Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

Сотим Улуғзода51

Саид бинни Усмон дар Марв якчанд мулозимонашро мансабҳо дод, аз он ҷумла Молик ибн-ур-Райбро омили хироҷ таъйин кард. Мардумони вилояти Марв аз Молик золимтар амалдоре, аз вай бераҳмтар хироҷситонро ба ёд надоштанд.

Бо навкаронаш ба деҳот мебаромад ё дар растаю бозорҳо мегашту бо зарби тозиёна ҳарчӣ хоҳад ва чӣ қадаре ки хоҳад мерўёнд. Норозиёнро мусодира мефармуд, дарра мезанонд, ба зиндон меандохт, аз гўшҳошон ба дарахт мехкўб мекард.

Мардум аз зулми вай ба дашту кўҳҳо мегурехтанд.

Аз гурезаҳо дастае ба ҳам омада буд, ба он даста асирони гурезаи суғдӣ низ ҳамроҳ шуда буданд, онҳо давлатмандонро ғорат мекарданд, амалдоронро мекуштанд.

Ба қасди Молик ибн-ур-Райб ҳам афтода буданд.

Шабе аз шабҳо ўро дар деҳае зер карданд. Навкарони ғофилгиршуда баъзе кушта гардиданд, баъзе гурехтанд. Молик ба даст афтод. Нафарони даста ўро бо арғамчини дароз ба думболи асп баста аспро давонданд.

Баъд аз ду рўз навкарон дар дашт танаи пўсидаву бесари сардорашонро, ки як ҷувол устухон буду бас, ёфта ба Марв бурданд. Ҷуволи устухон дар Марв гўронда шуд.

Соле чанд гузашт, арбоби дини ислом Моликро ба зумраи «азизон» дохил карданд. Саҳобати ҳазрати Саид бинни Усмон бинни Аффонаш мехонданд ва номашро, ки ин дуо дар ҳаққи сарварони дину баъд аз сари онҳо гуфта мешуд.

Дар гўристон ба вай мақбара сохтанд, дар паҳлўяш хонақоҳ андохтанд. Мутаввалӣ ва шайхҳо пайдо гардиданд. Гўраш «мазори мутабаррикаи ҳазрати Молик ибн-ур-Райби шаҳид» ном гирифт.

Диндорон ба зиёрати он мерафтанд, ба шохҳои дарахте, ки дар сари гўраш нишонда шуда буд, латтаҳо мебастанд. Беморони шифоталаб, занони безурёт аз гўри вай хок мебурданд, ки ба ақидаашон хоки хоҷатбарор буд…

Саид бинни Усмон ба пойтахти худ Нишопур рафт. Аз он ҷо ба Муовия нома навишта узре оварду аз аморати Хуросон истеъфо дод. Чӣ узр овард, ба ровиёни ахбор маълум нест.

Молу сарвате, ки вай дар Суғду Тахористон гирд оварда буд, ба тахмини худаш бемалол ба ҳафт пушташ мерасиду ҳаштумаш ҳам аз он маҳрум намемонд. Амирӣ бошад ҷангу ҷидолҳо дорад, халифа ва ноиби ў дар Ироқ амири Хуросонро осуда нахоҳанд гузошт, аз вай юришҳои нави ғоратгарона, ғанимат, симу зар, ғуломон ва канизони суғдию тирозӣ талаб хоҳанд кард. Чунин амирии пурдардисар ва шомили хавфу хатар ба вай чӣ лозим? Мабод ки дар ягон ҷангу хунрезӣ ба вай захме расад ё ҳатто худо накунад, ки кушта шавад. Вай осуда нишаста, аз пушти сарвати беҳисобаш бо айшу нўш зистан мехоҳад.

Муовия истеъфои ўро пазируфт.

Саид бо корвони хосса озими Мадина гардид.

Сесад шутур ҳомили тилло, нуқра, ҷавоҳирот ва анвои молу матои гаронбаҳо буд. Ғанимати ҷондори Саидро дусад ғулом ва чиҳил канизи яккачин ташкил мекард. Виркан ҳам дар байни ғуломони вай буд. Якчанд мулозим, аз он ҷумла сипоҳдори содиқаш Ҳозими мулаққаб ба Деви Сурх дар рикоби амири собиқ мерафтанд.

Аз дусад ғулом бист нафарашон гаравгонҳо – шоҳзода ва бузургзодагони бухороӣ буданд. Саид паймони худро, ки бо Хотуни Бухоро баста буд, шикаста, гаравгонҳоро ба вай пас нагардонд. Халифазодаи порсо ошкоро тариқи фиребу аҳдшиканӣ пеш гирифт: ба Хотун, ки вақти бозгашти Саид аз Самарқанд вакилони худро ба назди ў фиристода баҷо овардани паймонро талаб карда буд, гуфт: Ҳанўз аз ҳудуди Суғд берун нарафтаам ва аз ту эмин нестам, гаравгонҳоро аз Тирмиз бармегардонам. Дар Тирмиз гуфт: Аз Марв бармегардонам. Дар Нишопур вакилони Хотунро ронд ва гуфт: Гаравгонҳо аввал гаравгон буданд ва акнун ғуломони мананд.

Шояд ҳамин буд «мукофот»-и ваъдакардаи Саид барои ҷасорати Хотун дар он ҳангом, ки Хотун кӣ будани ўро ба рўяш гуфта буд.

Вакилони Хотун: «Эӣ Зарвони бузург, ба ту мепаноҳем, аз ин рўбоҳони мардумсурат ва мардумони гургсират!» гўён бо диле пурандўҳ ва синае аз алам сўзон ба Бухоро баргаштанд.

Саид дар нисфи роҳи Мадина фармуд, шоҳзодаю бузургзодагонро аз аспҳои савориашон пиёда карданд, пўшоки гаронбаҳояшонро аз танашон кашиданд, зару сим ва ханҷарҳои ҷавоҳиркўбашонро даррабуданду ба ҳамаашон сарутани намадин пўшонданд. Акнун онҳо роҳи биёбонро пиёдаву побараҳна мепаймуданд.

Асирони боқувваттар ба рафиқони аз модар рафта ва ё беморашон асо мешуданд, афтодагонро мебардоштанд. Асирони солхўрда гаравгонҳои ғуломгаштаи дилшикастаро тасаллӣ медоданд, ба он маънӣ, ки пас аз чандин аср шоир он маъниро дар байти машҳури худ «Машав малул, ба ҳар банд фатҳи бобе ҳаст, аз паи шаби торик офтобе ҳаст» ифода хоҳад кард.

Вирканро ҳамроҳонаш аксаран дандон ба ҳам фушурда ва абрўвон ба ҳам кашида медиданд: вай кам гап мезад ва ба пурсишҳо бо овози паст як-ду калима ҷавоб медоду бас. Аз пеши пояш чашм наканда қадам мезад. Мисли ин буд ки дар замираш хаёлеро мепазонад…

ИНТИҚОМ
52

Саид бинни Усмон ҳар қадар ки ба сўи Мадина пештар мерафт, хазинааш афзунтар мегардид: роҳи бозгашташ аз шаҳрҳои Ироқ, Шом ва аз бодияҳо ки афтода буд, дар он ҷоҳо вай асирони суғдиро ба ғуломӣ мефурўхт. Асирони зардуштимазҳаб дониста буданд, ки китоби муқаддаси арабҳо мусулмононро аз ғулом гардонидан ё ба ғуломӣ фурўхтан манъ мекунад, аз ин рў ба дини мусулмонӣ гаравидан мехостанд, ки аз нангу нағбати ғуломӣ наҷот ёбанд, лекин Саид онҳоро ба дини худ намедаровард, «калимаи шаҳодат»- ашонро қабул намекард ва мегуфт, ки дертар дар Мадина қабул хоҳад кард. Ин як баҳона буд. Саид аз асирон иддаеро ҳамешагӣ ба ғуломии худ нигоҳ доштан ва гурўҳеро фурўхта пул кардан мехост.

Понздаҳ асира ҳам дар роҳ ба фурўш рафтанд.

Аз асирони ба фурўш муқарраршуда оне, ки дар роҳ ба фурўш нарафт, дар Мадина ба «Суқ-ал-рақиқ»- бозори ғуломфурўшӣ ғалтид. Дигар понздаҳ духтари ноболиғаро яке аз ғуломҷаллобон харид. Ин ғуломҷаллоб канизакони зархаридашро муддате дар сарои худ нигоҳ дошта «кимиё» мекард, то ки баҳояшонро баланд карда бошад: баданҳои қоқро «тар», чашмони кабудро бо рангу бори махсус сиёҳ, мўҳоро фатила, дандонҳоро бо туршии махсус омехта ба қанд ва ё бо хокаи зуғоли омехта ба намак сафеди рахшанда мегардонид, доғхои чеҳраро месутурд, чўтурихои нағзакро ҳамвор месохт, пўсти гирди нохунҳоро мебурид, нўги ангуштонро ба ранги пўсти духтар мос карда рангин менамуд: пўсташ сафед бошад- лолагун, сиёҳ бошад- тиллоранг, зард бошад- сиёхранг мекард. Сипас канизаконро ба фурўш мебаровард. Вай мақоле дошт, ки мегуфт: «Чор дирам ҳино сад дирам ба қимати духтар меафзояд».

Дигар даҳ канизаки соҳибҷамоли суғдӣ дар ҳарамсарои Саид монданд. Се нафари онҳо хурдсол буданд, лекин овози форам доштанд, Саид мегуфт, ки он дўшизаҳоро як-ду сол дар Мадина, як-ду соли дигар дар Макка тарбия хоҳад кард ва аз он пас ба Бобулистон фиристода ду-се сол дар пеши устодони саноеи нафиса хоҳад омўзонд, то он ки дар понздаҳ – ҳаждаҳсолагӣ таннози хубрўёни Мадина, латофати канизакони Макка ва маърифати паривашони Бобилро дар худ ҷамъ намуда бошанд.

53

Тавонгарии Саид бинни Усмон дар забони мардуми Ҳиҷоз масал гашт. Ҳақиқатан на дар Мадина, на дар Макка ва на дар Тоиф аз вай бойтар касе набуд. Вай боз заминҳои зироатӣ, хурмозорҳои нав харид. Дар зайъаташ чорбоғ ва бўстонсарои биҳиштосое сохт. Сӣ ғуломи дигар заминҳояшро мекоштанд, мевазорҳояшонро бонӣ мекарданд.

Ин сад нафар ғулом ҳамон асирони суғдӣ буданд. Шоҳзода ва бузургзодагони бухороӣ ҳам дар ҷумлаи онҳо. Зисту зиндагии ин маҳкумони меҳнат ранҷ ва азобу шиканҷ чунон буд, ки дар шаш моҳ бист нафарашон мурданд. Чорпоёни Саид аз ғуломонаш беҳтар парвариш меёфтанду беҳтар мезистанд. Дар ношто ба ҳар кас яктоӣ нони ҷавин ё арзанин ё ки зағора, нисфирўзӣ ним коса оши сўк ё ки агар шутури пир ё касалеро кушта бошанд, як пора гўшти шутур, бегоҳӣ гармаке явғон, боз ҳам аз ҳамон сўк ё ҷуворимакка дода мешуд.

Ғуломон дар ҳамаи рўзҳои ҳафтаю моҳу сол бидуни ягон рўзи истироҳат кор мекарданд. Шаб онҳоро мисли ин ки гўсфандонро ба қўра меронанд, ба ҷои шабхобиашон меронданд,- он ҷой дар канори киштзорон бо девори баланде иҳота шуда, дар воқеъ аз қўра фарқе надошт, айнан монанди қўра дар як тарафаш соботи пастаки дарозе дошт,ки дар бориши боронҳои сел ғуломон ба вай паноҳ мебурданд.

Ҷазоҳои ҷисмониро, ки Саид таъдиб, яъне адабомўзӣ меномид, бахтбаргаштагон ҳар рўзу ҳар соат мекашиданд. Ғуломонро ба андак гуноҳи воқеият ё гумонӣ чўб задан, ба сутун баста дар офтоби майнагудоз гузоштан, ба дарахт овехта занондан ё ки аз ҳамон қути лоямути ҳаррўза маҳрум кардан аз ҷазоҳои оддӣ ба шумор мерафт.

Арабҳо мақоли пандомўзе доштанд: «Кунн-ли-абдика муҳиббан ва кунн-ли муҳиббика абдан», тарҷумааш «Ғуломатро дўст бош ва дўстатро ғулом». Саид ғуломдоронеро, ки назди ў барои насиҳат шунидан меомаданд (зеро халифазода дар чашми ҳамдинонаш қариб мартабаи вилоят (валигӣ) дошт, гарчанде ки акнун Қуръонро фақат ба даст мегирифт, ки дарбонаш ба зиёрати вай омадани касеро хабар диҳад), насиҳаткунон аксар ҳамин мақолро дар забон меронд. Ҳаққо, ки риё додари тақвост.

Дар давлати халифаҳо ва хусусан ғуломони дар зироат коркунанда бисёр  мегурехтанд. Аммо ғуломони Саид бинни Усмонро роҳи гурез баста буд: онҳоро рўз ҳам, шаб ҳам навкарони мусаллаҳ посбонӣ мекарданд. Виркан шарикони бадбахти худро ба исён даъват мекард:

Шумоёнро ба фармонбарию хомўшӣ фақат тарси ҷон маҷбур мекунад,- мегуфт ў ба онҳо,- Лекин магар аз ин гуна зиндагӣ марг беҳтар нест? Чаро мо бояд ба ин ҳама ранҷу азоб тоқат кунем? Биёед қиём мекунем, саркорону посбононро мекушему мегурезем.

– Ба куҷо?- мепурсиданд ғуломон.

– Ба биёбон,- ҷавоб медод Виркан.

– Охир, саворони Саид, сарбозони ҳоким аз думболи мо меафтанд, дастгирамон мекунанд, онгоҳ вой бар ҳоли мо!

– Магар бе ин ҳам, ҳозир ҳам «вой ба ҳоли мо» нест? Мо ба таъқибкунандагон муқобилат мекунем, о калтак, санг, мушт, дандон, бо ҳарчи ба дастамон ояд, меҷангем, оқибаташ ҳарчи бодо бод. Охир, ба сарафрозӣ мурдан дар ҷанг аз мурдан ба сархамӣ дар ин асорати нангин авлотар аст.

Чанде аз ғуломон тарафдори Виркан буданд, хусусан бародарзодаи ҷавони маликаи Бухоро Вағдварз ва дўсти ҷоноҷони худаш Ромтиш ўро гарму ҷўшон ҳаводорӣ мекарданд. Дигарон мекалавиданд. Суханони Вирканро маъқул медонистанд, лекин боз мекалавиданд. Ҳатто дар ғуломӣ ҳам ҷон ширин аст. Умеди беҳбудӣ дар бадтарин ҳол ҳам дили одамиро тарк намекунад…

54

Аммо рўзе аз рўзҳо корд ба устухон расид.

Яке аз шоҳзодагони Бухоро сахт бемор шуд. Шариконаш дар собот аз хошоку намад бистар сохта ўро хобонданд. Саҳар саркори ситампеша Ҳозим, ҳамон Деви Сурх, ҳозир гашта, тозиёна дар даст ба сари бемор рафт:

– Чаро хобидаӣ?

Рафиқони бемор гуфтанд,ки вай таби баланд дорад.

Дурўғ! Ҳила! Коргурезӣ!- дод зад Деви Сурх ва беморро аз мўяш кашида хезонданӣ шуд, хеста натавонист, ғалтид, Деви Сурх ўро лағад фуровард ва баъд тозиёна зад. Бемор аз дард тоб мехўрд, нолиш мекард. Ғуломон ба изтироб афтоданд, барошуфтанд. Виркан тоқат накард, ба Ҳозим дарафтод, ўро ғалтонда гулўяшро фишурд. Саркорон, посбонон ба мадади Ҳозим ва гирифтани Виркан шитофтанд.Вағдварз: «Занед ин сагонро!» гўён табар ба даст сўи он саркору посбонон давида буд, ки ҳамаи ғуломон муттаҳидона ба онҳо ҳамла карданд. Каланду тешаҳо. Белҳо, мушту лағадҳо ба кор даромаданд. Ҳозим ва боз ёздаҳ нафар саркору посбонон кушта гардиданд. Шамшеру ханҷару тозиёнаҳои онон ба дасти ғуломон ғанимат афтоданд, фақат як нафар посбони савор гурехта ҷонашро халос кард. Виркан ба тўдаи исёнгарон:

– Бародарон! Рафтем ба бўстонсаро! Он ҷо саркори калон ҳанўз зиндааст!- гўён хитоб намуда, издиҳоми ошуфтаву ғазабнокро сўи қасри тобистонии Саид бинни Усмон раҳнамун гашт.

(Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.