош. Оҳ, дар нафаси охиринат кӣ чашмони туро мепўшад, модарҷони ғарибам, дар азоят кӣ мегиряд?…Алвидоъ, эӣ диёри азизам!…

Нолаи ў дилҳоро реш мекард, дигар асираҳо низ худҳошонро бар хок афканда гиря бардоштанд. Аз қўшҳои дигар ҳам занону духтарони гирифтор омада ба инҳо ҳамроҳ мешуданду ҳой-ҳой мегиристанд. Ҳар кас ба ҳар шева мусибати худ, дарду алами худро гуфта мегирист, шеван мекард. Тўдаи занону духтарони навҳагарро издиҳоми мардони асир ва сарбозон иҳота намуда буданд. Мардони асир хомўшона мегиристанд. Як саҳнаи азодорӣ ба озодии мурда, саҳнаи видоъ бо ёру диёр падид омада буд.

Қурси моҳ аз осмон ба ин издиҳоми мотамзадагон бепарво менигарист, акси вай дар мавҷи Ҷайҳун бозӣ мекард, рўшноии хираи он дар канораҳои дашт тарҳи кадом як вайронаҳоро, ягон-ягон дарахтонро, силсилаи талҳои баландро, ҳамчун нақши сихе дар пардаи ниторики домани осмон, намудор месохт.

…Ҳамон шаб, дар вақти гузариш аз Ҷайҳун, Наниманча дар миёни дарё худро аз пул ба об ҳаво дод.

Ҳангоме, ки ҷараёни об вайро ғелонда- ғелонда, гоҳ ба таҳ кашида ва гоҳ ба рўй бароварда мебурд, вай аз болои пул ғалоғула, ҳаёҳуи занони музтарибҳолро мешунид, лекин ғалоғула, ҳаёҳу дар гўши ў бо тезӣ паст шудан гирифт, то он ки тамоман хомўш гашт…

50

Дар Марв асиронро ба таъмири қалъа ва девори гирди шаҳр андохта буданд. Виркан бо ҳамроҳии онон лой лагад мекард, сангу хишт мекашонд.

Бегоҳии дер бо шунидани овози муаззинҳо, ки аз манорачаи масҷидҳои бинокардаи арабҳо умматони пайғамбари охирзамонро ба намози шом даъват менамуданд, кор бас карда мешуд. Шаб асирони бемадору гурусна дар ҳамон ҷои корашон тўда-тўда ба ҳавои кушод дар замин ё ки дар каппаҳои бурёгин хоб мерафтанд.

Чун Саид бинни Усмон ба Марв расид, бо ҳамроҳии асирони самарқандие, ки вай бо худ оварда буд, якчанд нафар чокирони собиқ- рафиқони Виркан ҳам омаданд. Яке аз онҳо, ҷавоне далер, шамшерзан, Ромтиш таҳти фармони Виркан ҷангида буд ва ўро бародарвор дўст медошт. Вай сарҳанги собиқашро суроғ карда, шабҳангом дар таги девори шаҳристон ёфт, ки бо ҳамроҳии дигар асирони коргар рўи хасу коҳ хоб рафта буд.

Ромтиш ўро оғўш карда, кўдаквор гиряро сар дод. Виркан як қадар ба тааҷҷуб монд, зеро он гурди размоварро ҳеҷ гоҳ гирён тасаввур намекард.

Бародар, аз занат розӣ бош,- ба сухан даромад Ромтиш,- вай ҳалок шуд.

Виркан як такони сахт хўрду дигар то охири нақли синасўзи дўсташ на ҷунбише кард ва на овозе баровард. Гўё ў лаҳзае пеш одам буду як ҷунбида санге ё кунда гашт. Ромтиш фоҷиаи Наниманчаро, ки худаш дида буд, ҳикоя кард.

– Кошкӣ кўр будаму намедидам, он гоҳ ин хабари ҷонгудозро на ман ба ту мерасонидам, гуфт ў дар поёни ҳикояташ. Сипас ба лаҳни ситоишу офарин рафтори Наниманчаро дар майдони ҷанги Самарқанд ба ёд овард: – Он гоҳ ки араб туро номардона гирифт, он ҷавонзани нотарс ба додхоҳӣ то пеши амир рафт, аз майдони ҷанги хунин гузашт, гўё монанди Сиёвуш аз миёни оташ гузар кард. Зан бошад ҳам, дилу гурдаи мардона дошта аст. Дар Тирмиз аз шеванаш, аз видоъ карданаш бо модару шавҳару фарзанд ва ёру диёр ҳатто дили санги сипоҳиён об шуд. Чи зани баномусе будааст: маргро аз бандагӣ авло дид. Ёдаш ба хайр бод…

Ромтиш ба қўши худ баргашт.

Виркан ҳамон тавре ки бо ду даст сарашро гирифта рўи бистари хасии худ нишаста буд, монд.

Дар бомдод шарикони Виркан бедор шуда, ўро ҳамоно дар он ҳолат нишаста диданд. Сафедии дар мўи ў пайдошуда онҳоро дар ҳайрат андохт. Дирўз ҳеҷ кас дар мўи ў сафедӣ надида буд…

         (Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.